Эълони тендер барои чопи фотоалбом

2022-08-26 09:42:18

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди  Мадад дар Тоҷикистон барои чопи фотоалбом тендер эълон менамояд

Талабот барои чопи албом:

формат: 60 х 100 1/8  (24 см х 29 см)

ҳаҷм: 38 п/л (304) саҳифа

адади нашр – 500 нусха

муқоваи сахт: (ГОСТ №7).

Блоки дохилӣ:

қоғази табошир, сафедиаш на кам аз 98%, зичиаш – 130 г/ м офсетии 80 гр.

рангорангии чоп – 4 + 4 (чопи пурраранг)

муқоваи дӯхташудаи блоки дохилӣ

Муқова:

картони махсус барои қуттӣ, ғафсиаш 2,5 мм

рӯйпуш – қоғаз 250 г/м2   (4+0)

лаки намоён

бурриши тиллоранг

Форзатс:

қоғази сиёҳкарда (тонированная) – офсетӣ 150 г/м2

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд:

- маҷмӯи ҳуҷҷатҳои бақайдгирии расмӣ бо нишондоди суратҳисоби ташкилот, инчунин бо ишораи шахсе, ки ҳуқуқи имзои шартномаро дорад;

- пешниҳоди тиҷоратӣ бо нишондоди шарту тартиби иҷрои (поставка) фармоиш, арзиш ва мӯҳлати пешниҳоди фармоиш (бо замимаи буҷети муфассал);

- акси намунаҳои маҳсулоти чопкардаи довталаб (на камтар аз ду нусха).

Лифофаи баста бо навиштаи «Озмун барои чопи фотоалбом» то 16.00, 05 сентябри 2022с. бояд ба суроғаи: ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1, (бинои Маркази тиҷоратии Бохтар), ошёнаи 4-ум, ба қуттии махсуси мукотиба дар назди даромадгоҳи идора андохта шавад, ва ё ба почтаи электронии osiaf@osiaf.tj пешниҳод карда шавад. 

Барои маълумоти иловагӣ бо почтаи электронии osiaf@osiaf.tj ва ё рақами моб: 989996619 муроҷиат намоед.

Ҳуҷҷатҳое, ки баъди муҳлати муқарраршуда пешниҳод мешаванд ва ё номукаммаланд, баррасӣ намешаванд. Довталабон дар бораи натоиҷи озмун хабардор карда мешаванд, сабабҳои рад шудани дархостҳо шарҳ дода намешаванд. Маводҳои пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.