Шарикон ва ҳамкорони мӯҳтарам!

Ба маълумоти шумо мерасонем, ки баъди беш аз 25 соли фаъолият дар Тоҷикистон, Бунёди «Ҷомеаи Кушода» дар бораи бастани Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ҳамчун натоиҷи дигаргунсозиҳои фарогир ва трансформатсияе, ки аз соли 2021 барои бозбинии авлавиятҳои фаъолияти худ ва таҷдиди сохтори беш аз 20 бунёди миллии ниммустақил дар саросари ҷаҳон бо татбиқи муносибати нави минтақавӣ оғоз ёфта буд, тасмим гирифт.

Дар робита ба ин, Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон қабули дархостҳоро барои лоиҳаҳои грантӣ қатъ мекунад.
Уҳдадориҳои пардохтҳо дар чорчӯбаи грантҳои амалкунанда сари вақт иҷро карда мешаванд.

Барои ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум сипосгузорем!

Дар бораи мо
Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон.

Як қатор ташаббусҳоро барои пешбурди системаҳои маориф ва тандурустӣ, фарогирии иҷтимоӣ-иқтисодӣ, шаффофияти молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо амалӣ менамояд.

Дар бораи мо

Барномаҳо

Бунёд грантҳоро дар асоси принсипҳои шаффофият, воқеъбинӣ ва адолат пешниҳод менамояд

Ахборот

Ҷорҷ Сорос
Соли 1979 Ҷорҷ Сорос аввалин Бунёди Ҷамъияти Кушода дар Иёлоти Муттаҳидаро таъсис дод.

Ҷорҷ Сорос дар Маҷористон замоне ба синни балоғат расид, ки ин кишвар майдони набард барои хунинтарин даргириҳои низомии садаи бистум буд. Таҷрибаҳои шахсӣ аз ин низоъ, аз ҷумла хушунат, ишғоли хориҷӣ, антисемитизм ва дигар шаклҳои таҳаммулнопазирӣ, инчунин шавқу ҳаваси шахсӣ ба фалсафа, тафаккури Соросро дар солҳои баъдӣ шакл доданд ва ба муваффақият дар фалсафа ва хайрхоҳӣ мусоидат карданд.

Википедия

Озмунҳо

до
Активный
Подробнее