Тандурустии ҷамъиятӣ

Тандурустии ҷамъиятӣ

Ҳамоҳангсози барнома: Фирдавс Рӯзиев -  firdavs.ruziev@osiaf.tj  

Барномаи тандурустии ҷамъиятии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар ҳамкорӣ ва шарикии зич бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва маорифи ҷумҳурӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ амал мекунад.

Мақсади барнома: Мустаҳкам намудани устувории иҷтимоӣ дар соҳаи тандурустӣ.

Равиши стратегӣ (ТҶ): Мустаҳкам намудани устувории иҷтимоии нигаҳдории тандурустӣ.  

Барномаи Тандурустии ҷамъиятӣ фаъолияти худро аз рӯи афзалиятҳои зерин амалӣ менамояд:

Тақвияти иқтидори системаи тандурустӣ дар соҳаи сиёсати стратегӣ ва танзимкунанда ва дар пешниҳоди хизматрасониҳои асосӣ дар соҳаи ёрии паллиативӣ барои калонсолон ва кӯдакон.

Беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии босифати солимии равонӣ ва пешбурди ҳуқуқҳои шахсони дорои маҳдудиятҳои рӯҳӣ, равонӣ, иҷтимоӣ, зеҳнӣ ва маърифатӣ.

Гузариш ба сиёсати маводи мухаддире, ки дар асоси равиши мутавозин бо ҳуқуқи инсон, саломатии ҷамъиятӣ, бехатарӣ ва ниёзҳои ҷомеаи зарардида мувофиқ аст.

Мақсади афзалияти Кӯмаки паллиативӣ, ин мусоидат ба рушди ёрии паллиативии педиатрӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таҳкими иқтидори системаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф дар соҳаи ёрии паллиативии калонсолон ва кӯдакон мебошад, ки нигаронида шудааст ба:

- Таҳияи усули самараноки пешниҳод намудани Ёрии паллиативии педиатрӣ, ошкорсозии барвақт ва мудохила ба кӯдакони ниёзманд;

-Мустаҳкам намудани низоми пешниҳод кардани Ёрии паллиативӣ дар шароити хона барои калонсолон ва кӯдакон.

-Мутобиқ гардонидани заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ёрии паллиативӣ ба калонсолон ва кӯдакон.

- Тақвияти иқтидори системаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф ҷиҳати таҳияи системаи ошкоркунии барвақт ва мудохила дар сатҳи КАТС (кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ) ва масъалаҳои деинститутсионализатсия ва дастгирии ташкилотҳое, ки ба кӯдакони дорои маҳдудият ёрӣ мерасонанд.

 - Фаъолият барои мусоидат намудан ба таҳкими барномаи ошкорсозии барвақт ва дахолат дар сатҳи КАТС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тариқи воситаи зерин равона шудааст:

- Ҳамоҳангсозии заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи мудохилаи барвақтӣ ва таҳсилоти фарогир.

Такмил намудани фаҳмиши консепсияи ҳуқуқи инсон дар соҳаи муҳофизати саломатӣ.

Фаъолият ба мусоидат намудан дар институтсионализатсияи равишҳои риояи ҳуқуқи инсон дар соҳаи тандурустӣ равона гардидааст;

Саҳмгузорӣ ба такмили масъалаҳои риояи ҳуқуқи инсон дар соҳаи тандурустӣ тавассути ҷорӣ намудани масъалаҳои зикргардида дар муассисаҳои таълимии тиббии ДДТТ, Коллеҷҳои тиббӣ ва Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб.

-Ҷорӣ намудани усули самараноки пешгирӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар

- Мусоидат намудан ба пешгирии ҳолатҳои ҷалб гардидани ҷавонон ба нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, тариқи таҳияи усули самараноки иҷтимоӣ, ки бештар ба минтақаҳои осебпазири ҷумҳурӣ муносиб мебошад.

- Омӯзонидани шахсони қарор қабулкунанда ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои ислоҳоти сиёсати маводи мухаддир, тариқи иштирок дар сафарҳои омӯзишӣ, тренингҳо ва конференсияҳо.

- Ҷорӣ намудани усули иҷтимоӣ, ки ба пешгирии хатари ба маҳбас афтодан аз ҷониби ҷавонон барои ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва сӯистеъмоли он, равона гардидааст.

- Ташаккул додани шароитҳо барои васеъ намудани хизматрасонии пешгирикунандаи ҷалбшавии ҷавонон ба нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ.