Дастгирии идораи молияи давлатӣ

Дастгирии идораи молияи давлатӣ

Директори барнома:  Диловар Мунавваров – dilovar.munavvarov@osiaf.tj
Ҳамоҳангсози барнома: Манучеҳр Камолиддинов – manuchehr.kamoliddinov@osiaf.tj

Маълумоти умумӣ:
Барномаи  “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон” яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби Вазорати Рушди байналмилалии Бритониёи Кабир маблағгузорӣ мешавад.

Иҷрои барнома мавриди ҳамкории зич бо муассисаҳои давлатӣ, ТҒД, сохторҳои тиҷоратӣ, доираҳои академӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ сурат мегирад.

Ҳадафи барнома:
Баланд бардоштани сатҳи пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, такмили сатҳи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва зерҳисобият.

Стратегияи барнома:
Стратегияи аз расондани кумак ба тамоми раванди исҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон, тайёркунии иштирокчиёни баландихтисоси муносибатҳои бозаргонӣ, мусоидат  ба ташаккули инфрасохтори иқтисодии босубот ва самаранок дар кишвар, бо мақсади беҳдошти зиндагии шаҳрвандони кишвар, иборат мебошад.

Барномаи  “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон” аз авлавиятҳои барномавии зерин иборат мебошад:

I. Авлавияти «Иштироки шаҳрвандон дар раванди буҷетӣ ва ташаккули неруи мувофиқ»
• Такмили неруи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи ИМД ва мониторинги равандҳои буҷетӣ

II. Авлавияти «Такмили неруи ВАО дар масоили ИМД ва масоили дигари молиявӣ, инчунин такмили сатҳи рунамоии масъалаҳои мазкур дар ВАО»
• Такмили зерҳисобияти пешниҳоди хизматрасониҳои ҷамъиятие, ки тавассути беҳдошти пешниҳоди дастрасии аҳли ҷомеа ба иттилоот ифода меёбанд, инчунин рунамоии иттилооти молиявӣ ва буҷетӣ дар ВАО
III. Авлавияти «Мусоидат дар баргузории тадқиқотҳои таҳлилии мустақил бо ҷалби ҷомеаи академӣ»
• Такмили неруи ҷомеаи шаҳрвандӣ (азҷумла, таҳлилгарони ҷавон ва мустақил)
• Такмили маълумотнокии аҳолӣ

Дархостҳои лоиҳавӣ барои иштирок дар иҷрои самтҳои афзалиятноки барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон” танҳо дар чорчубаи озмунҳои расман эълоншуда қабул карда мешаванд.

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС