Рушди иқтисодӣ

Рушди иқтисодӣ

Директор: Абидҷонова Нигора – nigora.abidjanova(at)osiaf.tj

Ҳамоҳангсоз:  Георгий Гридилян – georgiy.gridilyan@osiaf.tj

Ҳадаф: Мусоидат  ба рушди иқтисодии фарогир ва шуғл миёни табақаи осебпазири аҳолӣ, инчунин муҳоҷирони бозгашта, занон, ҷавонон ва одамони имкониятҳои маҳдуддошта.

Авлавиятҳо:
1. расондани кумак ба муҳоҷирони бозгашта мавриди ҳамкории институтҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;
2. дастрасӣ ба хизматрасониҳои кредитӣ ва молиявӣ баҳри рушди шуғли аҳолӣ.

1. Ҷалбкунии иқтисодӣ ва иҷтимоии муҳоҷирони бозгашта , нигаронида шудааст ба:
• Рушди системаи иттилоотии ҷустуҷӯи кор;
• Кумак ба муҳоҷирони бозгашта барои оғозкунии соҳибкорӣ;
• Ташаккули моделҳое, ки барои муҳоҷирони бозгашта дар дастрасӣ ба машваратҳои тиббӣ, табобат ва инчунин такмили маълумотнокии онҳо мусоидат мекунанд;
• Мусодат дар валидатсия ва формализатсияи малакаҳое, ки дар рафти таҳсилоти ғайрирасмӣ ба даст оварда шудаанд;
• Мусоидат дар дарёфт намудани донишҳои касбӣ.

2. Дастрасӣ ба хизматрасониҳои кредитӣ ва молиявӣ баҳри рушди шуғли аҳолӣ иборат аст аз:
• Мусоидат дар ташаккули фонди замонатҳои қарзӣ;
• Мусоидат дар ташаккули системаи ҳавасмандгардонии шуғл миёни аҳолӣ;
• Рушди соҳибкории иҷтимоӣ.

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС