Стипендия дар соҳаи ҷомеаи шаҳрвандӣ 2021
Мӯҳлати охирон барои қабули дархостҳои барнома: 22 июли соли 2020
Стипендия барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ (CSSA) ба докторантҳо ва устодони донишгоҳҳо дар татбиқи лоиҳаҳои илмӣ, ки таҳқиқоти иҷтимоӣ ва интиқодиро дар кишварҳояшон ё дар минтақа ғанӣ мегардонанд, кӯмак менамояд.
Дар вазъияти номуайяни ҷаҳонӣ, ки дар натиҷаи паҳншавии босуръати вируси COVID-19 ба миён омадааст, имсол Барнома докторантҳо, аспирантҳо ва омӯзгоронро барои гузарондани таҳқиқоти мушаххас вобаста ба самти асосии фаъолияташон, ё худ самтҳое, ки барои анҷом додан ва чопи рисола, мақолаи илмӣ, китоб ва дигар маводҳои илмӣ равона шудааст, даъват менамояд.
Шахсони қобили қабул:
Стипендия барои доираҳои илмии зерин пешбинӣ шудаанд:
Докторантҳои соҳаҳои мувофиқ, ки дар донишгоҳҳои аккредитатсияшудаи хориҷа ё кишвари худ таҳсил мекунанд; ё худ
Устодони донишгоҳҳо, ки пурра дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ фаъолият доранд (бояд ҳадди ақал дараҷаи магистр дошта бошанд) ва дар донишгоҳҳои кишвари худ дарс медиҳанд.
Стипендия дар соҳаи ҷомеаи шаҳрвандӣ барои як қатор кишварҳо аз он ҷумла Тоҷикистон пешниҳод мешавад.
Довталабоне, ки ҷои истиқомати доимиашон давлатҳои зерин ва ё дорои мақоми душаҳрвандӣ мебошанд: Австралия, Канада, Иттиҳоди Аврупо, Зеландияи нав, кишварҳои Скандинавия ва ИМА ба барнома қобили қабул нестанд.
Соҳаҳои фаннӣ, ки барнома дарбар мегирад:
Стипендия барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соли 2021 ба дастгирии таҳқиқоти илмӣ дар тамоми соҳаҳои илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ равона шудаанд, аммо афзалият ба таҳқиқотҳое дода мешавад, ки мустақиман барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии зерин равона шудааст:
Муҳофизат аз афзоиши авторитаризм;
Рушди устувор, тағйирёбии иқлим ва пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим;
Адолати иқтисодӣ ва ҳуқуқҳои кормандон;
Демократияи иттилоотӣ;
Баррасии таъсири пандемияи COVID-19 ба кишвар ё минтақаи аризадиҳанда.
Фаъолиятҳои дастгиришавандаи грантӣ:
Стипендия лоиҳаҳои кӯтоҳмуддати илмӣ ва ҷамбасти таҳқиқотҳои диссертатсиониро дар кишвари иқомат ё хориҷа дастгирӣ менамояд. Намунаи фаъолиятҳои дастгирӣ аз рӯи барномаи стипендия инҳоанд:
кори саҳроӣ (ҷамъоварии маълумот);
ташрифҳои таҳқиқотӣ ба китобхонаҳо, бойгониҳо ё донишгоҳҳо дар дохили кишвар ё хориҷа;
таҳияи курс / барномаи таълимӣ, ки дар муҳити байналмилалӣ ё дар шакли онлайн аз кишвари иқоматии аризадиҳанда дар ҳамкорӣ бо профессорони хориҷӣ омода намуданд;
чопи таҳқиқот дар нашрияҳои илмӣ-тақризшаванда;
анҷом додани таҳқиқоти диссертатсионӣ танҳо барои аспирантҳо ва докторантҳои соли охири таҳсил, ки рисолаи илмиро дар кишвари худ ё дар хориҷи кишвар кор мебаранд ё худ кор бурданианд.
Мӯҳлати лоиҳа: Аз 3 то 10 моҳ.
Ҷойи пешбурди лоиҳаҳо: Фаъолиятҳои таҳқиқиотӣ дар кишвари худ ё дар хориҷа метавонанд гузаронанд. Дархосткунанда барои ташкили сафарҳо, таъмини манзил ва гирифтани иҷозатномаҳои марбут ба сафар (раводид) масъуланд.
Санаи эътибор: 1 марти соли 2021 - 31 декабри соли 2021
Ҳадди ниҳоии маблағгузорӣ: 15000 доллари ИМА.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин дархост мешавад:
Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки талабот аз омӯзгорон ва докторантҳо гуногунанд.
Барои ҳамаи довталабон:
1. Саволномаи пуркардашуда;
2. Резюмеи ҷорӣ;
3. Нусхаи саҳифаи шиноснома (ҳо) бо маълумоти довталаб;
4. Нусхаи сканшудаи замимаи диплом (барои аспирантҳо ва докторантҳо) ё аризаи ниҳоӣ оид ба маълумоти олие, ки довталаб гирифтааст (барои омӯзгорон ва докторантони соли якуми таҳсил); ва
5. Мактуб - даъватнома аз омӯзгор ё маъмурияти муассиса, ки дар он довталаб тадқиқоти худро мегузаронад, дар ҳолате ки ба лоиҳаи довталаб мувофиқат дошта бошад (ҳуҷҷат бояд скан карда шавад ва ба саволнома замима карда шавад).
Аз довталабони докторант инчунин ҳуҷҷатҳои зерин дархост карда мешавад:
1. Мактуби расмии муассисаи илмӣ, ки мақоми бақайдгирӣ, кафедра ва санаи ба итмом расидани кори илмиро тасдиқ мекунад (ҳуҷҷат бояд скан карда ба дархост замима карда шавад);
2. Мактуби тавсиянома аз ҷониби олим ё мутахассиси касбии соҳаи таҳқиқот ва кишвари иқоматии аризадиҳанда, ки дар бораи дастовардҳо, нақшаҳои ояндаи аризадиҳанда ва пайвастии аризадиҳанда бо кишвари худ изҳор дошта бошад (ҳуҷҷат бояд скан карда ба дархост замима карда шавад);
3. Тавсияи академикӣ аз роҳбарони илмӣ барои дастгирии таҳқиқоте, ки довталаб барои маблағгузорӣ дархост кардааст. Роҳбарон инчунин бояд тасдиқ кунанд, ки агар фаъолияти тадқиқотӣ пеш аз оғози фаъолияти тадқиқотӣ тасдиқи Кумитаи Этикаро талаб кунанд (ҳуҷҷат бояд скан карда ба дархост замима карда шавад).
Аз довталабони омӯзгорон инчунин ҳуҷҷатҳои зерин дархост карда мешавад:
1. Мактуби расмӣ аз муассисаи таҳсилоти олӣ, ки довталаб дар он фаъолият мекунад ва мақоми довталабро ҳамчун омӯзгор тасдиқ мекунад ва давраи пешниҳодшударо, ки дар давоми он довталаб бо корҳои таҳқиқотӣ банд мешавад, дастгирӣ мекунад (ҳуҷҷат бояд скан карда ба дархост замима карда шавад);
2. Тавсияномаи академӣ аз ҷониби як ҳамкасби унвондор оид ба соҳаи тадқиқоти довталаб, қудрати илмӣ доштаи довталаб ва мавзӯи таҳқиқоти пешниҳодшудаи довталаб (ҳуҷҷат бояд скан карда ба дархост замима карда шавад);
Мӯҳлати муайяншудаи пешниҳоди дархост:
22 июли соли 2020 соати 23:59, бо вақти Шарқӣ. Ҳавасмандон бояд дархости CSSA - ро пур карда пешниҳод намоянд. Пешниҳоди ариза бо реҷаи онлайн тавсия карда мешавад.
Ариза дар намуди онлайн
Ба ҳамаи довталабон тавсия дода мешавад, ки дархостҳояшонро онлайн пешниҳод намоянд. Барои онлайн пур кардани дархост, ба ин ишора гузаред, сабти ном кунед ва дастурҳоро иҷро намоед.
https://www.opensocietyfoundations.org/grants/civil-society-scholar-awards
Маълумоти иловагӣ ва варақаи аризаро дар сомонаи зерин пайдо кардан мумкин аст:
https://www.opensocietyfoundations.org/grants/civil-society-scholar-awards
Ҳама гуна саволҳоро вобаста ба мавзӯи мазкур метавон ба нишонии cssa@infoscholar.org ё ба шахси маъсул дар Маркази машваратии таҳсилотии Институти "Ҷамъияти Кушода" Бунеди Мадад дар Тоҷикистон фиристед: manuchehr.kamoliddinov@osiaf.tj
Суроғаи мо:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734002, ш. Душанбе
кӯчаи Бохтар-37/1
Маркази тиҷоратӣ ва соҳибкории «Бохтар»
Ошёнаи 4, утоқи №403
Тел: (+992 37) 227 55 58; 227 07 49; 227 07 16