Хабарҳо

Стипендия дар соҳаи ҷомеаи шаҳрвандӣ 2021 Мӯҳлати охирон барои қабули дархостҳои барнома: 22 июли соли 2020 Стипендия барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ (CSSA) ба докторантҳо ва устодони донишгоҳҳо дар татбиқи лоиҳаҳои илмӣ, ки таҳқиқоти иҷтимоӣ ва интиқодиро дар кишварҳояшон ё дар минтақа ғанӣ мегардонанд, кӯмак менамояд. Дар вазъияти номуайяни ҷаҳонӣ, ки дар натиҷаи паҳншавии босуръати вируси COVID-19 ба миён омадааст, имсол Барнома докторантҳо, аспирантҳо ва омӯзгоронро барои гузарондани таҳқиқоти  мушаххас вобаста ба самти асосии фаъолияташон, ё худ самтҳое, ки барои анҷом додан ва чопи рисола, мақолаи илмӣ, китоб ва дигар маводҳои илмӣ равона шудааст, даъват менамояд.  Шахсони қобили қабул: Стипендия барои доираҳои илмии зерин пешбинӣ шудаанд: Докторантҳои соҳаҳои мувофиқ, ки дар донишгоҳҳои аккредитатсияшудаи хориҷа ё кишвари худ таҳсил мекунанд; ё худ Устодони донишгоҳҳо, ки пурра дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ фаъолият доранд (бояд ҳадди ақал дараҷаи магистр дошта бошанд) ва дар донишгоҳҳои кишвари худ дарс медиҳанд. Стипендия дар соҳаи ҷомеаи шаҳрвандӣ барои як қатор кишварҳо аз он ҷумла Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Довталабоне, ки ҷои истиқомати доимиашон давлатҳои зерин ва ё дорои мақоми душаҳрвандӣ мебошанд: Австралия, Канада, Иттиҳоди Аврупо, Зеландияи нав, кишварҳои Скандинавия ва ИМА ба барнома қобили қабул нестанд. Соҳаҳои фаннӣ, ки барнома дарбар мегирад: Стипендия барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соли 2021 ба дастгирии таҳқиқоти илмӣ дар тамоми соҳаҳои илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ равона шудаанд, аммо афзалият ба таҳқиқотҳое дода мешавад, ки мустақиман барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии зерин равона шудааст: Муҳофизат аз афзоиши авторитаризм; Рушди устувор, тағйирёбии иқлим ва пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим; Адолати иқтисодӣ ва ҳуқуқҳои кормандон; Демократияи иттилоотӣ; Баррасии таъсири пандемияи COVID-19 ба кишвар ё минтақаи аризадиҳанда. Фаъолиятҳои дастгиришавандаи грантӣ: Стипендия лоиҳаҳои кӯтоҳмуддати илмӣ ва ҷамбасти таҳқиқотҳои диссертатсиониро дар кишвари иқомат ё хориҷа дастгирӣ менамояд. Намунаи фаъолиятҳои дастгирӣ аз рӯи барномаи стипендия инҳоанд: кори саҳроӣ (ҷамъоварии маълумот); ташрифҳои таҳқиқотӣ ба китобхонаҳо, бойгониҳо ё донишгоҳҳо дар дохили кишвар ё хориҷа; таҳияи курс / барномаи таълимӣ, ки дар муҳити байналмилалӣ ё дар шакли онлайн аз кишвари иқоматии аризадиҳанда дар ҳамкорӣ бо профессорони хориҷӣ омода намуданд; чопи таҳқиқот дар нашрияҳои илмӣ-тақризшаванда; анҷом додани таҳқиқоти диссертатсионӣ танҳо барои аспирантҳо ва докторантҳои соли охири таҳсил, ки рисолаи илмиро дар кишвари худ ё дар хориҷи кишвар кор мебаранд ё худ кор бурданианд. Мӯҳлати лоиҳа: Аз 3 то 10 моҳ. Ҷойи пешбурди лоиҳаҳо: Фаъолиятҳои таҳқиқиотӣ дар кишвари худ ё дар хориҷа метавонанд гузаронанд. Дархосткунанда барои ташкили сафарҳо, таъмини манзил ва гирифтани иҷозатномаҳои марбут ба сафар (раводид) масъуланд. Санаи эътибор: 1 марти соли 2021 - 31 декабри соли 2021 Ҳадди ниҳоии маблағгузорӣ:  15000 доллари ИМА. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин дархост мешавад: Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки талабот аз омӯзгорон ва докторантҳо гуногунанд. Барои ҳамаи довталабон: 1. Саволномаи пуркардашуда; 2. Резюмеи ҷорӣ; 3. Нусхаи саҳифаи шиноснома (ҳо) бо маълумоти довталаб; 4. Нусхаи сканшудаи замимаи диплом (барои аспирантҳо ва докторантҳо) ё аризаи ниҳоӣ оид ба маълумоти олие, ки довталаб гирифтааст (барои омӯзгорон ва докторантони соли якуми таҳсил); ва 5. Мактуб - даъватнома аз омӯзгор ё маъмурияти муассиса, ки дар он довталаб тадқиқоти худро мегузаронад, дар ҳолате ки ба лоиҳаи довталаб мувофиқат дошта бошад (ҳуҷҷат бояд скан карда шавад ва ба саволнома замима карда шавад). Аз довталабони докторант инчунин ҳуҷҷатҳои зерин дархост карда мешавад: 1. Мактуби расмии муассисаи илмӣ, ки мақоми бақайдгирӣ, кафедра ва санаи ба итмом расидани кори илмиро  тасдиқ мекунад (ҳуҷҷат бояд скан карда ба дархост замима карда шавад); 2. Мактуби тавсиянома аз ҷониби олим ё мутахассиси касбии соҳаи таҳқиқот ва кишвари иқоматии  аризадиҳанда, ки дар бораи дастовардҳо, нақшаҳои ояндаи аризадиҳанда ва пайвастии аризадиҳанда бо кишвари худ изҳор дошта бошад (ҳуҷҷат бояд скан карда ба дархост замима карда шавад); 3. Тавсияи академикӣ аз роҳбарони илмӣ барои дастгирии таҳқиқоте, ки довталаб барои маблағгузорӣ дархост кардааст. Роҳбарон инчунин бояд тасдиқ кунанд, ки агар фаъолияти тадқиқотӣ пеш аз оғози фаъолияти тадқиқотӣ тасдиқи Кумитаи Этикаро талаб кунанд (ҳуҷҷат бояд скан карда ба дархост замима карда шавад). Аз довталабони омӯзгорон инчунин ҳуҷҷатҳои зерин дархост карда мешавад: 1. Мактуби расмӣ аз муассисаи таҳсилоти олӣ, ки довталаб дар он фаъолият мекунад ва мақоми довталабро ҳамчун омӯзгор тасдиқ мекунад ва давраи пешниҳодшударо, ки дар давоми он довталаб бо корҳои таҳқиқотӣ банд мешавад, дастгирӣ мекунад (ҳуҷҷат бояд скан карда ба дархост замима карда шавад); 2. Тавсияномаи академӣ аз ҷониби як ҳамкасби унвондор оид ба соҳаи тадқиқоти довталаб, қудрати илмӣ доштаи довталаб ва мавзӯи таҳқиқоти пешниҳодшудаи довталаб (ҳуҷҷат бояд скан карда ба дархост замима карда шавад); Мӯҳлати муайяншудаи пешниҳоди дархост: 22 июли соли 2020 соати 23:59, бо вақти Шарқӣ. Ҳавасмандон бояд дархости CSSA - ро пур карда пешниҳод намоянд. Пешниҳоди ариза бо реҷаи онлайн тавсия карда мешавад. Ариза дар намуди онлайн Ба ҳамаи довталабон тавсия дода мешавад, ки дархостҳояшонро онлайн пешниҳод намоянд. Барои онлайн пур кардани дархост, ба ин ишора гузаред, сабти ном кунед ва дастурҳоро иҷро намоед. https://www.opensocietyfoundations.org/grants/civil-society-scholar-awards Маълумоти иловагӣ ва варақаи аризаро дар сомонаи зерин пайдо кардан мумкин аст: https://www.opensocietyfoundations.org/grants/civil-society-scholar-awards Ҳама гуна саволҳоро вобаста ба мавзӯи мазкур метавон ба нишонии cssa@infoscholar.org ё ба шахси маъсул дар Маркази машваратии таҳсилотии Институти "Ҷамъияти Кушода" Бунеди Мадад дар Тоҷикистон фиристед: manuchehr.kamoliddinov@osiaf.tj Суроғаи мо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734002, ш. Душанбе кӯчаи Бохтар-37/1 Маркази тиҷоратӣ ва соҳибкории «Бохтар» Ошёнаи 4, утоқи №403 Тел: (+992 37) 227 55 58; 227 07 49; 227 07 16
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои харидорӣ ва дастрас намудани маводҳои зерини ҳифозатии инфиродӣ озмун эълон мекунад:                     Номгӯй    Миқдор     Ниқобҳои пахтагин    1800 дона     Респираторҳои №95      240 дона     Айнакҳои ҳифозатии дандонпизишк     300 дона     Дастпӯшакҳо (бо бастаи 100 донагӣ)   1200 баста     Моеъи антисептикӣ (940 мл)    2000 дона     Ҳароратсанҷҳои фосилавӣ   100 дона   Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро то «1»-уми июли соли 2020 ба суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj  пешниҳод кардан лозим аст: пешниҳоди тиҷоратӣ оид ба таҳвили мол; суратҳо ва сертификатҳои моли пешниҳодшаванда; иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки на бештар аз 30 рўз пеш дода шудааст. Ҳуҷҷатҳое, ки бе риояи шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, нопурранд ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод мегарданд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.
Бунёд дар бораи хотима ёфтани қабули дархостҳо оид ба дарёфти грантҳо дар чорчӯбаи марҳилаи аввали барномаи доир ба вокуниши ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбати оқибатҳои COVID-19 хабар медиҳад. Моҳи апрели соли ҷорӣ Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон марҳилаи аввали барномаи навро, ки ба такмили имкониятҳо ва чораҳои омодабошӣ ва вокуниши саривақтӣ ба паҳншавии сирояти коронавирус нигаронида шуда буд, ба роҳ монд. Марҳилаи аввали барнома пешниҳоди грантҳои хурдро ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори омма, гурӯҳҳои ташаббускори расонаӣ ва фаъолони ҷомеа, ки ҳавасманди ҳамкорӣ бо Бунёд дар чорчӯбаи лоиҳаҳои зерин ҳастанд, пешбинӣ мекард: ба ҷомеа пешниҳод намудани иттилоот дар бораи COVID-19 дар асоси далелҳо ва далелсанҷӣ; дастгирии сохтори тандурустии ҷамъиятӣ дар самти ташаккули системаи самараноки пешгирӣ ва муқовимат намудан ба хатарҳои вобаста ба  COVID-19, ки барои пайгирӣ намудани вазъи санитарӣ - эпидемиологӣ, гузарондани пешгириҳои зарурӣ ва таъминкунии омодабошӣ ба дастрасии одилона ба чораҳои ҷавобӣ нисбати COVID-19, аз ҷумла бо таҷҳизоти зарурӣ, васоити ҳифзи инфиродӣ, таълим ва дастгирӣ; мусоидат барои дастрасӣ ба кӯмаки ҳуқуқӣ, тиббӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла дастрасӣ ба таълими фосилавӣ ва электронӣ барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ доир ба масоили вобаста ба COVID-19; мониторинги таъсири иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии COVID-19 ба ҳуқуқҳои инсон тавассути арзёбии таҳлилӣ, имконият фароҳам меорад. Дар чорчӯбаи даври аввал, муддати ду моҳ ба Бунёд 46 дархост аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ворид шуда буд. Аз онҳо 15 дархост маъқул дониста шуда, дар марҳилаи иҷрошавӣ қарор доранд. Ҳамзамон, дар чорчӯбаи марҳилаи мазкур, Бунёд дар ҳамдастӣ бо ҳамшарикон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ тақсими 5000 маҷмӯи васоити ҳифзи шахсиро барои кормандони тиб идома дода истодааст: пӯшоки махсуси ҳифозатӣ, попӯшиҳои тиббӣ (бахилҳо), респираторҳо, айнакҳои ҳифозатӣ, дастпӯшҳои тиббӣ ва васоити антисептикӣ. Навигариҳо дар бораи оғоз шудани марҳилаи дуюми барнома ва муваффақиятҳои лоиҳаҳои иҷрошударо метавонед инҷо пайгирӣ намоед – сомонаи расмиамон osiaf.tj ва саҳифаҳои Бунёд дар Facebook ва Instagram.
Ширкати таҳқиқотии байналмилалии М – Вектор ҳисоботи таҳлилиро дар мавзӯи «Шуғли аҳолӣ дар соҳаи сохтмон ва истихроҷи Тоҷикистон» рӯнамоӣ кард. Аз рӯи додаҳои ҳисобот, сохтмон ва истеҳсолот, аз ҷумла бахши истихроҷи кӯҳӣ дар соли 2019 сеяки ММД Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил кардааст. Пешсаф миёни соҳаҳо – хоҷагии қишлоқ мебошад (20%). Ба он нигоҳ накарда, ки дар соҳаҳои сохтмон ва истихроҷи кӯҳӣ ҳамагӣ 5% машғуланд, ин бахш нерӯи муҳими стратегии кишварро ташаккул карда, базисҳои ба истеҳсолот нигаронидашудаи ҷалби сармоя ва барпо намудани инфрасохторро рушд медиҳад. Бинобар он, ки Тоҷикистон дорои конҳои маъданӣ (тилло, оҳан, нуқра, мис, висмут, стронсий, сурма, волфрам, намак ва ғайра) мебошад, ва истеҳсолоти истихроҷи кӯҳии кишвар заминаи хуби маъданӣ дорад, ва ҳаҷми он барои рушди соҳа дар дурнамоии дарозмуддат кифоя аст. Ба болоравии ками шуғли расмӣ дар солҳои охир нигоҳ накарда, ҷалби аҳолӣ ба фаъолияти иқтисодӣ босубот паст боқӣ мемонад – таносуби шахсони бо кор таъминшуда (аз ҷумла худфаъолон) на беш аз 45% аз аҳолии қобили меҳнатро ташкил мекунад. Дар шароити норасоии ҷойҳои корӣ бо музди меҳнати рақобатпазир, муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ то ҳол яке аз механизмҳои назарраси бо кор таъмин намудани аҳолӣ боқӣ мемонад. Ба пурзӯр намудани сиёсати муҳоҷирати ФР ва поён рафтани қурби рубл нигоҳ накарда, аз рӯи натоиҷи соли 2018, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ қариб, ки ба сатҳи то бӯҳрони иқтисодӣ баргаштааст. Дар соҳаҳои сохтмон ва истихроҷи кӯҳӣ таърихан муносибатҳои душвори меҳнатӣ байни корфармо ва коргари кироя ба миён меомаданд. Масоили техникаи бехатарӣ, имтиёзҳо барои кор дар шароити зараровар, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, ва баъзан ҳуқуқҳои инсон – мавзӯи махсуси таҳқиқоти алоҳидаи илмӣ гаштааст. Гурӯҳҳои меҳнатии сохмончиён ва худфаъолон, ки ғайрирасмӣ кор мекунанд, категорияи аз ҳама камтар ҳифзшаванда мебошанд. Дарки омилҳои қабули қарор, ҳавасмандӣ ва хавф дар рафтор, беҳдошти таҷрибаи бастани шартномаҳо – ҳамаи ин метавонад дар ояндаи наздик таконбахши рушди шуғли расмӣ дар кишвар шавад. Мувофиқи таҳқиқоти гузаронида шунидани афкори корфармоён ва коршиносони соҳаи шуғлро, барои фаҳмидани ҷониби дигар, ки ҷойҳои корӣ ташкил мекунад ва ба мутахассисон талаботҳо пешниҳод мекунад, муҳим аст. Дар таҳлили мазкур мутахассисон динамикаи шуғлро аз мавриди бо ҷойи кор таъминшудан то ивази ҷойи корӣ, аз ҳифзи меҳнат то таъсири манфӣ, аз ҷонибҳои мусбӣ ва манфии шуғли расмӣ ва ғайрирасмӣ пешкаш менамоянд, тавсияҳоро доир ба тағйири вазъ дар соҳаҳои сохтмон ва истихроҷи кишвар пешниҳод мекунанд.  Бо таҳқиқот метавонед дар сомонаи Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон – osiaf.tj шинос шавед. *Таҳқиқоти иҷтимоӣ - иқтисодии «Шуғли аҳолӣ дар соҳаи сохтмон ва истихроҷи Тоҷикистон» мавриди дастгирии Шуъбаи ташкилоти бйналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон гузаронида шудааст. БАРДОШТИ ҲИСОБОТ БАРДОШТИ ТАҲҚИҚОТ

8-ми маи соли 2020, 16:17

                          Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои дастгирии лоиҳаҳое, ки ба ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди таҳияи тавсияҳо оид ба принсипҳо, усулҳо ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба шустани пул ва маблағгузории терроризм бо назардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд, ва истифодаи усулҳои инноватсионии иҷрои кор озмуни кушодаи грантӣ эълон мекунад. Маблағи дар чаҳорчўбаи озмун пешбинишуда: – то 85 000 сомонї. Дар озмун инҳо иштирок карда метавонанд: - ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фондҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо. Маҳакҳои баҳодиҳӣ ба дархостҳо: босубот, навоварона ва серпаҳлў (маҳмаавӣ) будани тарзу усулҳои ҳалли масъала; инъикоси масъалаҳои лоиҳа дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ; босифат тартиб додани дархост, мувофиқати буҷет бо чорабиниҳои ба нақша гирифташуда ва супоришҳои техникӣ.                                                                      Барои иштирок намудан дар озмун дархости пур кардашуда ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро  то «28»-уми майи соли 2020 ба онлайн платформаи www.osiaf.tj  (фасли Грантҳо> Додани дархостҳои грантӣ) пешниҳод кардан зарур аст. Машваратдиҳӣ оид ба тартиби пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ба озмун 20 майи соли 2020 аз соати 14:00 то соати 16:00 дар реҷаи он-лайн баргузор мегардад (дархостро барои иштирок пешакӣ ба e-mail-и: georgiy.gridilyan@osiaf.tj фиристодан зарур аст).  Хоҳиш менамоем, ки оид ба ҳамаи масъалаҳои дахлдор, инчунин барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба e-mail-и: osiaf@osiaf.tj муроҷиат кунед.    Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ-Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, пурра нестанд ё баъди муҳлати зикршуда фиристода шудаанд, баррасӣ карда намешаванд. Маводҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонда намешаванд.      
Бунёдҳои «Ҷамъияти Кушода» барои кӯмак дар мубориза бо пайомадҳои коронавирус 130 миллион доллари ИМА ҷудо мекунанд. Ҷорҷ Сорос сарватманд-хайрхоҳи маъруф ва маблағгузори либералӣ дар чорчӯбаи Бунёдҳои “Ҷамъияти Кушода” барои мубориза бо пайомадҳои коронавирус беш аз 130 миллон доллари ИМА ҷудо кардаанд. «Миқёси ин пандемия парокандагӣ ва беадолатии ҷаҳони моро нишон дод», - мегӯянд дар баромадашон ҷ-би Сорос. «Мо имконияти ташаккули иқтисодиёти боадолатро баъди бӯҳрони молиявии соли 2008 ва таъмини системаи ҳифзи иҷтимоиро барои кормандон, ки қалби ҷомеаи мо мебошанд, аз даст додем. Имрӯз мо бояд инро ислоҳ кунем, ва аз худ бипурсем: ҷаҳон дар натиҷаи ин офат чӣ гуна хоҳад шуд, ва мо барои беҳдошти он чӣ метавонем кунем?» Ба гуфти ҷ-би Патрик Гаспар, президенти Бунёдҳои “Ҷамъияти Кушода”, 130 миллион ин танҳо “сармоягузории аввалия” мебошад, ки наздики ними ин маблағ барои Ийолоти Муттаҳида пешбинӣ шудааст, ва қисми боқимондаи он – барои кӯмак ба кишварҳои дигар равон карда мешавад.  «Дар ҳоли ҳозир мо бояд дарк кунем, ки ин бӯҳрон чӣ гуна ба одамон таъсир мегузорад, ва қисми сармоягузориҳоямонро ба кӯмаки мустақими башардӯстона равон кунем» - мегӯянд ҷ-би Патрик Гаспар Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон (ИҶК БМ) бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба паёмадҳои эҳтимолии COVID-19 барои кишвари мо, барномаи фавқуллодаеро ба роҳ мондааст, ва буҷети умумии он аз 250 ҳазор доллари ИМА иборат мебошад. Ба гуфти Илҳом Абдуллоев, директори иҷрояи ИҶК БМ, самтҳои авлавиятдори барнома инҳоянд: ба аҳли ҷомеа пешниҳод намудани иттилоот доир ба COVID-19, ки ба далелҳо ва далелсанҷӣ такя мекунад; дастгирии системаи тандурустии ҷамъиятӣ дар ташаккули сохтори самараноки пешгирӣ ва вокуниш ба хатарҳои вобаста ба COVID-19, ки барои пайгирии вазъи санитарӣ-эпидемиологӣ, гузаронидани пешгириҳои зарурӣ ва таъмини омодабошӣ ба дастрасии боадолат ба чораҳои ҷавобӣ нисбати COVID-19, аз ҷумла бо таҷҳизоти зарурӣ, воситаҳои ҳифзи инфиродӣ, таълим ва дастгирӣ имконият фароҳам меорад. «Ҳамчунон, дигар ҷанбаҳои муҳими барнома: ин мусоидат дар пешниҳоди кӯмаки ҳуқуқӣ, тиббӣ, иҷтимоӣ барои табақаҳои камбизоат ва осебпазири аҳолӣ доир ба масоили вобаста ба COVID-19, мониторинги таъсири иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии коронавирус ба ҳуқуқҳои инсон тавассути арзёбии таҳлилӣ мебошанд.» (Илҳом Абдуллоев) Дархостро метавонед дар платформаи онлайни https://grants.osiaf.tj , дар бахши «Дархостҳои берун аз озмун» ҷойгир намоед.
Ба роҳ мондани барномаи нави доир ба такмили имкониятҳо ва чораҳои вокуниши саривақтӣ нисбати масоили вобаста ба паҳншавии сирояти COVID-19 Имрӯз дар ҷаҳон пандемияи сирояти COVID-19 паҳн шудаистодааст, ки беш аз 1,5 миллион одамро дар саросари дунё фаро гирифтааст. Ҳамаи кишварҳо чораҳои фаврӣ ва фавқуллодаро барои мубориза бо сирояти мазкур андешида истодаанд. Бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба оқибатҳои эҳтимолии COVID-19 дар кишвари мо, Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон (ИҶК БМТ) оғоз шудани барномаи нави такмили имкониятҳои кишвар ва чораҳои таъминкунии омодабошӣ ва вокуниши саривақтиро эълон менамояд. Самтҳои авлавиятдори барнома инҳоянд:  ба ҷомеа расондани иттилоот дар бораи COVID-19 дар асоси далелҳо ва далелсанҷӣ; дастгирии сохтори тандурустии ҷамъиятӣ дар самти ташаккули системаи самараноки пешгирӣ ва бартараф намудани хатарҳои вобаста ба COVID-19, ки барои пайгирии вазъи санитарӣ-эпидемиологӣ, гузаронидани пешгириҳои зарурӣ ва таъмини омодабошӣ ба дастрасии одилона ба чораҳои ҷавобӣ нисбати COVID-19, аз ҷумла бо истифодаи таҷҳизоти лозимӣ, воситаҳои инфиродии ҳифз, таълим ва дастгирӣ, имконият фароҳам меорад; пешниҳод намудани кӯмаки ҳуқуқӣ, тиббӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла дастрасӣ ба таълими фосилавӣ барои табақаҳои осебпазири ҷомеа, дар масоили вобаста ба COVID-19; мониторинги таъсиррасонии иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоии COVID-19 ба ҳуқуқҳои инсон тавассути арзёбиҳои таҳлилӣ. Барнома пешниҳод намудани грантҳои хурдро барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои тандурустии ҷамъиятӣ, васоити ахбори омма, гурӯҳҳои ташаббускори медиа ва фаъолони ҷомеа, ки ҳавасманди ҳамкорӣ бо ИҶК БМТ дар чорчӯбаи авлавиятҳои зикршудаи барномаи нав ҳастанд, пешбинӣ мекунад.  Дархостҳо аз рӯи барномаи мазкур бояд дар платформаи ҷории электронии https://grants.osiaf.tj бахши дархостҳои Берун аз озмун ҷойгир карда шаванд. Институти «Ҷамъияти Кушода» ˗ Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз соли 1996 инҷониб фаъолият мекунад. Фаъолияти асосии Бунёд ба идеяҳои башардӯстӣ, адолати иҷтимоӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон такя мекунад. Бунёд як қатор ташаббусҳоро оид ба пешбурди системаҳои фарогири таҳсилот ва тандурустӣ, муносибгардонии иҷтимоӣ-иқтисодӣ, шаффофияти соҳаи молия ва андоз, ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, иҷро менамояд.

31-ми марти соли 2020, 21:35

  3/30/2020                                                                                                   Ҳамшарикони гиромӣ Ба маълумоти шумо мерасонем, ки аз ҷониби роҳбарияти Институти “Ҷамъиятӣ Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, барои озмоиши имконияти кори фосилавӣ ва озмоиши таъминкунии барномавии мувофиқ, ҷорӣ намудани реҷаи кори фосилавӣ тасмим гирифта шудааст Реҷаи  мазкур барои муддати аз 30 март то 08 апрели соли 2020 муқаррар шудааст. Мисли ҳарвақта кормандони Бунёд омодаанд, ки дар иҷрои лоиҳаҳои амалкунандаатон кӯмак намуда идеяҳои навро дастгирӣ кунанд. ИҶК БМ дар Тоҷикистон мувофиқи тартиби корӣ дархостҳоро барои лоиҳаҳои нав аз рӯи озмунҳои эълоншуда, ки бо назардошти тартиботи муқаррашуда баррасӣ мешаванд, идома медиҳад. Аз шумо хоҳиш мекунем, ки доир ба лоиҳаҳои тасдиқшудаи амалкунанда саволҳо ва иттилооти дигарро дар шакли электронӣ ба почта ва ё суроғаи ҳамоҳангсозони масъули барномаҳо бо нусхаи ҳатмӣ ба суроғаи osiaf@osiaf.tj барои бақайдгирӣ равон намоед. Агар дар рафти иҷрои фаъолиятатон шумо ба мушкилиҳои вобаста ба ҳолати имрӯзаи доир ба COVID-19 дучор мегардед, ки ба пешниҳоди ҳисоботҳо, ва умуман иҷрои лоиҳа ва ё ба маводҳои асосии гигиении тиббӣ барои таъмини бехатарии кормандонатон ниёз доред, Бунёд омодааст, ки шаклҳои модификатсияи буҷети грантҳо ва мӯҳлатҳои иҷрои онҳоро баррасӣ намояд. Дархостҳои мувофиқ бояд ба ҳамоҳангсози барнома тавассути почтаи электронӣ ирсол карда шаванд. Ҳисоботҳои молиявии доир ба грантҳо метавонанд дар шакли электронӣ бо замима намудани нусхаҳои сканшудаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, равон карда шаванд. Инчунин, ҳисоботҳо метавонанд дар шакли ҳуҷҷатҳо, бевосита ба идораи Бунёд оварда шаванд, ва ба сандуқи махсус, ки дар назди дари даромади идора омода шудааст, гузоранд. Дар ин ҳолат, аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки тавассути почтаи электронӣ дар бораи ба идораи Бунёд овардани ҳуҷҷатҳо иттилоъ диҳед.

18-ми марти соли 2020, 09:20

Ҳисоботи молиявй дар бораи воридот ва харочот барои соли 2019 Ҳисобот барои соли 2018 Ҳисобот барои соли 2017 Ҳисобот барои соли 2016 Ҳисобот барои соли 2015 Ҳисобот барои соли 2014 Ҳисобот барои соли 2013 Ҳисобот барои соли 2012

7-ми марти соли 2020, 08:35

Модарам мегуфт доим вақти хоб: «Хоб кун, албатта, бо паҳлуи рост! Он ҳама коре, ки ният мекунӣ, Сар бикун бо қувваи бозуи рост. Нонро доим ба дасти рост гир, Пӯш аввал остини ростро, Гар бибандӣ аҳд, дасти рост деҳ, Дасти чап не хайр дорад, не бақо». Хурд будам, бехабар будам ҳанӯз: Фарқ байни дасти чаппу рост чист? Хоб кардан, сер будан муддао, Муддао дар дасти чаппу рост нест. Баъд фаҳмидам, муроди модарам З-ин насиҳатҳош дигар будааст: Бо чунин панду насиҳатҳо ба ман Ростиро тарбият бинмудааст.  Лоиқ Шералӣ          

6-ми марти соли 2020, 09:10

                                                                                                                                БАРНОМАИ «ДАСТГИРИИ ИДОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» Даъват ба лексияи кушод 6 марти соли 2020, 16:00 – 17:00 "Музди меҳнат дар низоми маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”. Дар лексияи мазкур ҳолати кунунии сарфи воситаҳои буҷетӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд мавриди муҳокима қарор мегирад ва дар асоси таҳлилҳо оид ба сарфи мақсадноки воситаҳои буҷетӣ хулосаю тавсияҳои зарурӣ пешниҳод карда мешавад. Ҷолиби қайд аст, ки тамоюли болоравии маблағи ҷудомешуда ба муассисаҳои миёнаи умумӣ ба назар мерасад.  Агар дар соли 2016 ба  ҳар як хонанда 778 сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2019  ба  920 сомонӣ расонида  шуд, ки он нисбати соли 2016 ба 18,2 % зиёд мебошад. Тавре аз маълумотҳои оморӣ маълум мегардад,  маблағгузории соҳа сол аз сол афзоиш меёбад ва ба ҳисоби миёна 88,3% -и он барои пардохти музди меҳнат равона карда шуда, боқимонда 11,7 фоизи ин маблағҳо барои хароҷотҳои дигар моддаҳо ҷудо карда мешавад ва ин миқдор маблағ барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти мактабҳо то чӣ андоза кофӣ аст.  Лектор: Иброҳимова Дилбар, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров.    Макони чорабинӣ: шаҳри Хуҷанд, шаҳраки 16, Коворкинг спейси «Тут» (назди Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд).  Забони чорабинӣ:  тоҷикӣ - русӣ Силсилаи лексияҳои кушод дар чорчубаи лоиҳаи “Дастгирии идораи молияи давлатӣ” гузаронида мешавад ва аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир (DFID) маблағгузорӣ мешавад. Мавқеи Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир мумкин аст бо нуқтаи назари муаллиф - баромадкунанда мувофик набошанд. __________________ Барномаи лексияи кушод   15.30 – 16.00  Бақайдгирии иштирокчиён / кофе – брейк 16.00 – 16.05  Сухани ифтитоҳӣ, Камолиддинов Манучехр, ҳамоҳангсози барномаи «Идоракунии молияи давлатӣ», ИҶК БМ дар Тоҷикистон  16.05 – 16.35  Муаррифии “Музди меҳнат дар низоми маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”,  Иброхимова Дилбар. 16.35 – 17.00 Саволу ҷавоб
Пайваста ба пешгирии касалии сирояткунандаи навъи короновирус (COVID-19), Бунёд пешниҳоди грантҳо барои сафар баҳри иштирок дар чорабиниҳои байналмилалиро муваққатан то охири моҳи майи соли ҷорӣ боз медорад. Барои ҳусни тафоҳум сипосгузорем.
                                                               БАРНОМАИ «ДАСТГИРИИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ПОСТ- РЕЛИЗ           29 феврал – 1 марти соли 2020 дар чорчубаи барномаи «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Вазорати Рушди Байналмилалии Британияи Кабир маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар меҳмонхонаи «Тоҷ Палас» бо иштироки 26 нафар омӯзгорони донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва ВМБК бозомӯзӣ дар мавзуи “Модулҳои таълимӣ дар соҳаи идораи молияи давлатӣ” баргузор гардид. Ҷолиби қайд аст, ки бо ҷалби мутахассисон ва коршиносон чор модули таълимии зерин барои донишҷӯён ва магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон омода гардидааст, ки он барои тайёр кардани мутахассисони варзида дар соҳаи идораи молияи давлатӣ равона шудааст: Модули I: “Усулҳои тадқиқоти таҳлилӣ дар соҳаи идораи молияи давлатӣ”; Модули II: “Асосҳои молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Модули III: “Ташаккулёбӣ ва идоракунии равандҳои буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Модули IV: “Таҳлили додаҳои оморӣ бо истифодаи барномаи STATA”. Ҳадафи асосии бозомӯзии мазкур омода кардани омӯзгорони донишгоҳҳо дар истифодаи модулҳои таълимӣ дар раванди таълим аст. Аз ин лиҳоз, дар бозомӯзӣ иштирокчиён аз равишҳои тадқиқоти таҳлилӣ дар соҳаи молияи давлатӣ,  молияи давлатӣ ва маҳаллӣ, асосҳои ташаккулёбӣ ва идоракунии равандҳои буҷет ва ҳамчунин таҳлили додаҳои оморӣ бо истифодаи барномаи STATA шиносоӣ пайдо карданд. Модулҳои омодагардида матни лексияҳо, саволҳои кори мустақилона, супоришҳо барои машғулиятҳои амалӣ, супоришҳои тестӣ ва кейсҳо барои донишҷӯён, магитрантон ва аспирантон дар бар мегиранд.       Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо Манучеҳр Камолиддинов, ҳамоҳангсози бахши таҳлилии барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ба тариқи телефони  (992 37) 227 55 58, ё худ ба тариқи почтаи электронии  manuchehr.kamoliddinov@osiaf.tj  дар тамос шавед.
                                                                                                                 БАРНОМАИ «ДАСТГИРИИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ             ТОҶИКИСТОН»                                  Муҳокимаи ҷамъиятии буҷетҳои маҳаллии Вилояти Суғд Муҳокимаи ҷамъиятӣ идомаи ислоҳотҳо дар доираи идоракунии молияи давлатӣ ба шумор рафта, метавонад шафофиятнокӣ ва мақсадноку самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетиро таъмин намояд. Вобаста ба ин, Институти «Ҷомеаи кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир дар хамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани як силсила муҳокимаи ҷамъиятии буҷетҳои маҳаллиро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба уҳда гирифтааст. Аз 10 то 15 феврали соли равон муҳокимаи буҷетҳои маҳаллӣ дар панҷ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла Панҷакент, Айнӣ, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Хуҷанд баргузор мегардад.  Дар чорабинии мазкур аз ҷониби раёсатҳои молия, бахшҳои соҳавии маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар сохторҳои дахлдор маълумоти муфассал доир ба натиҷаҳои иҷроиши буҷети соли 2019 ва буҷети пешбинишудаи соли 2020 баромад карда, оиди вазъи амалигардии буҷети маҳаллӣ ва мушкилоту имконотҳои шаҳру ноҳияҳо зери муҳокима қарор доданд. Инчунин аз ҷониби намояндагони Вазорати молияи ҶТ ва раёсатҳои молияҳои шаҳру ноҳияҳо оиди нақшаи буҷети маҳал барои соли 2021 муҳокима гардида, фикру андеша ва пешниҳодҳои иштирочиён омӯхта шуда барои ворид кардани пешниҳодҳои шаҳрвандон ба буҷети соли 2021 ба инобат хоҳад гирифта шуд. Иштирок дар ин чорабиниҳо барои шаҳрвандон озод буда, ба онҳо имконият медиҳад, ки бо сохтори даромад ва хараҷоти буҷети ноҳияҳо аз наздик шинос шуда ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гиранд. Дар муҳокимаҳои ҷамъиятии буҷет то 60-70 нафар намояндагони сохторҳои дахлдор, ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандон иштирок менамоянд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо Манучеҳр Камолиддинов, ҳамоҳангсози бахши таҳлилии барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ба тариқи телефони  (992 37) 227 55 58, ё худ ба тариқи почтаи электронии  manuchehr.kamoliddinov@osiaf.tj  дар тамос шавед.
Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон байни ширкатҳои машварати ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ барои расонидани хизматҳои ҳуқуқӣ озмун эълон менамояд. Талаботҳо: • Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ (барои шахсони воқеӣ); • Таҷрибаи кори амалии на камтар аз 3 сол (барои шахсони воқеӣ ба сифати машваратчии ҳуқуқии ташкилот ё адвокат); • Донистани хусусиятҳои фаъолияти ташкилоти ғайритиҷоратӣ/ҷамъиятӣ; • Донистани қонунгузории корпоративӣ, гражданӣ, ғайритиҷоратӣ, тиҷоратӣ, меҳнатӣ, андоз ва молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқи байналмилалӣ; • Қобилияти хуби муошират, донистани одоби муоширати корӣ ва асосҳои идорӣ; • Донистани меъёрҳои коргузорӣ бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, тартиби мураттабсозӣ, баҳисобгирӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ; • Озодона донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Дар пешниҳодҳои худ довталабон бояд нархномаҳои хешро барои хизматҳои зерин нишон диҳанд: • Машваратҳои шифоҳӣ ва хаттӣ; • Бақайдгирӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ; • Баҳодиҳӣ ба таваккали ҳуқуқӣ ва молиявии шартномаҳо. Барои иштирок дар озмун пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст: • СV (барои шахсони воқеӣ) ё иттилоот дар бораи фаъолият (барои шахсони ҳуқуқӣ); • Нусхаи диплом дар бораи маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ (барои шахсони воқеӣ) ё ҳуҷҷатҳои таъсисдиҳӣ (барои шахсони ҳуқуқӣ); • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи/таҷрибаи кори амалӣ (нусхаи Дафтарчаи меҳнатӣ ва/ё ҳуҷҷати дигари дахлдор); • Нархномаи хизматрасонӣ. Мӯҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо – 12 феврали соли 2020, то соати 17:00. Ҳуҷҷатҳо дар суроғаи зерин қабул карда мешаванд: ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, ошёнаи 4 (бинои Бизнес-маркази «Бохтар») ё тариқи почтаи электронӣ ба суроғаи: osiaf@osiaf.tj. Телефонҳо барои маълумот: 227-55-58; 227-07-16, 227-07-49. Танҳо довталабони интихобшуда ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. Ҳуҷҷатҳои пас аз мӯҳлати муайяншуда ё дар маҷмӯи нопурра пешниҳодгашта баррасӣ намешаванд. Довталабон аз натиҷаҳои озмун хабардор карда мешаванд, сабабҳои радкунӣ шарҳ дода намешаванд. Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодгардида баргардонида намешаванд.
                                                                    БАРНОМАИ «ДАСТГИРИИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» 25-26 январи соли 2020 дар чорчубаи барномаи «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки маблағгузораш Вазорати Рушди Байналмилалии Британияи Кабир мебошад ва аз ҷониби Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар меҳмонхонаи «Тоҷ Палас» барои таҳлилгарони мустақил доир ба гузарондани таҳқиқот оид ба муайян кардани сатҳи шаффофияти буҷетҳои маҳаллӣ бозомӯзӣ баргузор гардад. Барномаи «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи оиди муайян кардани шаффофияти буҷети маҳаллиро оғоз намуд. Ҳадафи таҳқиқот арзёбии ҳолати имрўзаи дастрасӣ ба иттилооти буҷетӣ дар асоси 8 ҳуҷҷати калидии буҷетӣ, таҳлили шароитҳое, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия барои иштироки шаҳрвандон дар раванди буҷетӣ муҳайё кардаанд, инчунин ба назар гирифтани пешниҳодҳои мақомоти намояндагии ҳокимият дар марҳалаҳои банақшагирӣ, таҳия, тасдиқ ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ мебошад. Барои ноил гардидан ба ин мақсад таҷрибаи байналмилалии тадқиқоти шаффофияти буҷетҳои маҳаллӣ, ки ба таҷрибаи пешқадами Ҳамкории байналмилалии буҷетӣ асос ёфтааст, истифода бурда мешавад. Мувофиқи чорчӯби мантиқии барномаи «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳқиқотро барои муайян кардани сатҳи шаффофияти буҷетҳои маҳаллӣ дар 20 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Тоҷикистон баргузор менамояд. Ин тадқиқоти сеюмин пас аз тадқиқотҳои пешина, ки дар байни солҳои 2015 ва 2018 гузаронда шуда буд. Хусусияти таҳқиқоти мазкур такмил додани методологияи баҳодиҳии дастрасӣ ва пуррагии ҳуҷҷатҳои калидии буҷет бо мақсади мутобиқ кардани стандартҳои байналмилалии шаффофият ва ҳисоботдиҳии раванди буҷа мебошад. Таҳқиқот унсурҳоро дар бар мегирад, ки ҳамчун як ҷузъи Индекси кушоди буҷа аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии буҷа таҳия шудааст. Ин муносибат устувории ин чорабиниро таъмин хоҳад кард, зеро қисмате, ки унсурҳои индекси шаффофияти буҷетро дар бар мегирад, дар баҳогузории минбаъдаи шаффофияти буҷаҳои Тоҷикистон муфид хоҳад буд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо Манучеҳр Камолиддинов, ҳамоҳангсози бахши таҳлилии барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тариқи телефони (992 37) 227 55 58, ё худ ба тариқи почтаи электронии manuchehr.kamoliddinov@osiaf.tj дар тамос шавед.
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо мақсади дарёфти малакаҳои аввалияи касбӣ ва таҷрибаи фаъолияти касбӣ миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвар барои таҷрибаомӯзии семоҳа, ҳам дар худи Бунёд ва ҳам дар ташкилотҳои ҳамшарик, озмун эълон менамояд. Ба таҷрибаомӯз имконияти интихоби самтҳои мазкур дода мешавад; • Рушди иқтисодӣ • Таҳсилот • Тандурустии ҷамъиятӣ • Ҳуқуқи инсон ва дастрасӣ ба иттилоот Талаботҳои асосӣ: • дастовардҳо ва натиҷаҳои хуб дар таҳсил; • малакаҳои хуби коммуникативӣ, ташаббускорӣ, тавони кор дар ҳайати даста ва мустақилона; • муносибати таҳлилӣ ва эҷодӣ ба ҳалли вазифаҳои гузошта; • малакаҳои кор бо компютер ва таҷҳизоти идоравӣ; • дониши забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Хохишмандон бояд мактуби ҳавасмандӣ, резюме ва роҳхати донишгоҳро то соати 17:00 «6»-уми феврали соли 2020 ба идораи ИҶК БМ дар Тоҷикистон, ба суроғаи зерин пешниҳод намоянд: ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1 (бинои маркази корӣ-тиҷоратии “Бохтар”, ошёнаи 4). Барои маълумоти муфассал метавонед тавассути почтаи электронии osiaf@osiaf.tj ё телефонҳои зерин тамос гиред: 227-55-58; 227-07-16, 227-07-49. Ҳуҷҷатҳое, ки баъди мӯҳлати муқаррашуда пешниҳод мешаванд ё нопурраанд, баррасӣ намешаванд. Довталабон дар бораи натоиҷи озмун хабардор карда мешаванд, сабабҳои рад шудан тафсир намешаванд. Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.
Тақвими соли 2020 ба саводнокии расонаӣ бахшида шудааст. Ин мавзӯъ барои коршиносон хеле фаррох аст, вале барои як нафародами маъмулӣ дарки он муҳим аст, ки чи тавр аз он ба нафъи хешсуде бардорад ва донистани он дар зиндагӣ корашро осон, роҳат ва бехатар кунад. Мутаасифона, дар ҳаҷми 12 саҳифаи тақвим наметавон тамоми паҳлӯҳои саводнокии расонаиро фаро гирифт, вале талош кардем, ки мавзӯъҳои умда ва асосӣ тавсиф шаванд. Паҳлӯҳои зиёди он агар ба худи кормандони расонаҳо марбут бошанд ҳам, донишҳои бунёдӣ ё асосии он ба ҳама равона шудаанд.
Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС