Раёсат

Раёсат

 

 

 

 

 

 

 

 

 Алмаз Сайфутдинов 

Раиси Раёсат

Мутахассиси масоили иқтисод ва савдои назди сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон.

Ҷ-би Сайфутдинов портали Ахбори Иқтисодии Тоҷикистонро созмон додаанд, ки яке аз гурӯҳҳои фаъолтарини Фейсбук дар кишвар ба ҳисоб меравад. Бо наздики 8000 узв, ки дар байнашон иқтисодчиён, бизнес – роҳбарон, мутахассисони соҳаи молия, сармуягузорон ва мақомдорони давлатӣ ҳастанд, гурӯҳ ба манбаи асосии иттилооти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, ахборот, ҳисоботҳои таҳлилӣ ва инчунин ба макони муҳокимаҳои гуногун табдил ёфтааст.

Пештар ҷ-би Сайфутдинов ба ҳайси Муовини менеҷер дар Бунёди Оғохон оид ба Рушди Иқтисодӣ дар Тоҷикистон кор кардаанд. Фаъолияти касбиашонро соли 1996 ба сифати Муовини Менеҷер дар лоиҳаи хусусигардонии корхонаҳои хурду миёна, ки аз ҷониби Агентии ИМА доир ба Рушди Байналмилалӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, оғоз кардаанд. Ҷ-би Сайфутдинов соҳиби дараҷаи бакалаври ҳунари Донишгоҳи Давлатии Педагогии Душанбе ва магистри идоракунии соҳаи рушди Донишгоҳи Мичигани Ғарбӣ (соли 2002) мебошанд. Ӯ муаллифи мақолаҳои доир ба масоили иқтисод ва савдо дар ВАОи чопӣ ва шабакавии Тоҷикистон мебошанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Доктор Рамазон Назариев 

узви раёсат

профессори Донишгоҳи давлатии педагогии Тоҷикистон (ДДПТ) ба номи С.Айнӣ, инчунин мутахассис оид ба равобити Институти таҳқиқотҳои исмоилияи Бритониёи Кабир дар Душанбе, корманди илмии Институти фалсафа, илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва узви комитети диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд.

Профессор Назариев пештар ба ҳайси тарҷумони забони арабӣ дар ширкатҳои шуравӣ-русӣ дар Ливия (1983-1984), Яман (1985-1989) ва Сурия (1994-1995) кор кардаанд.

 Фаъолияти кориашонро соли 1997 аз аспирантура дар ДДПТ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз кардаанд, ва ҳамзамон диссертатсияи номзадиро (2000), ва (2011) докториро ҳифз намудаанд. Лоиҳаҳои таҳқиқотии ҷории профессор Назариев ба фалсафаи илм, таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ нигаронида шудаанд.

Ӯ муаллиф ва муҳаррири 3 монография, яке аз муҳаррирони 4 китоб ва беш аз 75 мақола дар ин мавзӯҳо дар маҷаллаҳо ва маҷмӯҳои фалсафӣ мебошанд.

Профессор Назариев соҳиби грантҳои агентиҳои мухталифи маблағгузор шудаанд, аз ҷумла Бюрои давлатии оид ба таҳсилот ва фарҳанги назди Департаменти давлатии ИМА (солҳои 2006-2007 – Барномаи инкишофи муаллимони хурд ва солҳои 2013-2014 – Барномаи Фулбрайт), Бунёди дастгирии ҷомеаи кушода RSS (2005, 2018- 2019).

Ба ҳайси мудири кафедраи фалсафа кор кардаанд (2011-2013). Соли 2006 соҳиби дараҷа дотсент, ва соли 2013 унвони профессор гаштаанд. Бо унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2011) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ордени Пётри Кабири Акадамияи илмҳои  табии Руссия (2016) сазовор гаштаанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Гулнора Бекназарова

узви раёсат

Ҷомеашинос, узви Шӯрои Директорони Zerkalo-Analytics Group

Бекназарова Г. узви гурӯҳи кории гендерии Комитети кор бо занон  ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз сли 2013 то 2018 директори “Z-Analytics” буданд. Аз соли 2018 то 2013? роҳбари Шуъбаи таҳқиқотҳои Маркази тадқиқотҳои сотсиологии «Зеркало» буданд. Маълумоти олиро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 1994 соҳиб шудаанд. Дараҷаи магистрро дар Донишгоҳи Гуманитарии Аврупоӣ соли 2003 ба даст овардаанд ва соли 2007 диссертатсияи номзадиро аз рӯи ихтисоси фалсафаи иҷтимоӣ ҳифз кардаанд. Бекназарова Г. муаллифи як қатор мақолаҳо ва нашрҳо оид ба сотсиология мебошанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Малика Додоева 

узви раёсат

директори ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони пешсаф» (Панҷакент, Тоҷикистон) мебошанд. Пештар ба ҳайси муаллимаи математика кор мекарданд. Фаъолияти кориашонро соли 1985 ба сифати муаллимаи математика дар мактаби таҳсилоти умумӣ оғоз кардаанд. Аз моҳи июни соли 2000 то марти соли 2005 ҳамчун сардори ҷамоати Колхозчиёни (ҳозира Лоиқ Шералӣ) ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд кор мекарданд.

Малика Додоева соли 2014 ТҒД «Ҷавонони пешсаф» - яке аз ташкилотҳои фаъоли Тоҷикистонро таъсис додаанд, ки бо пешгирии таҷовуз дар оила ва ифротгароӣ машғул аст. Додоева М. дар конференсияҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок кардаанд:

 «Пешгирии ифротгароӣ ва терроризм». Истамбул, Туркия (23-28 июни соли 2015)

 «Муқовимат ба ифротгароӣ», Остона, Қазоқистон (29-30 июни соли 2015)

Ҳамоиши СММ «Муқовимат ба ифротгароӣ» (28-30 сентябри соли 2015)

 «Конференсияи байналмилалии илмӣ – таҳқиқотии CVE» дар Абу-Даби (04-09 декабри соли 2015).

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Рустам Гулов

узви Раёсат

Мутахассис оид ба расонаҳои нав/Медиа-тренери Internews Network дар Тоҷикистон. Ӯҳдадориҳои асосии ӯ аз ташкилкунӣ ва гузарондани бозомӯзиҳо доир ба онлайн журналистика, нашри маводҳо дар сомонаи “Новый репортёр”, ҳамоҳангсозии баргузории онлайн чорабиниҳо доир ба расонаҳо дар Тоҷикистон ва фаъолияти дигар, ки ба такмили сатҳи дониши журналистони Тоҷикистон дар бораи расонаҳои нав нигаронида шудааст, иборат мебошанд.

Ба ғайр аз ин ҷ-би Гулов муассис ва маъмури Блогпортали Blogiston.tj – нахустин майдони мустақил барои блогерони тоҷик, ва сомонаи Alifbo.com ҳастанд, ки ба такмили сатҳи дониши журналистон ва блогерон оид ба трендҳои нав ва технологияҳои онлайн журналистика ва блоггинг нигаронида шудааст. Ҳар ду платформаи номбурда дар сегменти тоҷикӣ ҳамто надоранд.

Ҷ-би Гулов инчуни соҳиби таҷрибаи кор дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ҳастанд, ки аз ташкилкунӣ ва гузарондани мониторингҳои риояи ҳуқуқи инсон оид ба мавзӯҳои мухталиф, гузарондани тренингҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва усулҳои омӯзиши интерактивӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, иборат мебошад.

Ҷ-би Гулов фаъолияти касбиашонро соли 2008 ба сифати ассистенти ҳамоҳангсози лоиҳаи доир ба ҳифзи ҳуқуқи ҷавонони ба аскарӣ даъватшаванда дар ТҶ “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон “Ампаро”” оғоз кардаанд. Муддати фаъолияти касбиашон инчунин соҳиби таҷрибаи кор бо ташкилотҳои байналмилалӣ гаштаанд.

Ҷ-би Гулов соҳиби маълумоти олии иқтисдӣ дар соҳаи менеҷмент мебошанд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, соҳибкорӣ ва сиёсатро дар соли 2010 хатм кардаанд. Ӯ ҳамчунон иштирокчии Advanced Program in Law and Economics дар Riga Graduate School of Law (Рига, Латвия, 2015)ҳастанд.

Имрӯз фаъолияти касбии ҷ-би Гулов, пеш аз ҳама ба рушди бахши медиаи Тоҷикистон, ҳамчун воситаи асосии таъминкунии озодии баён ва пешбурди демократия нигаронида шудааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Умед Қаландаров

узви раёсат

Соҳиби дараҷаи Бакалавр ва Магистри соҳаи ҳуқуқ. Хатмакардаи факултети ҳуқуқи Донишгоҳи Дӯстии Халқҳои Россия дар шаҳри Москва, соли 2003.  Соҳиби таҷрибаи 12 солаи кор бо ICNL оид ба беҳдошти фазои қонунгузорӣ барои институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ 

Аз соли 2011 ба ҳайси директори филиали ICNL дар Тоҷикистон кор мекунанд. Дорои таҷрибаи кор оид ба тайеркунии таҳлили қонунгузории ҶТ ҳастанд, дар таҳия ва коркарди лоиҳаҳои қонунҳои мухталиф, алалхусус, Кодекси андоз, Қонун “Дар бораи институти Омбудсмен”, Қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ва қонуну санадҳои дигари танзимкунандаи фаъолияти ТҒТ иштирок кардаанд. 

Умед муаллифи як қатор мақолаҳо ва корҳо оид ба ҷанбаҳои мухталифи ҳуқуқии фаъолияти ТҒД дар Тоҷикистон ҳасанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Гулнора Разикова

 узви раёсат

- мутахассиси соҳаи тандурустӣ, маъмури таҷрибадори дорои 20 соли собиқаи корӣ буда, ки аз он 10 солаш дар идоракунии лоиҳаҳои бахши тандурустӣ сарфа гардидааст. Айни замон, ба ҳайси муовини Роҳбари Лоиҳа оид ба саломатӣ ва ғизо дар доираи ташаббуси Ҳукумати ИМА (USAID/THNA) фаъолият менамояд. 

Бояд хотиррасон намуд, ки доктор Г.Разикова дониш ва малакаҳояшонро на танҳо дар бахши хусусӣ балки дар бахши давлатӣ низ амалӣ намудааст. Дар ин асно, ҷиҳати расидан ба ҳадаф ва тақвияти рушди соҳаи тандурустӣ, дар таҳия ва коркарди ҳуҷҷатҳои стратегии соҳа аз он ҷумла, ислоҳоти иҷтимоии тандурустӣ дар сатҳи ёрии тиббии санитарӣ барои беморони Сил ва ВНМО, саломатии модар ва кӯдак, рушди сохтори тандурустӣ, коркарди нақшаи фаъолияти кишвар оид ба иҷрои «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2020» идоракунии захираҳои тандурустӣ, рушди тибби оилавӣ ва татбиқи муносибатҳои расондани ёрии тиббӣ аз рӯи додаҳои воқеъӣ саҳми арзанда гузоштааст. 

Г. Разикова маълумоти ибтидоии худро дар қаламрави кишвар соҳиб гардида, баҳри тақвият бахшидани дониш аз донишгоҳҳои бонуфузтарини Федератсияи Россия, ИМА ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон истифода бурдааст.

Фаъолияти кории худро дар зерсохторҳои Созмони Милали Муттахид (UN) аз соли 1996 оғоз намуда то ин ҷониб дар БРСММ (UNDP),  Барномаи СММ оид ба ҷинояткорӣ ва маводи мухаддир (UNODC), Вазорати рушди ҳамкории Британия Кабир (DFID), Лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд (ADB),  Бонки умумиҷаҳонӣ (WB) ва Агентии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) кор ва фаъоляит намудааст.

Қобили қайд аст, ки маҳз дар давраи фаъолияти у баҳри рушди тибби хусусӣ ва таҷрибаи он дар қаламрави кишвар Г. Разикова аз аввалинҳо шуда, дар бунёд ва таъсиси Беморхонаи байналмилалӣ «Проспект Душанбе» саҳмгузор шуда, дар муддати 13 соли охир омили калидии рушди он ба ҳисоб меравад. Дар ин самт, ҳамаи хизматрасониҳои мизоҷиро идора ва ҳамоҳангсозӣ карда, музокироту мулоқотро бо мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ роҳандозӣ менамояд. Номбурда, инчунин малакаҳои идоракунии барномаҳо, ҳамоҳангсозӣ, ки аз банақшагирӣ, таҳияи буҷа ва мониторинги молиявӣ иборат мебошанд, доро мебошад.

Дорандаи дараҷаи доктори илмҳои тибб (Москва, Россия) ва дипломи МВА Донишгоҳи Штайнбейс, Берлин мебошад. Муаллифи беш аз 10 мақолаи илмӣ дар соҳаи тадқиқоти тиббӣ, аз он ҷумла 2 монография.

                                                                            

   

 

 

 

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС