Дар шаҳри Душанбе рӯнамоии китоби «Ҷомеаи кушода ва рақибони он” (рус. «Открытое общество и его враги»), ки ба 75 солагии нашри асари илмӣ бахшида шудааст, баргузор гардид. Китоби мазкур ба садгонаи беҳтарин асарҳои илмии асри XX дар соҳаи фалсафаи сиёсӣ шомил шудааст, ки идеяҳои демократияи либералиро пеш бурда сарчашмаҳои зеҳнии тоталитаризмро зери интиқод қарор медиҳад. К.Поппер даъвоҳои донистани «қонунҳои объективӣ» -и таърих ва дигаргунсозии куллии ҷомеаро дар «асоси илм» танқид мекунад. Дар китоб рушди ғояҳои демократияи "ҷомеаи кушода" аз замонҳои қадим, муфассал баррасӣ шудаанд.
«Ҷомеаи кушодаи» Поппер — ин ҷомеае мебошад, ки дар он ягон нишондоди бехатои зеҳнӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ҷой надорад. Ҳамаи одамон, муассисаҳо, идеяҳо, амалҳо ва сиёсатҳо метавонанд мавриди интиқоди оқилона қарор гиранд. «Аммо агар бихоҳем, ки инсон боқӣ монем, дар назди мо фақат як роҳ аст – роҳ ба сӯи ҷомеаи кушода. Мо бояд ҳаракатамонро ба сӯи номаълумӣ ва хатар бо истифодаи ақле, ки дороии мост, идома бидиҳем, то ки амнияти худамонва ҳамзамон озодиамонро то ҳаддалимкон ба нақша гирем» менависад К. Поппер дар ҷилди якуми китобаш.
Поппер таъкид мекунад, ки ҳеҷ як шахс ё гурӯҳе, идея ё фикре наметавонанд даъвои соҳиби ҳақиқат буданро кунанд. Ҳақиқат танҳо тавассути илм дарк карда мешавад, аммо ҳеҷ гоҳ ба он ноил шудан имкон надорад. Илм бо тағйироти пайдарҳам, ба мисли либерализм, беҳтар ва беҳтар мешавад. Илм бар озмоиш ва иштибоҳ асос ёфтааст; ба монанди илм, либерализм низ ислоҳот, тағйироти пайдарҳам, озмоиш ва хаторо дифоъ мекунад. Вазифаи либерализм коҳиш додани бадиҳост, на ба ҳадди максималӣ расонидани некӣ: "... либерализм ба дуализми далелҳо ва меъёрҳо ба он маъно асос ёфтааст, ки тарафдорони он ҳамеша мекӯшанд, ки ҳама меъёрҳои беҳтаринро пайдо кунанд, алахусус дар соҳаи сиёсат ва қонунгузорӣ "(Ҷилди 2.).
Китоби К. Поппер аз ҷониби олими маъруфи тоҷик – профессор Рамазон Назариев ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст. Дар таҳрири китоб профессор Баҳриддин Камолиддинов ва Иззатманд Саломов ширкат варзиданд.
Ба гуфтаи Рамазон Назариев дар Тоҷикистон, таваҷҷӯҳ ба ғояҳои иҷтимоӣ-фалсафии Поппер ва "ҷомеаи кушода" - и ӯ ҳанӯз кам аст. "Таълимоти" ҷомеаи кушод "-и Поппер бо тасдиқи арзиши озодии инсон ва низоми демократии ҷомеа метавонад ба пешрафти иҷтимоӣ мусоидат кунад. «Ҷамъияти кушода" дарвоқеъ як модели фасеҳ аст, ва метавонад бо ҷузъҳои анъанавии ҳаёти иҷтимоӣ - сиёсии кишвари мо ҳамроҳ карда шавад» - қайд мекунад профессор.
Инчунин, дар чорабинӣ корҳои рассомони ҷавону муосир, ки ба арзишҳои ҷомеаи кушода бахшида шудаанд, рӯнамоӣ карда шуданд.
Намоиш дар меҳмонхонаи Серена то 15 феврал идома меёбад.