Дар бораи Бунёд

Дар бораи Бунёд

Бунёдҳои «Ҷамъияти Кушода»

Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон қисми шабакаи байналмилалии Бунёдҳои «Ҷамъияти Кушода» мебошад, ки ба барпокунӣ ва рушди ҷомеаҳои демократии зертобеи шаҳрвандони худ мусоидат мекунад. Барои расидан ба ин ҳадаф Бунёдҳо ба сиёсати давлатие мусоидаӣ мекунанд, ки дар соҳаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ адолатро таъмин намуда, ба ҳуқуқҳои инсон арҷ мегузорад.
Бунёдҳои «Ҷамъияти Кушода» як қатор ташаббусҳоро оид ба пешбурди адлия, таҳсилот, тандурустии ҷамъиятӣ ва ВАО – и мустақил иҷро мекунанд.  Ҳамзамон, Бунёдҳои «Ҷамъияти Кушода» ташаббусҳои байналмилалиро дастгирӣ менамояд, ки ба пешгирии коррупсия ва пешбурди озодии баён ва иттилоот мусоидат мекунанд.
Диққати асосиро Бунёдҳо ба ҳифз ва беҳдошти зисти гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ медиҳанд.
Бунёдҳои “Ҷамъияти Кушода” – ин шабакаи шахсони ҳуқуқӣ мебошанд, ки барои кор дар чорчӯбаи ҳадафи ягона тасмим гирифтаанд. Ҳар як шахси ҳуқуқӣ мақоми олии роҳбарикунанда – Раёсат дорад, ки мустақилона ӯҳдадориҳои ҳуқуқиашро иҷро намуда буҷетҳои солонаро тасдиқ мекунад.

Вазифаи Бунёд:

Пешбурд, маъруфкунӣ ва ҳифзи принсипҳои ҷомеаи кушода ва шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути расондани кӯмаки башардӯстона ва эҳсонкорӣ.

Принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кушода:
Принсипҳои зерини ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кушода дар фаъолияти Бунёди мадад авлавият доранд:

• Пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳо, озодии афкор, дин, ҳифзи ҳуқуқи ақида ва баён.
• Ҳифзи баробарҳуқуқӣ, ҳифз аз ҳама намуд поймолкунии ҳуқуқ ва инчунин таъминкунии адолати гендерӣ.
• Рушди ваҳдат, таъминкунии сатҳи арзандаи зиндагӣ, тадурустӣ ва таҳсилоти дастрас, дастрасӣ ба таъминкунии иҷтимоӣ.
• Шаффофият ва зерҳисобияти бахши давлатӣ ва хусусӣ барои чомеаи шаҳрвандӣ.

Намудҳои кӯмакҳои башардӯстона ва эҳсонкорӣ:

• Кӯмаки молиявӣ дар шакли бурсҳо барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ барои иҷрои лоиҳаҳо, чорабиниҳо ва инчунин иштирок дар конференсияҳо;
• Пешниҳоди стипендияҳои академӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди таҳсилот дар донишгоҳҳои олии давлатҳои хориҷа;
• Кӯмаки техникӣ дар шакли тренингҳо, конференсияҳо, мизҳои мудаввар бо ҷалбкунии мутахассисони маҳаллӣ ва хориҷӣ;
• Кӯмаки машваратӣ дар шакли тадқиқотҳои гуногун, мониторингҳо ва баҳогузориҳои мушовирони маҳаллӣ ва хориҷӣ.

Арзишҳои мо:

  • Ҳуқуқҳои асосии инсон, манзалат ва волоияти қонун.
  • Ҷомеае, ки дар он ҳамагон метавонанд озодона дар ҳаёти мулкӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ иштирок намоянд.
  • Баробарҳуқуқии ҷинсӣ, динӣ ва нажодӣ.
  • Мо ба бартараф намудани нобаробарие, ки ба чанд самт, азҷумла нажод, табақа, ҷинс ва шаҳрвандӣ таъсир мерасонад, итминон дорем.
  • Кумак ба одамон ва ҷомеаҳо дар расидан ба тағйиротҳо аз номи худ.
  • Вокуниши фаврӣ нисбати таҳдидҳои ҷиддӣ ба ҷомеаи кушода.
  • Ҳалли масоили баҳсбарангез ва дастгирии қарорҳои боҷуръат ва навгонӣ, ки ба бартараф намудани сабабҳои аслӣ нигаронида шудаанд.
  • Эҳтироми афкори мухталиф.

Монеаҳо:
1) Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ғайридавлатии ананавӣ, фаъолони ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма торафт заиф мешаванд ва пайваста ба ин «фазои шаҳрвандӣ» камҳаракт мегардад – истеъдоди хештангароӣ, идоракунии мустақили фаъолияти бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ;
2) Иқтисодиёт заиф боқӣ мемонад,  аз муҳоҷирати меҳнади вобастааст ва шумораи аҳолии аз нигоҳи иқтисодият камфаъол афзоиш меёбад.;
3) Ба таъхир афтодани иҷрои ислоҳот (ва камсамарии онҳо), ки ба тағйиротҳо дар ҷомеа мусоидат мекунанд, вобаста ба воридот ба буҷаи давлат.

Ҳадафҳои стратегӣ:
1. Ҳифзи ҳуқуқҳои ва озодиҳои асосӣ, ва инчунин фазои шаҳрвандӣ тавассути:

• дастгирии ташкилотҳои ҳомии ҳуқуқ;
• мусоидат ба озодии баён;

2. Такмили босуботии иҷтимоӣ дар соҳаи таҳсилот ва тандурустии ҷамъиятӣ, тавассути:
• такмили соҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон;
• пешбурди адолат ва баробарӣ дар таҳсилот;
• такмили соҳаи тандурустӣ ва ҳуқуқ.

Барномаҳои Бунёд:

• Барномаи “Ҳуқуқ, шаффофият ва зерҳисобият”

• Барномаи “Дастрасӣ ба иттилоот ва медиа”

• Барномаи “Идоракунии молияи давлатӣ”

• Барномаи “Фарҳанг ва фаъолнокии иҷтимоӣ”

• Барномаи “Таҳсилоти олӣ ва стипендияҳо”;

• Барномаи “Дастгирии таҳсилот”

• Барномаи “Инкшофи барвақтии кӯдакон”

• Барномаи “Тандурустии ҷамъиятӣ”

• Барномаи “Рушди иқтисодӣ”

Гурӯҳи мақсаднок барои фаъолият ва ҳамкорӣ:

Занҳо, одамони имкониятҳои маҳдуддошта, муҳоҷирони баргашта, ҷавонон, фаъолони шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ.

Тамос бо мо:

к.Бохтар 37/1, Маркази кории “Vefa”, Душанбе, 734000, Тоҷикистон.

Тел: (992 372) 227-07-16, 227-07-49, 227-55-58

Почтаи электронӣ: osiaf@osiaf.tj

www.osiaf.tj

 

Директори иҷрояи Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

Илҳом Абдуллоев дар ҳоли ҳозир Директори иҷрояи Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мебошанд.
Ҳамзамон Илҳом Абдуллоев мушовири Бонки ҷаҳонӣ ва тадқиқотчии Институти аврупоии омӯзиши захираҳои меҳнатӣ ҳастанд.
Ӯ инчунин ба сифати иқтисодчии Агентии давлатии омори ҶТ, ҷонишини сардори шуъбаи равобити байналмилалии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, ҳамоҳангсози барномаи рушди иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, Менеҷер оид ба бурсҳо ва Директори барномаҳои дастгирии соҳибкории навташкил ва фарҳанг ва ҳунар дар Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон кор кардааст.
Илҳом Абдуллоев Раиси Шӯрои назоратии Ҷамъияти Саҳҳомии шакли пӯшидаи Ташкилоти қарздиҳии депозитии «Ҳумо» мебошанд.
Илҳом Абдуллоев дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (кафедраи «Равобити байналмиилалии иқтисодӣ», 2006-2009) дарс додаанд ва собиқ ёрдамчии профессори Донишгоҳи Ратгерс (факултети Иқтисодиёт, ИМА, 2011-2013) мебошанд.
Илҳом Абдуллоев соҳиби дараҷаи илмии Доктори иқтисоди (PhD) Донишгоҳи Ратгерс (ИМА), ва дараҷаи Магистри донишгоҳи Сент-Эндрюс (Бритониёи Кабир) ҳастанд.
Диссертатсияҳои ӯ сарфарози ҷоизаҳои Донишгоҳи Ратгерс — Алфред Эйшнер ва Монро Берковитс гаштаанд.
Илҳом Абдуллоев аъзо-кореспонденти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС