Дар бораи Бунёд

Институт «Открытое общество» – Фонд Содействия в Таджикистане является частью международной сети Фондов «Открытое общество», которые содействуют становлению и развитию демократических обществ, правительства которых подотчетны своим гражданам. Для достижения этой цели Фонды содействуют государственной политике, обеспечивающей справедливость в правовых и экономических сферах, и уважающие права человека. Фонды «Открытое общество» реализуют ряд инициатив по продвижению правосудия, образования, общественного здравоохранения и независимых СМИ. В то же время Фонды «Открытое общество» поддерживают международные инициативы, способствующие сокращению коррупции и продвижению свободы выражения и информации. Фонды «Открытое общество» уделяют первостепенное внимание защите и улучшению жизни маргинальных групп населения. Фонды “Открытое Общество” – это сеть независимых юридических лиц, которые решили работать вместе в рамках общей миссии. У каждого юридического лица имеется высший орган управления – Правление, которое выполняет независимо свои юридические обязанности и утверждает годовые бюджеты.

Вазифаи Бунёд:

Пешбурд, маъруфкунӣ ва ҳифзи принсипҳои ҷомеаи кушода ва шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути расондани кӯмаки башардӯстона ва эҳсонкорӣ.

Принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кушода:
Принсипҳои зерини ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кушода дар фаъолияти Бунёди мадад авлавият доранд:

• Пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳо, озодии афкор, дин, ҳифзи ҳуқуқи ақида ва баён.
• Ҳифзи баробарҳуқуқӣ, ҳифз аз ҳама намуд поймолкунии ҳуқуқ ва инчунин таъминкунии адолати гендерӣ.
• Рушди ваҳдат, таъминкунии сатҳи арзандаи зиндагӣ, тадурустӣ ва таҳсилоти дастрас, дастрасӣ ба таъминкунии иҷтимоӣ.
• Шаффофият ва зерҳисобияти бахши давлатӣ ва хусусӣ барои чомеаи шаҳрвандӣ.

Намудҳои кӯмакҳои башардӯстона ва эҳсонкорӣ:

• Кӯмаки молиявӣ дар шакли бурсҳо барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ барои иҷрои лоиҳаҳо, чорабиниҳо ва инчунин иштирок дар конференсияҳо;
• Пешниҳоди стипендияҳои академӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди таҳсилот дар донишгоҳҳои олии давлатҳои хориҷа;
• Кӯмаки техникӣ дар шакли тренингҳо, конференсияҳо, мизҳои мудаввар бо ҷалбкунии мутахассисони маҳаллӣ ва хориҷӣ;
• Кӯмаки машваратӣ дар шакли тадқиқотҳои гуногун, мониторингҳо ва баҳогузориҳои мушовирони маҳаллӣ ва хориҷӣ.

Арзишҳои мо:

  • Ҳуқуқҳои асосии инсон, манзалат ва волоияти қонун.
  • Ҷомеае, ки дар он ҳамагон метавонанд озодона дар ҳаёти мулкӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ иштирок намоянд.
  • Баробарҳуқуқии ҷинсӣ, динӣ ва нажодӣ.
  • Мо ба бартараф намудани нобаробарие, ки ба чанд самт, азҷумла нажод, табақа, ҷинс ва шаҳрвандӣ таъсир мерасонад, итминон дорем.
  • Кумак ба одамон ва ҷомеаҳо дар расидан ба тағйиротҳо аз номи худ.
  • Вокуниши фаврӣ нисбати таҳдидҳои ҷиддӣ ба ҷомеаи кушода.
  • Ҳалли масоили баҳсбарангез ва дастгирии қарорҳои боҷуръат ва навгонӣ, ки ба бартараф намудани сабабҳои аслӣ нигаронида шудаанд.
  • Эҳтироми афкори мухталиф.

Монеаҳо:
1) Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ғайридавлатии ананавӣ, фаъолони ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма торафт заиф мешаванд ва пайваста ба ин «фазои шаҳрвандӣ» камҳаракт мегардад – истеъдоди хештангароӣ, идоракунии мустақили фаъолияти бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ;
2) Иқтисодиёт заиф боқӣ мемонад,  аз муҳоҷирати меҳнади вобастааст ва шумораи аҳолии аз нигоҳи иқтисодият камфаъол афзоиш меёбад.;
3) Ба таъхир афтодани иҷрои ислоҳот (ва камсамарии онҳо), ки ба тағйиротҳо дар ҷомеа мусоидат мекунанд, вобаста ба воридот ба буҷаи давлат.

Ҳадафҳои стратегӣ:
1. Ҳифзи ҳуқуқҳои ва озодиҳои асосӣ, ва инчунин фазои шаҳрвандӣ тавассути:

• дастгирии ташкилотҳои ҳомии ҳуқуқ;
• мусоидат ба озодии баён;

2. Такмили босуботии иҷтимоӣ дар соҳаи таҳсилот ва тандурустии ҷамъиятӣ, тавассути:
• такмили соҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон;
• пешбурди адолат ва баробарӣ дар таҳсилот;
• такмили соҳаи тандурустӣ ва ҳуқуқ.

Барномаҳои Бунёд:

• Барномаи “Ҳуқуқ, шаффофият ва зерҳисобият”

• Барномаи “Дастрасӣ ба иттилоот ва медиа”

• Барномаи “Идоракунии молияи давлатӣ”

• Барномаи “Фарҳанг ва фаъолнокии иҷтимоӣ”

• Барномаи “Таҳсилоти олӣ ва стипендияҳо”;

• Барномаи “Дастгирии таҳсилот”

• Барномаи “Инкшофи барвақтии кӯдакон”

• Барномаи “Тандурустии ҷамъиятӣ”

• Барномаи “Рушди иқтисодӣ”

Гурӯҳи мақсаднок барои фаъолият ва ҳамкорӣ:

Занҳо, одамони имкониятҳои маҳдуддошта, муҳоҷирони баргашта, ҷавонон, фаъолони шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ.

Тамос бо мо:

к.Бохтар 37/1, Маркази кории “Бохтар”, Душанбе, 734000, Тоҷикистон.

Тел: (992 372) 227-07-16, 227-07-49, 227-55-58

Почтаи электронӣ: osiaf@osiaf.tj

www.osiaf.tj