Хабарҳо

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон миёни шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар соҳаҳои машварат ва аудит кор мекунанд, барои пешниҳоди хизматрасониҳои  оид ба коркарди сиёсати харидории маводҳо ва хизматрасониҳо, озмун эълон мекунад. Вазифаҳо ва талаботи тендер дар зерин эълони мазкур оварда шудаанд Барои иштирок дар озмун бояд пешниҳоди тиҷоратӣ ва иттилооти тасдиқкунандаи таҷрибаи кор, то соати 17:00 «03»-ми майи соли 2021 ба суроғаи ш.Душанбе, к.Бохтар 37/1 (бинои маркази кории «Бохтар», ошёнаи 4, утоқи 404) супорида шаванд. Телефонҳо барои тамос: 227-55-58, 227- 07–16, 227-07-13 ва ё суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj   Ҳуҷҷатҳое, ки баъди мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод мешаванд ё нопурраанд, қабул ва баррасӣ намешаванд. Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд. ДОИРАИ ВАКОЛАТҲОИ МУШОВИР ДОИР БА ХАРИДОРӢ Резюме Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон такмили сиёсат ва муносибатҳояшро вобаста ба харидории маводҳо ба нақша гирифтааст, ки онҳо бояд ҳамчун дастурамали риояи низоми харидории маводҳо ва таҷрибаи пешқадам барои ҳамаи кормандон, ки дар равандҳои харид иштирок мекунанд ва инчун, ба барномаҳои Бунёд мусоидат намудан дар ба даст овардани маводу хизматрасониҳои хушсифат, бо нархҳои муносиб ва дар вақти зарурӣ, хизмат намоянд. Тавсифи мухтасар Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз соли 1996 фаъолият мекунад ва як қатор ташаббусҳоро доир ба пешбурди системаҳои фарогири таҳсилот ва тандурустӣ, муносибгардонии иҷтимоӣ-иқтисодӣ, шаффофияти молиявӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳоро иҷро мекунад. Фаъолияти барномавии бунёд аз харидории маводҳо ва хизматрасониҳо иборат аст. Қоида ва дастурамалҳои мавҷудаи Бунёд доир ба хариди маводу хизматрасониҳо як қисми Сиёсати назорати амвол ва хароҷот мебошанд, ки бахшҳои зеринро дар бар мегиранд: интихоби таҳвилкунандагони таҷҳизоти идора ва хизматрасониҳои алоқа расондани ҷиҳози идора ва хизматрасониҳои алоқа тартибот оид ба гузарондани озмунҳо (тендерҳо), ки иборатанд аз: лимити арзиши тендерҳо пешниҳоди дархост барои тендерҳо тартиби баррасии пешниҳодҳо аз рӯи тендерҳо Сиёсати Бунёд оид ба харидориҳо бозбинӣ карда мешавад ва бояд аз ҷанбаҳои зерин иборат бошад: ҳадафи сиёсати харидорӣ; бозбинии сиёсати харидорӣ; принсипҳои харидорӣ; ҳадду марраҳои арзишӣ барои тендерҳои кушода ва харидориҳои мустақим; одоби кормандони Бунёд; ӯҳдадориҳои корманд доир ба харидорӣ; вазифаҳои харид, аз ҷумла масъулияти бахши харидориҳо ва кумитаи харид (узвият, нақшҳо, қарори таъини шартнома, дархост барои пешниҳодҳо, назорати сифат ва ғайра.); харидориҳои таъҷилӣ; истифодаи марраҳои арзишии амалиётҳои нақдӣ; ҳамаи масоили дигар, ки супориши мазкур пешбинӣ накардааст. Бо назардошти набудани ҷанбаҳои дар боло зикршуда, Фонд ният дорад, ки сиёсати хариди худро густариш диҳад ва ҳамаи бахшҳои заруриро илова намояд, то маҷмӯи дастурҳои муфассалро оид ба тарзу усули амалкунӣ дар ҳолатҳои гуногунро дар даст дошта бошад. Вазифаҳои асосии Мушовир: Мушовир барои коркарди сиёсати нави харидҳо, ворид намудани иловаҳо ва ислоҳкуниҳо барои расидан ба ҳадафҳои дар боло зикршуда, масъул хоҳад буд. Вазифаҳои асосии Мушовир баррасӣ ва таҳлили сиёсати ҷории харидорӣ, ва инчунин таҷрибаи Бунёд, ворид намудани тағйиру иловаҳо бо баҳисобгирии талабот ва принсипҳои ахлоқии Бунёд ва мувофиқат ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Хулоса: намуди пешакии сиёсати харидорӣ ва шаклҳо/шаблонҳо бояд бо директори иҷроя ва директори молияи Бунёд ба мувофиқа расонда шаванд. Баъди тасдиқи онҳо Мушовир шакли ниҳоиро омода ва пешниҳод менамояд.   
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Миёни ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, гурӯҳҳои ташаббускор, шахсони инфиродӣ ва фаъолони ҷомеъа озмун эълон менамояд. Ҳадафи озмун - дастгирии лоиҳаҳое, ки ба рушди озодии баён мусоидат карда моҳият/саҳми назарраси иҷтимои доранд, мебошад. Диққати аввалиндараҷа ба лоиҳаҳои эҷодие дода мешавад, ки ҷомеаро ба дарк ва муҳокимаи мушкилоти иҷтимои равона сохта, мубоҳисаи созандаи иҷтимоиро равнақ диҳанд. Барои иштирок дар озмун тартиб додани дархости ташкилот дар платформаи онлайн: www.osiaf.tj (бахши Бурсҳо > Пешниҳоди дархости грантӣ) лозим аст; Меъёрҳои арзёбии дархост: идеяи эҷодӣ аз нигоҳи зарурати иҷтимоии мавзӯи интихобшуда ва инъикос бадеии масоили иҷтимоӣ; муаррифии муътамад, пайдарпайии татбиқи лоиҳа дар дархост; асоси воқеъи доштани хароҷоти банақшагирифташудаи он; мавҷудияти иттилооти ташкилот ва шахси инфироди дар Интернет, саҳифаи Фейсбуки, Youtube, аҳамият ва дурустии маълумоти дар онҳо ҷойгиршуда; мувофиқати таҷриба ва салоҳияти гурӯҳи лоиҳа бо фаъолиятҳои ба нақша гирифташуда; мувофиқат ба арзишҳои ҷамъияти кушода ва рушди озодии баён. Буҷети дархостшавандаи фаъолияти лоиҳавӣ набояд аз 85 000 сомонӣ бештар бошад. Дустони гиромӣ, бо вуҷуди он, ки баъзе аз нафарони хоҳишманди иштирок дар озмун натавонистанд дархостҳояшонро мукаммал карда дар вақти муқарраршуда ба озмун пешниҳод намоянд, мо озмунро тамдид кардем. Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо  – 14 апрели соли 2021. Шахси масъул: Муносиб Мадимаров Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, нопурраанд ва ё баъди муҳлати муқарраршуда ворид мегарданд, баррасӣ намешаванд.  
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои дарёфти ташаббусҳои таҳлилу тадқиқи қонунгузорӣ, имкониятҳо ва монеаҳое, ки ташқилотҳои ҷамъиятӣ дар рафти иҷрои фармоиши иҷтимоӣ дучор мешаванд, озмуни кушодаи бурсӣ эълон менамояд. Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои ҳавасманд, шахсони алоҳида, инчунин гурӯҳҳои манфиатдори ташкилотҳо (эътилофҳо), ки таҷрибаи кори таҳлилӣ, пурсишҳои иҷтимоӣ ва таҳлили қонунгузорӣ доранд, даъват карда мешаванд. Барои маълумот: фармоиши иҷтимоии давлатӣ – шакли ҳуқуқию иқтисодии иҷрои барнома ва лоиҳаи иҷтимоӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ равона гардида, аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ, инчунин маблағи ҷалбшаванда бо роҳи бастани шартномаи байни фармоишгари иҷтимоии давлатӣ ва иҷрокунандаи он таъмин карда мешавад Ҳаҷми буҷети лоиҳа  набояд аз 65 000 сомонӣ бештар бошад. Ҳадафи озмун: Гузаронидани таҳқиқоти мизи корӣ, таҳлили қонунгузорӣ, имкониятҳо ва монеаҳо барои ташқилотҳои ҷамъиятӣ барои иҷрои фармоиши иҷтимоӣ. Меъёрҳои арзёбии дархостҳо: доштани таҷрибаи гузарондани таҳлилҳо ва корҳои тадқиқотӣ. ҷой доштани унскрҳои тиҷоратикунонии фаъолияти ташқилотҳои ҷамъиятӣ; доштани босуботӣ, навгонӣ ва фарогирии масоили дар пеш истода; ҳадафи дақиқ ва методология фаъолият; доштани нақшаҳои дақиқи расидан ба ҳадафҳо ва таъсир ба гурӯҳҳои зерҳадаф; рӯнамоии масоили лоиҳа дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ; сифати тартиб дода шудани дархост; мувофиқати буҷет ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва дар ҳаҷми зарурӣ. Барои иштирок дар озмун пешниҳод намудани дархости пуркарда ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба платформаи www.osiaf.tj (бахши Грантҳо> Пешниҳоди дархостҳои грантӣ) то “29” апрели соли 2021 зарур аст. Машваратҳо доир ба тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба озмун 16 апрели соли 2021, аз соати 14:00 то 16:00 дар шакли онлайн баргузор мегарданд (тасдиқи иштирок бояд ба суроғаи georgiy.gridilyan@osiaf.tj равон карда шавад). Доир ба ҳамаи масоил ва маълумоти иловагӣ метавонед аз суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj бо илова намудани суроғаи georgiy.gridilyan@osiaf.tj истифода баред.   Ҳуҷҷатҳое, ки ба шартҳои озмун ихтилоф доранд, мукаммал нестанд ё дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод нашудаанд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.  
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”  - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон  барои дастгирии бурсии ташаббусҳое, ки дар рушди шаклҳои нави медиаи рақамӣ мусоидат мекунанд озмун эълон менамояд  ҳадафи озмун аз мусоидат дар рушди устувори медиаҳои нав, ки нияти гузариш ба шаклҳои рақамии равобит бо аудитория, дастгирии инкишофи касбии журналистон, ташаккули нашрияҳои онлайн ва беҳдошти кори онҳоро доранд, иборат мебошад. Барои иштирок дар озмун даъват мешаванд: фаъолони инфиродии медиа, блогерҳо, гурӯҳҳои ташаббускори журналистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма, аз ҷумла ВАОи тиҷоратие, ки ҳавасманди такмили кори худ дар платформаҳои рақамӣ ҳастанд. Самтҳои дастгирии стратегияи гузариши ВАО ба шаклҳои рақамии равобит бо аудитория, коркард ва татбиқи модели рушди устувори нашрияҳои рақамӣ (бизнес-план) ва усулҳои соҳибкории нашрияҳои корбариашон онлайн. Буҷети дархост бояд то 100 000 сомонӣ бошад. амаликунонии вазифаи стратегияи ВАО ва фаъолони маданӣ дар пешгирии паҳншавии ахбороти бардурӯғ, муқовимат ба коррупсия ва паст кардани сатҳи нобаробарии иҷтимоӣ, тавассути гузарондани тадқиқотҳои журналистӣ ва омодакунии маводҳои таҳлилӣ дар асоси далелҳо. Буҷети дархост бояд то 100 000 сомонӣ бошад. гузаронидани чорабиниҳои таълимие, ки ба рушди касбии журналистон ва фаъолони маданӣ дар истифодаи медиаҳои рақамӣ нигаронида шудаанд. Буҷети дархост бояд то 50 000 сомонӣ бошад. муносибгардонии маводҳои таълимӣ, замимаҳои веб – ва мобилӣ доир ба воситаҳои чандрасонаӣ ва рақамӣ, саводнокии рақамӣ ва верефикатсияи иттилоот. Буҷети дархост бояд то 50 000 сомонӣ бошад. Барои иштирок дар озмун дархостҳо бояд тариқи онлайн дар суроғаи https://grants.osiaf.tj омода карда шаванд.   Лоиҳаҳои дар доираи озмун қабулшуда аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ карда мешаванд: ҳадафгузории дақиқ дар асоси самтҳои авлавиятноки озмун, муҳимият ва воқеъияти амалигардии мақсадҳои гузошташуда; дарёфти роҳҳои ҳалли инноватсионӣ (барномаҳои веб ё мобилӣ), ҷой доштани таъсири иҷтимоӣ; барои нашрияҳои корбариашон онлайн, доштани нақшаи рушди устувор бо дарназардошти татбиқи механизмҳои соҳибкории рақамӣ; доштани таҷриба ва нерӯи татбиқи лоиҳаҳои амсол, пешниҳоди натиҷаҳои корҳои қаблӣ, ва намунаи корҳои муваффақ (агар бошанд); мутобиқати буҷет бо чорабиниҳои банақшагирифташуда, сифат ва пуррагии дархост аз рӯи талаботи озмун. Мӯҳлати охирини қабули дархост – 29 апрели с. 2021 Оид ба ҳамаи масоили вобаста ба озмун метавонед ба суроғаи ш.Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази кории “Бохтар”, ошёнаи 4, тел: 372275558, 372270716, 372270749 ба шахси масъул Ҳамоҳангсози барномаи “Дастрасӣ ба иттилоот ва медиа” Мавзуна Абдураҳмонова, e-mail: mavzuna.abdurakhmanova@osiaf.tj муроҷиат намоед. Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ Тоҷикистон омода шудаанд, нопурраанд ва ё баъди мӯҳлати нишондодашуда ворид мегарданд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои дарёфти ташаббусҳое, ки ба дастгирии тиҷоратикунонии фаъолияти ТҒД, ва инчунин ба бахши ТҒД омӯзондани малакаҳои соҳибкорӣ равона шудаанд, озмуни кушодаи бурсӣ эълон мекунад. Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои ҳавасманде даъват мешаванд, ки дар самти омӯзондани малакаҳои соҳибкорӣ, мониторинг ва тиҷоратикунонии фаъолияти ТҒД, таҷриба доранд. Ҳаҷми буҷети лоиҳа набояд аз 220 000 сомонӣ бештар бошад. Меъёрҳои арзёбии дархостҳо: доштани таҷрибаи иҷрои лоиҳаҳо дар соҳаи омӯзондани малакаҳои соҳибкорӣ роҳбарикунӣ; ҷой доштани унсурҳои тиҷоратикунонии фаъолияти ТҒД; ҷой доштани унсурҳои босуботӣ, навгонӣ; ҳадафи дақиқ ва методологияи фаъолият; доштани натиҷаҳои дақиқ ва таъсиррасонӣ ба гурӯҳҳои зерҳадаф; рӯнамоии масоили лоиҳа дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ; сифати тартиб додани дархост; мувофиқати буҷет ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва дар ҳаҷми зарурӣ. Барои иштирок дар озмун пешниҳод намудани дархости пуркарда ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба платформаи www.osiaf.tj (бахши Грантҳо> Пешниҳоди дархостҳои грантӣ) то “17” марти соли 2021 зарур аст. Машваратҳо доир ба тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба озмун 10 марти соли 2020, аз соати 14:00 то 16:00 дар шакли онлайн дар заминаи Microsoft Teams баргузор мегарданд (тасдиқи иштирок бояд ба суроғаи georgiy.gridilyan@osiaf.tj равон карда шавад). Доир ба ҳамаи масоил ва маълумоти иловагӣ метавонед аз суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj бо илова намудани суроғаи georgiy.gridilyan@osiaf.tj истифода баред.   Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, номукаммаланд ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод мешаванд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои дарёфти ташаббусҳое, ки ба дастгирии соҳибкории иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, озмуни кушодаи бурсӣ эълон мекунад. Дар озмун метавонанд шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ иштирок намоянд. Барои маълумот: соҳибкории иҷтимоӣ — ин фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ мебошад, ки ба ҳалли проблемаҳои иҷтимоии ҷомеа, роҳҳои рушди фаъолияти иҷтимоии зарурӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои муносиб барои худфаъолиятӣ, аз ҷумла ташкил кардани ҷойҳои корӣ барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ, нигаронида шудааст.  Вазифа ва ҳадафҳои асосии соҳибкории иҷтимоӣ инҳоянд: - паст кардани сатҳи камбизоатӣ; - ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ; - мусоидат дар роҳнамоии касбӣ ва бо кор таъмин намудан, аз ҷумла худфаъолиятӣ; - рушди соҳаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ; - рушди косибӣ, сайёҳӣ (агросайёҳӣ, экосайёҳӣ ва ғайра.), ташкил кардани устохонаҳои эҷодӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ. Ҳаҷми буҷети лоиҳа набояд аз 165 000 cомонӣ зиёдтар бошад. Меъёрҳои арзёбии дархостҳо: ҷой доштани унсурҳои босуботӣ, навгонӣ; дарки принсипҳои соҳибкории иҷтимоӣ; ҳадафи дақиқ ва аҳамияти амалии иҷтимоии он; рӯнамоии масоили лоиҳа дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ; сифати тартиб додани дархост; мувофиқати буҷет ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва дар ҳаҷми зарурӣ; Барои иштирок дар озмун пешниҳод намудани дархости пуркарда ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба платформаи www.osiaf.tj (бахши Грантҳо> Пешниҳоди дархостҳои грантӣ) то “17” марти соли 2021 зарур аст. Машваратҳо доир ба тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба озмун 5 марти соли 2021, аз соати 14:00 то 16:00 дар шакли онлайн дар заминаи Microsoft Teams баргузор мегарданд (тасдиқи иштирок бояд ба суроғаи georgiy.gridilyan@osiaf.tj равон карда шавад). Доир ба ҳамаи масоил ва маълумоти иловагӣ метавонед аз суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj бо илова намудани суроғаи georgiy.gridilyan@osiaf.tj истифода баред.   Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, номукаммаланд ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод мешаванд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.  
                       Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”                                                       Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Барномаи дастгирии таҳсилот озмуни кушодаи лоиҳаҳоро барои дастгирии ташаббусҳои ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар иҷрои лоиҳаҳо дар ҳамкорӣ бо намояндагони ВАО ва журналистон доир ба таҳия ва намоиши моделҳои самараноки ҷонибдорӣ ва рӯнамоии масоили сифати таҳсилот ва муносибатҳои фарогирӣ дар соҳаи таҳсилот, эълон менамояд Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои ҷамъиятии ҳавасманд, ассотсиатсияиҳои волидон, журналистон, намояндагони васоити ахбори омма даъват карда мешаванд. Самтҳои афзалиятноки озмун инҳоянд: Мусоидат ба таҳкими нерӯи намояндагони Ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар иҷрои лоиҳаҳои шарикӣ бо журналистон ва ВАО доир ба рӯнамоии масоили мубрами соҳаи таҳсилот, муҳимияти рушди муносибатҳои таҳсилоти фарогир, дастрасии кӯдакони талаботи махсуси таҳсилотидошта ба низоми таҳсилоти умумӣ, рушди шаклҳои таҳсили фосилавӣ ҳавасманд мебошанд. Таҳияи маводҳои касбӣ ва босифат дар шаклҳои мухталифи ВАО (нашрҳо, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, филмҳо, роликҳо, подкастҳо ва ғайра). Таҳкими ҳамкориҳои Ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо журналистон ва ВАО барои таҳияи стратегияи ба роҳ мондани фаъолияти ҳадафманд ва пайдарҳам доир ба адвокатсия ва такмили маълумотнокии ҷомеа. Меъёрҳои интихоб: ҳадафҳои возеҳ дар асоси афзалияти озмун, актуалӣ ва воқеияти амалигардии мақсадҳои гузошташуда; навгонии ғоя ва роҳҳои ҳалли он; доштани таҷриба ва нерӯ дар татбиқи лоиҳаҳои амсол, пешниҳод намудани натиҷаҳои лоиҳаҳои пешина, дар ҳолати будани онҳо; мутобиқати буҷет ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва талаботи озмун; дархостҳои ҳамшарик пазируфта мешаванд; сифат ва пурраггии лоиҳа; ҳамкорӣ бо вазоратҳои соҳавӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ. Дар чорчӯбаи озмуни мазкур буҷаи дархостшаванда набояд аз 110 000 сомони бештар бошад. Барои иштирок дар озмун бояд дархости пуркарда ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ то 25 марти соли 2021 дар платформаи онлайни www.osiaf.tj (бахши Грантҳо> Пешниҳоди дархостҳои грантӣ) пешниҳод карда шаванд. Оид ба ҳамаи масоили вобаста ба озмун ба суроғаи ш.Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии “Бохтар”, ошёнаи 4, тел: 275558, 372270716, 372270749 муроҷиат намоед. Шахси масъул: Қобилова Гулчеҳра - ҳамоҳангсози барномаи дастгирии таҳсилот, e-mail: gulchehra.kabilova@osiaf.tj Ҳуҷҷатҳое, ки ба шартҳои озмун ихтилоф доранд, мукаммал нестанд ё дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод нашудаанд, баррасӣ намешаванд. Маводи пешниҳодшуда баргардонида намешавад.  
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти  «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон  барои сохтани сомонаи интернетии ИҶК БМ миёни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ озмун эълон мекунад. Барои иштирок дар озмун бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд: пешниҳоди тиҷоратӣ, (дар асоси «фармоиши техникӣ» таҳияшуда), ки муддати чилупанҷ (45) рӯз аз санаи ниҳоии қабули пешниҳодҳои тиҷоратӣ амал мекунад намуди корҳо (намунаи сайтҳо, бо нишон додани ишораҳо (ссилкаҳо)) сертификатҳо, сипосномаҳо ва ғайра (агар бошанд) Арзиши умумӣ бо асъори миллӣ, ва бо баҳисобгирии андозҳо нишон дода шавад. Бо фармоиши техникӣ метавонед дар сомонаи osiaf.tj шинос шавед. Маҷмӯи ҳуҷҷатҳо бояд то соати 17:00 «15» марти соли 2021 ба идораи Бунёд ба суроғаи ш.Душанбе, к.Бохтар 37/1 (маркази корӣ ва тиҷоратии «Бохтар», ошёнаи 4), бо ишораи «Озмун барои сохтани сайти osiaf» пешниҳод карда шаванд ва ё тавассути почтаи электронии osiaf@osiaf.tj равон карда шаванд. Барои маълумоти муфассал метавонед ба Таҳмина Нағзибекова PR&Communication Prоgram Coordinator, takhmina.nagzibekova@osiaf.tj муроҷиат намоед.   Телефонҳо барои тамос: 227-55-58; 227-07-16, 441-07-47; Ҳуҷҷатҳое, ки баъди мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод мешаванд ё нопурраанд, қабул ва баррасӣ намешаванд. Довталабон дар бораи натиҷаҳои озмун огоҳ карда мешаванд, сабаби рад шудани дархостҳо тафсир дода намешаванд.  Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.  
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои интихоби истеҳсолкунанда ва таҳвилкунандаи маводҳои полиграфӣ, нашри буклетҳо, сертификатҳо, баргаҳо, постерҳо, баннерҳо, флайёрҳо, чоп ва нусхабардории маводҳо ва истеҳсоли армуғонҳо, озмун эълон менамояд. Барои иштирок дар озмун бояд маҷмӯи ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд: мактуби ҳавасмандӣ барои иштирок дар озмун бо нишон додани шартҳо ва муҳлатҳои истеҳсоли маҳсулот; нархномаи хизматрасониҳо; номи шахси воқеъӣ ё ташкилот бо ишора ба шахси масъули имзои шартномаҳо; маҷмӯи ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ бо нишон додани суратҳисоби ташкилот ва нусхаи литсензия барои пеш бурдани фаъолият; ду тавсиянома. Маҷмӯи ҳуҷҷатҳо ва пешниҳодҳо бояд то соати 17:00 «27»-ми феврали соли 2021 ба суроғаи ш.Душанбе, к. Бохтар 37/1 (бинои маркази корӣ ва тиҷоратии «Бохтар», ошёнаи 4, идораи 404) расонда шаванд. Телефонҳо барои тамос: 227-55-58, 227- 07–16, 227-07-13 ва ё osiaf@osiaf.tj   Ҳуҷҷатҳое, ки баъди муҳлати муқарраршуда ворид мешаванд, нопурраанд ва ба талаботи ИҶК БМ дар Тоҷикистон мувофиқ нестанд, баррасӣ намешаванд. Довталабон дар бораи натиҷаҳои озмун огоҳ карда мешаванд, сабаҳои рад шудани пешниҳодҳо шарҳ дода намешаванд. Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи Муҳосиб - хазинадор  озмуни кушода эълон мекунад Вазифаҳои асосии хизматӣ: баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ доир ба якчанд самтҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ, аз ҷумла бонк, хазина, воситаҳои асосӣ ва пешпардохтҳо; баҳисобгирӣ ва пардохти корҳо ва хизматрасониҳо мутобиқи шартномаҳои шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ; баҳисобгирӣ ва пардохти молҳо, маводҳо ва хизматрасониҳо аз рӯи ҳисоб-фактураҳои пешниҳодшуда; тартиб додани супоришномаҳои пардохтӣ барои ҳамаи суратҳисобҳои бонкӣ аз рӯи системаи "онлайн-бонкинг"; кор бо ҳуҷҷатҳои аввалия ва идоракунии ҳуҷҷатҳо дар баҳисобгирии муҳосиботӣ; гузарондан ва назорати санадҳои муқоисавӣ бо таъминкунандагон; гузарондани муқоисаҳои мунтазам дар самтҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ бо сабтҳои муҳосибавӣ дар система; мубодилаи мукотиба бо бонкҳо; ба роҳ мондани баҳисобгирии муҳосибавии хароҷоти маводҳои сӯзишворӣ. таъминкунии бехатарии ҳуҷҷатҳои Департаменти молия ва омодакунии онҳо барои тафтиши аудиторӣ ва таҳвил ба бойгонӣ; Талабот: маълумоти олӣ ё миёнаи махсус дар соҳаи мазкур; донистани асосҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳӣ; донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ; собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на кам аз 3 сол; донистани барномаҳои асосии компютерӣ, инчунин Microsoft Excel; доштани маҳорати таҳлилӣ, малакаҳои идоракунии базаи додаҳо, истифодаи таъминкунии барномавӣ; доштани маҳорату малакаҳои кор дар системаи «онлайн-бонкинг»; лаёқати кор дар ҳайати даста, муколамаи самараноки даҳонӣ ва мукотиба, риояи муҳлатҳои муқарраршуда. Барои иштирок дар озмун номаи ҳавасмандӣ, резюме, ва ҳуҷҷатҳоеро, ки доштани таҷрибаи кор ва маълумоти мувофиқро тасдиқ менамоянд, то соати 18:00, 10 декабри соли 2020 ба суроғаи: ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази корӣ ва тиҷоратии "Бохтар", ошёнаи 4, ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи почтаи электронии osiaf@osiaf.tj  пешниҳод карда шаванд. Ҳуҷҷатҳое, ки баъди муҳлати муқарраршуда ворид мешаванд, нопурраанд ва бо вайронкунии шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, баррасӣ намешаванд. Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд  
                                              Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти      «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон  барои харидорӣ ва дастрас намудани васоити ҳифозатии инфиродии зерин тендер эълон менамояд: Номгӯй Шумора Ниқобчаҳои кӯдакона, аз матои пахтагин - 15000 дона Ниқобчаҳо барои калонсолон, 3-қабата - 10000 дона Дастпӯшҳо (100 донагӣ дар ҳар баста) - 250 баста Барои иштирок дар тендер ҳуҷҷатҳои зерин бояд ба суроғаи osiaf@osiaf.tj равон карда шаванд: ·               - пешниҳоди тиҷоратӣ оид ба дастрас намудани маҳсулот; ·               - аксҳо ва сертификатҳо доир ба маҳсулоти пешниҳодшаванда; ·               - иқтибос аз Реестри ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони      инфиродӣ, ки на бештар аз 30 рӯз пеш гирифта шудааст. Мӯҳлати ниҳои қабули ҳуҷҷатҳо – 23 сентябри соли 2020. Ҳуҷҷатҳое, ки бо риоя накардани талаботи ИҶК БМТ тартиб дода шудаанд, номукаммаланд ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда ворид мешаванд, баррасӣ карда намешаванд. Ҳуҷҷатҳои ба тендер воридшуда баргардонида намешаванд.
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон озмуни кушод барои гирифтани бурс дар пешбурди ташаббусҳое, ки барои гирифтани аккредитатсияи байналмилалии сифати таҳсилоти олии касбӣ равона шудаанд, эълон менамояд. Барои иштирок дар озмун муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон даъват карда мешаванд. Самтҳои афзалиятдор озмун инҳоанд: Мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ, коргузорӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии донишгоҳ ба талаботи агентии аккредитатсияи байналмилалӣ, гузаштан  ва гирифтани шаҳодатномаи сифати таълимии агентии мустақили аккредитатсияи байналмилалӣ. Дар доираи ин афзалият буҷаи дархостшуда на беш аз 200 000 сомониро ташкил диҳад. Барои иштирок дар озмун бояд дархости пуркарда ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ то 5 октябри соли 2020 дар платформаи онлайни www.osiaf.tj (бахши Грантҳо> Пешниҳоди дархостҳои грантӣ) пешниҳод карда шавад. Лоиҳаҳои дар доираи озмун қабулгардида аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд: • ҳадафҳои возеҳ дар асоси афзалияти озмун, актуалӣ ва воқеияти амалигардии мақсадҳои гузошташуда; • навгонии ғоя ва роҳҳои ҳалли он; • доштани таҷриба ва нерӯ дар татбиқи лоиҳаҳои амсол, пешниҳод намудани натиҷаҳои лоиҳаҳои пешина, дар ҳолати будани он; • мутобиқати буҷет ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва талаботи озмун; • ҳамшарикӣ дар амалигардии лоиҳа пазируфта мешавад; • сифат ва пурраггии лоиҳа. Оид ба ҳамаи масоили вобаста ба озмун ба суроғаи ш.Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии “Бохтар”, ошёнаи 4, тел: 275558, 372270716, 372270749 муроҷиат намоед. Шахси масъул: Камолиддинов Манучехр - ҳамоҳангсози барномаи Таҳсилоти олӣ ва стипендияҳо, е-mail: manuchehr.kamoliddinov@osiaf.tj Ҳуҷҷатҳое, ки ба шартҳои озмун ихтилоф доранд, мукаммал нестанд ё дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод нашудаанд, баррасӣ намешаванд. Маводи пешниҳодшуда баргардонида намешавад.
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон озмуни кушод барои гирифтани бурс дар пешбурди ташаббусҳо барои таҳия ва ҷорӣ намудани курси тафаккури интиқодӣ дар раванди таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон равона шудааст, эълон менамояд. Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои ҳавасманд, аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва асотсиатсияҳо даъват карда мешаванд. Самтҳои афзалиятдори озмун инҳоанд: Таҳияи нақшаҳои таълимӣ, курсҳои таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон, таҳияи силлабусҳо, омӯзондани ҳайати омӯзгорон доир ба таълими курсҳои тафаккури интиқодӣ, гузарондани озмоиши курсҳои таҳияшуда, маводҳои таълимӣ дар ҷараёни таълим.  Дар доираи ин афзалият буҷаи дархостшуда на беш аз 100 000 сомониро ташкил диҳад. Барои иштирок дар озмун бояд дархости пуркарда ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ то 25 сентябри соли 2020 дар платформаи онлайни www.osiaf.tj (бахши Грантҳо> Пешниҳоди дархостҳои грантӣ) пешниҳод карда шавад. Лоиҳаҳои дар доираи озмун қабулгардида аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд: • ҳадафҳои возеҳ дар асоси афзалияти озмун, актуалӣ ва воқеияти амалигардии мақсадҳои гузошташуда; • навгонии ғоя ва роҳҳои ҳалли он; • доштани таҷриба ва нерӯ дар татбиқи лоиҳаҳои амсол, пешниҳод намудани натиҷаҳои лоиҳаҳои пешина, дар ҳолати будани он; • мутобиқати буҷет ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва талаботи озмун; • ҳамшарикӣ дар амалигардии лоиҳа пазируфта мешавад; • сифат ва пурраггии лоиҳа. Оид ба ҳамаи масоили вобаста ба озмун ба суроғаи ш.Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии “Бохтар”, ошёнаи 4, тел: 275558, 372270716, 372270749 муроҷиат намоед. Шахси масъул: Камолиддинов Манучехр - ҳамоҳангсози барномаи Таҳсилоти олӣ ва стипендияҳо, е-mail: manuchehr.kamoliddinov@osiaf.tj Ҳуҷҷатҳое, ки ба шартҳои озмун ихтилоф доранд, мукаммал нестанд ё дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод нашудаанд, баррасӣ намешаванд. Маводи пешниҳодшуда баргардонида намешавад.
                                              Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон озмуни кушод барои гирифтани бурс дар пешбурди ташаббусҳо дар рушди таҳлилӣ/тадқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, коркарди усулҳо ва барномаҳои нав, ки имкон барои рушди маҳорати таҳлилӣ-таҳқиқотии хатмкунандагонро фароҳам меорад, эълон менамояд. Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои ҳавасманд, аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва таҳқиқотӣ, асотсиатсияҳо даъват карда мешаванд. Самтҳои афзалиятдор озмун инҳоанд: Таҳкими малакаҳои таҳлилӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон, омода намудани усулҳо ва методҳои нави тайёр кардани мутахассисони дорои малакаҳои таҳлилӣ, рушд додани корҳои таҳқиқотӣ-таҳлилӣ бо ҷалби потенсиали донишгоҳ ва донишҷӯён. Дар доираи ин афзалият буҷаи дархостшуда на беш аз 100 000 сомониро ташкил диҳад. Барои иштирок дар озмун бояд дархости пуркарда ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ то 25 сентябри соли 2020 дар платформаи онлайни www.osiaf.tj (бахши Грантҳо> Пешниҳоди дархостҳои грантӣ) пешниҳод карда шавад. Лоиҳаҳои дар доираи озмун қабулгардида аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд: • ҳадафҳои возеҳ дар асоси афзалияти озмун, актуалӣ ва воқеияти амалигардии мақсадҳои гузошташуда; • навгонии ғоя ва роҳҳои ҳалли он; • доштани таҷриба ва нерӯ дар татбиқи лоиҳаҳои амсол, пешниҳод намудани натиҷаҳои лоиҳаҳои пешина, дар ҳолати будани он; • мутобиқати буҷет ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва талаботи озмун; • ҳамшарикӣ дар амалигардии лоиҳа пазируфта мешавад; • сифат ва пурраггии лоиҳа. Оид ба ҳамаи масоили вобаста ба озмун ба суроғаи ш.Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии “Бохтар”, ошёнаи 4, тел: 275558, 372270716, 372270749 муроҷиат намоед. Шахси масъул: Камолиддинов Манучехр - ҳамоҳангсози барномаи Таҳсилоти олӣ ва стипендияҳо, е-mail: manuchehr.kamoliddinov@osiaf.tj Ҳуҷҷатҳое, ки ба шартҳои озмун ихтилоф доранд, мукаммал нестанд ё дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод нашудаанд, баррасӣ намешаванд. Маводи пешниҳодшуда баргардонида намешавад.
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусе, ки ба татбиқ ва рушди механизми ҳифзи ҳуқуқи кормандон, ҳам дар бахши шуғли расмӣ ва ҳам дар бахши ғайрирасмӣ равона шудааст,  озмуни кушодаи бурсӣ эълон мекунад. Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои ҳавасманде даъват мешаванд, ки дар соҳаи ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои аҳолӣ, таҷриба доранд. Ҳаҷми буҷети лоиҳа набояд аз 225 000 сомонӣ бештар бошад. Меъёрҳои арзёбии дархостҳо: ҷой доштани элементҳои босуботӣ, навгонӣ; ҳадафи дақиқ ва аҳамияти амалии иҷтимоӣ; рӯнамоии масоили лоиҳа дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ; сифати тартиб додани дархост; мувофиқати буҷет ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва дар ҳаҷми зарурӣ; мувофиқат ба ҳамаи меъёрҳои бехатарии эпидемиологӣ. Барои иштирок дар озмун пешниҳод намудани дархости пуркарда ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба платформаи www.osiaf.tj (бахши Грантҳо> Пешниҳоди дархостҳои грантӣ) то “12” сентябри соли 2020 зарур аст. Машваратҳо доир ба тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба озмун 4 сентябри соли 2020, аз соати 14:00 то 16:00 дар шакли онлайн баргузор мегарданд (тасдиқи иштирок бояд ба суроғаи georgiy.gridilyan@osiaf.tj равон карда шавад). Доир ба ҳамаи масоил ва маълумоти иловагӣ метавонед аз суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj бо илова намудани суроғаи georgiy.gridilyan@osiaf.tj истифода баред.   Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, номукаммаланд ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод мешаванд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон   барои ташаббусҳои дастгирӣ ва рушди фаъолияти даромадовар, соҳибкории хурду миёна, соҳибкорони инфиродӣ, ташаккули ҷойҳои корӣ ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба пандемияи COVID-19  озмуни кушодаи бурсӣ эълон мекунад. Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои ҳавасманде даъват мешаванд, ки дар самтҳои мазкури фаъолият таҷриба доранд. Ҳаҷми буҷети лоиҳа набояд аз 110 000 сомонӣ бештар бошад. Меъёрҳои арзёбии дархостҳо: ҷой доштани элементҳои босуботӣ, навгонӣ; ҳадафи дақиқ ва аҳамияти амалии иҷтимоӣ; рӯнамоии масоили лоиҳа дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ; сифати тартиб додани дархост; мувофиқати буҷет ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва дар ҳаҷми зарурӣ; мувофиқат ба ҳамаи меъёрҳои бехатарии эпидемиологӣ. Барои иштирок дар озмун пешниҳод намудани дархости пуркарда ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба платформаи www.osiaf.tj (бахши Грантҳо> Пешниҳоди дархостҳои грантӣ) то “14” сентябри соли 2020 зарур аст. Машваратҳо доир ба тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба озмун 3 сентябри соли 2020, аз соати 14:00 то 16:00 дар шакли онлайн баргузор мегарданд (тасдиқи иштирок бояд ба суроғаи georgiy.gridilyan@osiaf.tj равон карда шавад). Доир ба ҳамаи масоил ва маълумоти иловагӣ метавонед аз суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj бо илова намудани суроғаи georgiy.gridilyan@osiaf.tj истифода баред.   Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, номукаммаланд ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод мешаванд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар байни ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, гурӯҳҳои ташаббускор ва шахсони инфиродӣ/фаъолони ҷомеъа  озмун эълон менамояд.  Ҳадафи озмун - дастгирии идеяҳо/лоиҳаҳое, ки (а) рушди озодии баён ва арзишҳои “ҷамъияти кушода”-ро (б) дар интернет/шабаки иҷтимоӣ (в) тавассути навъҳои гуногуни санъат (мисол: комиксҳои мустанад, коллажи аксҳо, мемҳо, иллюстратсия, видеонаворҳо, интернет радио, театр/осорхона/галереяҳои виртуалӣ ва амсоли инҳо) тарвиҷ диҳанд. Барои иштирок дар озмун тартиб додани дархости ташкилот дар платформаи онлайн: www.osiaf.tj (бахши Бурсҳо > Пешниҳоди дархости грантӣ) лозим аст; Меъёрҳои арзёбии дархост: идеяи эҷодӣ аз нигоҳи зарурати иҷтимоии мавзӯи интихобшуда ва инъикос бадеии масоили иҷтимоӣ; муаррифии муътамад, пайдарпайии татбиқи лоиҳа дар дархост асоси воқеъи доштани хароҷоти банақшагирифташудаи он; мувофиқат ба арзишҳои «ҷамъияти кушода». Буҷети дархостшавандаи фаъолияти лоиҳавӣ набояд аз 77 000 сомон бештар бошад. Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо – 30 сентябри соли 2020.  Машваратҳо оиди тартиб додани дархост дар таърихи 18 сентябри соли 2020 соати 14.00-16.00 тариқи онлайн баргузор мегардад. (барои иштирок дар машварат пешаки ба почтаи электронии munosib.madimarov@osiaf.tj дархост равон кунед). Шахси масъул: Муносиб Мадимаров Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, нопурраанд ва ё баъди муҳлати муқарраршуда ворид мегарданд, баррасӣ намешаванд.
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои дастгирии бурсӣ озмун эълон менамояд Ҳадафи озмун ба ҷомеа пешниҳод намудани иттилоот атрофи масоили мубрам мебошад, ки дар асоси маводҳои иттилоотӣ – таҳлилии босифат таҳия шуда барои пешгирӣ ва рафъи паҳншавии сирояти COVID-19 мусоидат менамоянд. Барои иштирок дар озмун даъват мешаванд: ВАО-и мустақил ва ташкилотҳои чамъиятӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ва инчунин рузноманигорони инфиродӣ, фаъолони соҳаи медиа ва блоггерон. Самтҳои авлавиятдор инҳоянд: дастгирии кори нашрияҳои васоити ахбори омма дар пайгирӣ ва нашри иттилооти босифат вобаста ба COVID-19, дар асоси журналистикаи тафсирӣ, баёнотӣ ва журналистикаи додаҳо. Буҷети дархост набояд беш аз 100 000 сомонӣ бошад; мусоидат дар пешгирӣ ва коҳиш додани паҳншавии ахбороти бардурӯғ вобаста ба COVID-19 тавассути гузарондани тадқиқотҳои журналистӣ ва омодакунии маводҳои таҳлилӣ дар асоси додаҳо. Буҷети дархост набояд беш аз 100 000 сомонӣ бошад; гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ, мактабҳои таҷрибавӣ ва барномаҳои роҳнамоӣ, ки ба рушди касбии журналистон ва фаъолони ҷомеа дар гузаронидани тадқиқотҳои журналистикӣ дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ, аз ҷумла доир ба масоили паҳншавии сирояти коронавирусии COVID-19, равона гардидаанд. Буҷети дархост набояд беш аз 200 000 сомонӣ бошад; Барои иштирок дар озмун дархостҳо бояд тариқи онлайн дар суроғаи https://grants.osiaf.tj ҷойгир карда шаванд.   Дархостҳои дар чорчӯбаи озмун қабулшуда аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд: ҳадафгузории дақиқи вобаста ба самтҳои авлавиятноки озмун, муҳимият ва воқеъияти иҷрои вазифаҳои дар пешгузошта; дарёфти роҳҳои ҳалли инноватсионӣ (барномаҳои веб ё мобилӣ), бо воситаҳои таъсири иҷтимоӣ ва муносибати босубот тавассути татбиқи механизмҳои даромаднокӣ; доштани таҷриба ва нерӯ барои иҷрои лоиҳаҳои амсол, пешниҳод намудани натоиҷи корҳои собиқ (агар ҷой дошта бошанд); мувофиқати буҷет ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва талаботи озмун; ҳамкорӣ бо як ё якчанд ташкилот, аз ҷумла муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ пазируфта мешаванд; сифат ва пуррагии дархост. Мӯҳлати ниҳоии қабули дархостҳо – 20 сентябри соли 2020 Барои маълумоти муфассал оид ба озмуни мазкур метавонед ба суроғаи ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази кории “Бохтар”, ошёнаи 4, тел: 275558, 372270716, 372270749 ба шахси масъул Ҳамоҳангсози барномаи «Дастрасӣ ба иттилоот ва медиа» Мавзуна Абдураҳмонова, e-mail: mavzuna.abdurakhmanova@osiaf.tj муроҷиат намоед. Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ Тоҷикистон омода шудаанд, нопурраанд ва ё баъди мӯҳлати нишондодашуда ворид мегарданд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои ишғоли мақоми  ассистент доир ба идоракунии грантҳо озмун эълон мекунад Вазифаҳои асосии хизматӣ: гузарондани мониторинги молиявии грантҳои Бунёд (қабул кардан ва тафтиш намудани ҳисоботҳои молиявӣ), муайан намудани натоиҷи мувофиқати он ба фаъолияти барномавӣ, пешниҳод намудани равобити мунтазам миёни кормандон ва грантгирандагони бунёд доир ба натиҷаҳои тафтиш; иштирок намудан дар мониторингҳои пешазгрантии дархосткунандагон, ва инчунин дар мониторингҳои мавриди фаъолият ва ба анҷом расидани лоиҳаҳо; гузаронидани машваратҳо барои дархосткунандагон ва грантгирандагон доир ба масоили вобаста ба идоракунии грантҳо, масоили техникии истифодабарии платформаи бақайдгирии дархостҳо ва ҳисоботҳо, расондани кӯмак дар ташкилкунии бозомӯзиҳо; пешниҳод намудани машваратҳо ба ҳайати Бунёд доир ба кор бо таъминкунии барномавии истифодабарии платформа барои бақайдгирии грантҳо, истифодабарии платформа барои бақайдгирии дархостҳо ва ҳисоботи молиявӣ. Талабот аз номзад: қобилияти таҳлилӣ, малакаҳои идоракунии базаи додаҳо, истифодабарии таъминкунии барномавӣ, дониши барномаҳои асосии компютерӣ, аз ҷумла Microsoft Excel; маълумоти иқтисодӣ, таҷрибаи тафтиши ҳисоботи молиявӣ; малакаи кор дар ҳайати даста, муносибати самаранок ҳам дар гуфтугу ва ҳам дар шакли  мукотиба, риоя намудани талаботи муқарраршуда; донистани забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ. Барои иштирок дар озмун пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст: мактуби ҳавасмандӣ; CV; ҳуҷҷатҳое, ки маълумот ва таҷрибаи корро тасдиқ мекунанд. Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо тамдид карда шудааст - 25 июни соли 2020, то соати 18:00. Таваҷҷуҳ! Дархосткунандагоне, ки пештар ҳуҷҷатҳояшонро то муҳлати ниҳоии 10 июни соли 2020 равон карда буданд, бояд ҳуҷҷатҳоро такроран ба озмун пешниҳод намоянд. Барои маълумоти муфассал метавонед тавассути суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj тамос гиред. Ҳуҷҷатҳо бояд ба суроғаи зерин равон карда шаванд: ш.Душанбе, к.Бохтар 37/1 Маркази корӣ ва тиҷоратии «Бохтар», ошёнаи 4. Қуттии махсус барои қабули ҳуҷҷатҳо дар даромадгоҳи идора ҷойгир шудааст. Инчунин, ҳуҷҷатҳоро метавонед дар шакли электронӣ ба суроғаи  osiaf@osiaf.tj равон кунед. Ҳуҷҷатҳое, ки бе риояи шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, нопурранд ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод мегарданд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд  
                    Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”                                                          Бунёди Мадад дар Тоҷикистон                                                            барои ишғоли мақоми                                               ассистент доир ба идоракунии грантҳо                                                         озмун эълон мекунад Вазифаҳои асосии хизматӣ: гузарондани мониторинги молиявии грантҳои Бунёд (қабул кардан ва тафтиш намудани ҳисоботҳои молиявӣ), муайан намудани натоиҷи мувофиқати он ба фаъолияти барномавӣ, пешниҳод намудани равобити мунтазам миёни кормандон ва грантгирандагони бунёд доир ба натиҷаҳои тафтиш; иштирок намудан дар мониторингҳои пешазгрантии дархосткунандагон, ва инчунин дар мониторингҳои мавриди фаъолият ва ба анҷом расидани лоиҳаҳо; гузаронидани машваратҳо барои дархосткунандагон ва грантгирандагон доир ба масоили вобаста ба идоракунии грантҳо, масоили техникии истифодабарии платформаи бақайдгирии дархостҳо ва ҳисоботҳо, расондани кӯмак дар ташкилкунии бозомӯзиҳо; пешниҳод намудани машваратҳо ба ҳайати Бунёд доир ба кор бо таъминкунии барномавии истифодабарии платформа барои бақайдгирии грантҳо, истифодабарии платформа барои бақайдгирии дархостҳо ва ҳисоботи молиявӣ   Талабот аз номзад: қобилияти таҳлилӣ, малакаҳои идоракунии базаи додаҳо, истифодабарии таъминкунии барномавӣ, дониши барномаҳои асосии компютерӣ, аз ҷумла Microsoft Excel; маълумоти иқтисодӣ, таҷрибаи тафтиши ҳисоботи молиявӣ; малакаи кор дар ҳайати даста, муносибати самаранок ҳам дар гуфтугу ва ҳам дар шакли  мукотиба, риоя намудани талаботи муқарраршуда; донистани забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ.Барои иштирок дар озмун пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст: мактуби ҳавасмандӣ; CV; Ҳуҷҷатҳое, ки маълумот ва таҷрибаи корро тасдиқ мекунанд. Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо - 10 июни соли 2020, то соати 18:00. Барои маълумоти муфассал метавонед тавассути суроғаи электронии osiaf@osaif.tj. тамос гиред. Ҳуҷҷатҳо бояд ба суроғаи зерин равон карда шаванд: ш.Душанбе, к.Бохтар 37/1 Маркази корӣ ва тиҷоратии «Бохтар», ошёнаи 4. Қуттии махсус барои қабули ҳуҷҷатҳо дар даромадгоҳи идора ҷойгир шудааст. Инчунин, ҳуҷҷатҳоро метавонед дар шакли электронӣ ба суроғаи  osiaf@osaif.tj равон кунед   Ҳуҷҷатҳое, ки бе риояи шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, нопурранд ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод мегарданд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои дарёфт намудани литсензияи таҷҳизоти Cisco Meraki барои се сол, тендер эълон менамояд. Рӯйхати таҷҳизот: Security appliance Mx84 – 1 дона Switch MS250-48LP – 1 дона Wireless AP MR53 – 3 дона Барои иштирок дар тендер шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ даъват карда мешаванд, ки бо Cisco Meraki доир ба пешниҳоди литсензия созишнома доранд: Барои иштирок дар тендер пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст: 1.      Мактуб – дархост барои иштирок дар тендер бо нишон додани маълумоти зерин: Иттилоот дар бораи ташкилот ва ё шахси воқеӣ; 2.      Ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ташкилот; барои шахсони воқеӣ – ҳуҷҷатҳое, ки дар бораи ихтисоси касбӣ шаҳодат медиҳанд, ва ҳуҷҷатҳое, ки иҷро намудани фаъолияти мазкурро иҷозат медиҳанд. 3.      Доштани тавсияномаҳо пазируфта мешаванд.. Мӯҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо – «21»-ми майи соли 2020. Дархост бояд ба идораи ИҶК БМТ дар лифофаи сарбаста бо ишораи «Литсензияи Cisco Meraki» ба суроғаи: ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази корӣ ва тиҷоратии "Бохтар", ошёнаи 4 идораи 403. тел: 227-07-16, 227-07-49, 227-55-58 пешниҳод карда шаванд ва ё тариқи почтаи электронии osiaf@osiaf.tj равон карда шавад. Ҳуҷҷатҳое, ки бе риояи шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, нопурранд ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод мегарданд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои харидорӣ ва дастрас намудани маводҳои зерини ҳифозатии инфиродӣ барои муаассисаҳои тиббӣ  тендер эълон мекунад: Респираторҳои филтрдор – 3000 д. Комбинезонҳои ҳифозатӣ – 3000 д. Бахилаҳои тиббӣ – 3000 д. Айнакҳои ҳифозатӣ – 1500 д. Дастпӯшакҳои латексии №100 – 12000 ҷуфт. Моеъи антисептикӣ (940 мл) – 300 д. Барои иштирок дар тендер бояд пешниҳод карда шаванд: 1.      Мактуб – дархост барои иштрок дар озмун бо ишора ба иттилооти зерин: маълумот дар бораи ташкилот ё шахси воқеъӣ; доштани таҷриба дар соҳаи хариду фурӯши маводҳои тиббӣ; доштани сертификати маводҳои пешниҳодшаванда. 2.      Ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ташкилот; барои шахси инфиродӣ – ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ихтисос ва доштани иҷозати иҷрои фаъолияти мазкур. Мӯҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо – «21»-ми майи соли 2020. Дархост барои иштирок дар озмун бояд ба суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj пешниҳод карда шавад. Ҳуҷҷатҳое, ки бе риоя намудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, номукаммаланд ва ё баъди мӯҳлати муқуаррашуда пешниҳод мегарданд, баррасӣ намешаванд. Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон миёни мутахассисони ВАО Тоҷикистон барои инъикоси мавзӯи муҳимияти рушди барвақтии кӯдак (аз зодрӯз то сесолагӣ) тавассути тадқиқотҳои журналистӣ озмун грантҳои хурд эълон менамояд. Ҳадафи озмун аз ҳавасмандгардонии  васоити ахбори оммаи кишвар дар инъикоси ҳаматарафаи мавзӯи аҳмияти рушди барвақтии кӯдак бо такя бар далелҳои илмӣ ва инчунин масъалаи пешгирӣ аз коронавирус иборат мебошад. Дар озмун афзалият бар лоихахое дода мешавад ки ба тадқиқотҳои журналистӣ бо формати зерин равона шуданд: барномаҳои телевизионӣ (репортажҳои махсус, силсилаи вдеосужаҳо); нашрҳо дар ВАОи чопӣ, силсилаи мақолаҳо; нашрҳо дар интернет - саҳифаҳо; баромадҳо тавассути радио (барномаҳо, репортажҳои махсус, силсилаи сужаҳои радиоӣ). Ҳаҷми буҷети як лоиҳа набояд аз 10 000 сомонӣ зиёдтар бошад. Меъёрҳои арзёбии дархостҳо: ҳадафи дақиқ ва муҳимияти мавзӯи пешниҳодшуда мувофиқи авлавиятҳои озмун; доштани услуб ва идеяҳои инноватсионии дар иҷрои вазифаҳои гузошташуда; мувофиқат ба ҳамаи меъёрҳо дархости лоиҳавӣ ва буҷети муқарраршуда; сифат дархост ва пурра тартиб додани он. Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо - 08 июни соли 2020. Барои иштирок дар озмун зарур аст: тартиб додани дархост ва пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар платформаи онлайни www.osiaf.tj (бахши Грантҳо/Пешниҳоди дархостҳои грантӣ); Барои маълумоти муфассал метавонед ба суроғаи мазкур муроҷиат намоед: ш. Душанбе,  кӯчаи Бохтар 37/1, ошёнаи 4 (маркази кори «Бохтар») ё почтаи электронии: osiaf@osiaf.tj. Телефонҳо барои тамос: 227-55-58; 227-07-16, 227-07-49. Шахси масъул: ҳамоҳангсози барнома Лола Бобоева lola. babaeva@osiaf.tj Ҳуҷҷатҳое, ки бе риояи шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, нопурранд ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод мегарданд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.  
                      Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”  - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои дарёфти грантҳо дар мавзуъи озодии дастрасӣ ба иттилоот ва Интернет озмун эълон менамояд Барои иштирок дар озмун даъват мешаванд: ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои омузишӣ, расонаҳои хусусӣ ва фаъолони шаҳрвандӣ, ва коршиносони соҳа, ки таҷрибаи корӣ дар гуруҳҳо доранд ва ба пешбурди ҳуқуқҳои рақамӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ва истеъмоли маълумот манфиатдоранд.   Самтҳои авлавиятдор инҳоянд: Такмили дастрасӣ ба иттилооти моҳияти иҷтимоӣ дошта дар қолабҳои кушода, ба хусус дастрасии саривақтӣ ба иттилооти саҳеҳ ва боэътимод дар шароити пандемияи касалиҳои сироятӣ; Буҷети дархост набояд беш аз 150 000 сомонӣ бошад. Фаъолмандии шаҳрвандӣ ва адвокатсия барои Интернети дастрас ва бехатар, таъмини таҳсилоти онлайнӣ, ҳуқуқи рақамӣ ва ҳуқуқи дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот; Буҷети дархост набояд беш аз 100 000 сомонӣ бошад. Таҳия ва пешбурди барномаҳои таҳислотӣ, платформаҳои интерактивӣ оид ба саводнокии расонаӣ ва арзёбии интиқодии иттилоот; буҷети дархост набояд беш аз 100 000 сомонӣ бошад;                 Барои иштирок дар озмун бояд дархостро тариқи онлайн дар суроғаи https://grants.osiaf.tj омода намоед.     Лоиҳаҳои дар доираи озмун қабулшуда талаботҳои зерин ба назар гирифта мешаванд: ҳадафгузории дақиқ дар робита бо самтҳои авлавиятноки озмун ва таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба вазифаҳои дар пеши лоиҳа гузошташуда; доштани таҷриба ва иқтидор ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои монанд, ба хусус дар коркард ва пешбурди платформаҳои технологӣ, гузаронидани таҳлилҳо ва адвокатсия; пешниҳоди намунаҳои кор (агар вуҷуд доранд); афзалият ба гуруҳи созмонҳое дода мешавад, ки дар шарикӣ бо як ё якчанд созмонҳо, аз ҷумла созмонҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ пешниҳод шудааст; мутобиқгардонии буҷет бо чорабиниҳои банақшагирифташуда ва талаботи озмун; босифат ва пуррагии дархост.     Мӯҳлати охирини қабули дархост – 31 майи с.2020   Машварат доир ба иштирок дар озмун тавассути онлайн дар асоси ирсоли дархости пешакӣ ба почтаи электронии mavzuna.abdurakhmanova@osiaf.tj пешниҳод мегардад.     Оид ба ҳамаи масоили вобаста ба озмун метавонед ба суроғаи ш.Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази кории “Bokhtar”, ошёнаи 4, тел: 275558, 372270716, 372270749 ба шахси масъул Ҳамоҳангсози барномаи Дастрасӣ ба иттилоот ва медиа Мавзуна Абдураҳмонова, e-mail: mavzuna.abdurakhmanova@osiaf.tj муроҷиат намоед.   Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ Тоҷикистон омода шудаанд, нопурраанд ва ё баъди мӯҳлати нишондодашуда ворид мегарданд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои коркард, татбиқ ва хизматрасонии муваққати платформае, ки барои гардиши электронии ҳуҷҷатҳои бунёд пешбинӣ мешавад, озмун эълон менамояд. Барои иштирок дар озмун шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ даъват мешаванд, ки дар соҳаи коркарди таъминкунии барномавӣ таҷриба доранд. Барои иштирок дар озмун пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст: 1.Мактуб – дархост барои иштирок дар озмун бо нишон додани иттилооти зерин: иттилоот дар бораи ташкилот ё шахси воқеъӣ; доштани таҷриба дар соҳаи коркарди таъминкунии барномавии амсол; буҷети пешбинишаванда барои коркарди платформа. 2.Ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ташкилот; барои шахсони воқеъӣ – ҳуҷҷатҳои гувоҳи ихтисоси касбӣ ва иҷозатномаҳо барои пешбурди фаъолияти мазкур. 3.На кам аз ду тавсиянома. Вазифаи техникӣ барои коркарди платформа дар сомонаи ташкилот www.osiaf.tj Онлайн-машварат доир ба озмун соати 14.00, «30»-ми апрели соли 2020 баргузор мегардад. Барои иштирок дар онлайн-машварат ба суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj дархост равон кардан зарур аст. Мӯҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо – «14»-ми майи соли 2020. Дархост барои иштирок бояд дар лифофаи сарбаста бо ишораи “Гардиши электронии ҳуҷҷатҳо” ба суроғаи: ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1 (бинои маркази тиҷоратии «Бохтар», ошёнаи 4, пешниҳод карда шавад Телефонҳо ва суроғаи электронӣ барои тамос: 227-55-58; 227-07-16, 441-07-47:  osiaf@osiaf.tj   Ҳуҷҷатҳое, ки баъди муҳлати муқарраршуда ворид мешаванд, нопурраанд ва бо вайронкунии шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, баррасӣ намешаванд. Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”  - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои дастгирии бурсии ташаббусҳое, ки дар рушди шаклхои нави медиа мусоидат мекунанд озмун эълон менамояд Ҳадафи озмун аз гузариши медиа ба шаклҳои нави рақамии равобит бо аудитория, инкишофи касбии журналистон ва дастгирии ташаккули нашрияҳои онлайни рақамӣ иборат мебошад. Барои иштирок дар озмун даъват мешаванд: фаълони инфиродии медиа, блогерҳо, гурӯҳҳои ташаббускори журналистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма, аз ҷумла тиҷоратӣ, ки ҳавасманди такмили кори худ дар платформаҳои рақамӣ ҳастанд. Самтҳои авлавиятдор инҳоянд: Шаклҳои рақамии равобит бо аудитория ва ташаккули каналҳои нав ва платформаҳои коммуникастия. Буҷети дархост бояд то 100 000 сомонӣ бошад. Муносибгардонии стратегияҳои муқовимти ВАО ва фаъолони маданӣ ба паҳншавии ахбороти бардурӯғ, тавассути гузарондани тадқиқотҳои журналистӣ ва омодакунии маводҳо, аз ҷумла доир ба мавзӯи пешгирии коронавирус. Буҷети дархост бояд то 100 000 сомонӣ бошад. Гузаронидани чорабиниҳои таълимие, ки ба рушди касбии журналистон ва фаъолони маданӣ дар истифодаи медиаҳои рақамӣ нигаронида шудаанд. Буҷети дархост бояд то 50 000 сомонӣ бошад. Муносибгардонии маводҳои таълимӣ, замимаҳои веб – ва мобилӣ доир ба воситаҳои чандрасонаӣ ва рақамӣ, саводнокии рақамӣ ва верефикатсияи иттилоот. Буҷети дархост бояд то 50 000 сомонӣ бошад. Барои иштирок дар озмун бояд дархостро тариқи онлайн дар суроғаи https://grants.osiaf.tj омода намоед.   Лоиҳаҳои дар доираи озмун қабулшуда талаботҳои зерин ба назар гирифта мешаванд: ҳадафгузории дақиқ дар робита бо самтҳои авлавиятноки озмун ва таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба вазифаҳои дар пеши лоиҳа гузошташуда; дарёфти роҳҳои ҳалли инноватсионӣ (барномаҳои веб ё мобилӣ), доштани таъсири иҷтимоӣ ва тадбиқи механизмҳои даромаднокии устувор; доштани таҷриба ва иқтидор ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои амсол, пешниҳоди натиҷаи корҳои қаблӣ  (агар бошанд); мутобиқати буҷет бо чорабиниҳои банақшагирифташуда ва талаботи озмун; ташкили ҳамкориҳои шарикӣ бо як ё якчанд созмон, аз ҷумла мақомоти давлатҳоӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ; сифат ва пуррагии дархост. Мӯҳлати охирини қабули дархост – 30 апрели с. 2020 Оид ба ҳамаи масоили вобаста ба озмун метавонед ба суроғаи ш.Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази кории “Бохтар”, ошёнаи 4, тел: 275558, 372270716, 372270749 ба шахси масъул Ҳамоҳангсози барномаи Дастрасӣ ба иттилоот ва медиа Мавзуна Абдураҳмонова, e-mail: mavzuna.abdurakhmanova@osiaf.tj муроҷиат намоед. Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ Тоҷикистон омода шудаанд, нопурраанд ва ё баъди мӯҳлати нишондодашуда ворид мегарданд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” -  Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мобайни шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ, ки дар соҳаҳои машварат ва аудит кор мекунанд, барои пешниҳоди хизматҳо баҳри гузаронидани тафтиши касбии ҳақиқати ҳисоботҳои даврии лоиҳаҳо, пуррагӣ ва мувофиқат ба меъёрҳои ҳуқуқие, ки тартиби ҳисоботдиҳиро танзим мекунанд, озмун эълон менамояд.  Ҳаҷми кори ба нақшагирифташуда ба ҳисоби миёна аз 20 ҳисоботи молӣ дар як моҳ иборат мебошад, ҳаҷми миёнаи ҳисоботи молӣ - 80 000 сомонӣ. Барои иштирок дар озмун пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст: пешниҳоди тиҷоратӣ ва нархномаи хизматрасонӣ барои 12 моҳ; литсензия ва шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ; ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҷрибаи кор. Мӯҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо - 19 марти соли 2020, то соати 17:00. Барои маълумоти муфассал метавонед тавассути почтаи электронии osiaf@osiaf.tj ё телефонҳои зерин тамос гиред: 227-55-58; 227-07-16, 227-07-49. Ҳуҷҷатҳое, ки баъди мӯҳлати муқаррашуда пешниҳод мешаванд ё нопурраанд, баррасӣ намешаванд. Довталабон дар бораи натоиҷи озмун хабардор карда мешаванд, сабабҳои рад шудан тафсир намешаванд. Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд  
  Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар байни ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, гурӯҳҳои ташаббускор ва шахсони инфиродӣ/фаъолони ҷомеъа озмун эълон менамояд. Ҳадафи озмун - дастгирии идеяҳо/лоиҳаҳое, ки доираи васеъи масоили иҷтимоиро тавассути навъҳои гуногуни санъат ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ инъикос намуда ба рушди озодии баён ва арзишҳои ҷомеаи кушода мусоидат намоянд. Барои иштирок дар озмун тартиб додани дархости ташкилот дар  платформаи онлайн: www.osiaf.tj (бахши Бурсҳо > Пешниҳоди дархости грантӣ) лозим аст; Меъёрҳои арзёбии дархост: идеяи эҷодӣ аз нигоҳи зарурати иҷтимоии мавзӯи интихобшуда ва инъикос бадеии масоили иҷтимоӣ; муаррифии муътамад, пайдарпайии татбиқи лоиҳа дар дархост асоси воқеъи доштани хароҷоти банақшагирифташудаи он; мувофиқат ба арзишҳои «ҷомеаи кушода». Буҷети дархостшавандаи фаъолияти лоиҳавӣ набояд аз 70 000 сомон бештар бошад. Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо  – 15 апрели соли 2020.  Машваратҳо оиди тартиб додани дархост дар таърихи 30 марти соли 2020 соати 14.00-16.00 дар суроғаи зерин баргузор хоҳад гашт. Суроға: ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази кории "Vefa", ошёнаи 4, тел: 2270716, 2270749, 227-55-58. Шахси масъул: Муносиб Мадимаров, е-mail: munosib.madimarov@osiaf.tj; Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, нопурраанд ва ё баъди муҳлати муқарраршуда ворид мегарданд, баррасӣ намешаванд.    
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон,               Барномаи «Инкишофи барвақтии кӯдак» барои дарёфти грантҳои хурд дар самти  «Мусоидат ба рушди барвақтии кӯдакон дар Тоҷикистон» миёни ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои давлатӣ баҳри рушди дахолати барвақтии кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмун эълон менамояд.  Ҳадафҳои озмун: • Рушди барномаҳои дахолати барвақтии кӯдакон дар асоси кор бо оила. Расонидани дастгирӣ / кӯмак ба волидон дар марҳилаҳои аввали рушди кӯдак ва фароҳам овардани шароити муносиб барои ӯ дар оила ва ҷомеа. • Тақвият додани тавонмандии мутахассисони соҳаи маориф ва таҷрибаомӯзон барои пешниҳоди хизматрасониҳои босифат барои ташхиси барвақтӣ ва дахолати барвақтӣ дар сатҳи ҷомеа. • Дастгирии ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба Дахолати барвақти кӯдакон барои ташкили хадамоти ДБК дар шаҳрҳо ва деҳот. • Тақвияти кӯшишҳои тарғиботӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба мудохилаҳои барвақти кӯдакон. Барои иштирок дар озмун зарур аст:  Пур кардани шакли дархости Ташкилот барои иштирок дар озмун, тавассути онлайн платформаи www.osiaf.tj (бахши Грантҳо); Меъёрҳои интихоб: муҳимияти мавзӯи баррасишаванда; навгонии идеяҳо ва муносибатҳо; мувофиқат ба буҷети пешниҳодшуда; ҳамкорӣ бо вазоратҳои муассисаҳои соҳавӣ (ВМИ ҶТ, ВТҲИА ҶТ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ). Маблағи дархостшавандаи барои фаъолияти лоиҳавӣ то 90 000 сомонӣ бояд бошад. Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо – 31 марти соли 2020. Рӯзи 13 марти соли ҷорӣ дар дафтари Ташкилот, бо нишонии ш.Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази Савдо, ошёнаи 4 машварат оиди чӣ гуна дархостҳо ба ин озмуг пешниҳод мешаванд, гузаронида мешавад. Барои маълумоти муфассал метавонед ба суроғаи ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази Савдо, ошёнаи 4, тел: 275558, 372270716, 372270749, ба шахсони масъул Лола Бобоева: lola. babaeva@osiaf.tj  ва Гулчеҳра Кобилова gulchehra.kabilova@osiaf.tj  муроҷиат намоед. Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода мешаванд, нопурраанд ва ё баъди муҳлати муқарраргардида ворид мегарданд, қабул ва баррасӣ намешаванд. Маводҳои ба озмун пешниҳодгардида баргардонида намешаванд.
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусе, ки ба татбиқ ва рушди механизми ҳифзи ҳуқуқи кормандон, чӣ дар бахши шуғли расмӣ ва чи дар бахши ғайрирасмӣ нигаронида шудааст,                                  озмуни кушодаи грантӣ эълон мекунад. Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои ҳавасманде даъват мешаванд, ки дар соҳаи ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои аҳолӣ, таҷриба доранд. Ҳаҷми буҷети лоиҳа набояд аз 90 000 сомонӣ бештар бошад. Меъёрҳои арзёбии дархостҳо: ҷой доштани элементҳои босуботӣ, навгонӣ; ҳадафи дақиқ ва аҳамияити амалии иҷтимоӣ; рӯнамоии масоили лоиҳа дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ; сифати тартиб додани дархост, мувофиқати буҷет ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва дар ҳаҷми зарурӣ.  Барои иштирок дар озмун пешниҳод намудани дархости пуркарда ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба платформаи www.osiaf.tj (бахши Грантҳо> Пешниҳоди дархостҳои грантӣ) то “27” марти соли 2020 зарур аст. Машваратҳо доир ба тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба озмун 11 марти соли 2020, аз соати 14:00 то 16:00 дар идораи ИҶК БМ –Тоҷикистон баргузор мегарданд (тасдиқи иштирок бояд ба суроғаи georgiy.gridilyan@osiaf.tj равон карда шаванд). Доир ба ҳамаи масоил ва маълумоти иловагӣ метавонед ба суроғаи ш.Душанбе, к.Бохтар 37/1, Маркази корӣ ва тиҷоратии “Бохтар” (собиқ маркази Vefa), ошёнаи 4, телефонҳои 372275558, 372270716, 372270749 ва ё e-mail: osiaf@osiaf.tj муроҷиат намоед.   Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, номукаммаланд ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод мешаванд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.
Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар        Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои таҳсилотие, ки ба таҳияи модулҳои бозомӯзӣ ва маводҳои таълимии доир ба масоили муайанкунии меъёрҳои фоизи қарз, бо баҳисобгирии хусусиятҳои бозори молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд,                                             озмуни кушодаи грантӣ эълон мекунад. Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои ҳавасманде даъват карда мешаванд, ки доир ба баргузории бозомӯзиҳои махсус, таҳияи модулҳо ва маводҳои таълимӣ дар соҳаи маблағгузории хурд, мебошанд. Ҳаҷми буҷети дархости грант набояд аз 110 000 сомонӣ бештар бошад. Меъёрҳои арзёбии дархостҳо: ҷой доштани элементҳои босуботӣ, навгонӣ; ҳадафи дақиқ ва аҳамияити амалии иҷтимоӣ; рӯнамоии масоили лоиҳа дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ; сифати тартиб додани дархост, мувофиқати буҷет ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва вазифаи техникӣ. Барои иштирок дар озмун пешниҳод намудани дархости пуркарда ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба платформаи www.osiaf.tj (бахши Грантҳо> Пешниҳоди дархостҳои грантӣ) то “27” марти соли 2020 зарур аст. Машваратҳо доир ба тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба озмун 10 марти соли 2020, аз соати 14:00 то 16:00 дар идораи ИҶК БМ –Тоҷикистон баргузор мегарданд (тасдиқи иштирок бояд ба суроғаи georgiy.gridilyan@osiaf.tj равон карда шаванд). Доир ба ҳамаи масоил ва маълумоти иловагӣ метавонед ба суроғаи ш.Душанбе, к.Бохтар 37/1, Маркази корӣ ва тиҷоратии “Бохтар” (собиқ маркази Vefa), ошёнаи 4, телефонҳои 372275558, 372270716, 372270749 ва ё e-mail: osiaf@osiaf.tj муроҷиат намоед.   Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, номукаммаланд ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод мешаванд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.
Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС