ОЗМУН БАРОИ РАСОНИДАНИ ХИЗМАТҲОИ ҲУҚУҚӢ

ОЗМУН БАРОИ РАСОНИДАНИ ХИЗМАТҲОИ ҲУҚУҚӢ

Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон байни ширкатҳои машварати ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ барои расонидани хизматҳои ҳуқуқӣ озмун эълон менамояд.

Талаботҳо:
• Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ (барои шахсони воқеӣ);
• Таҷрибаи кори амалии на камтар аз 3 сол (барои шахсони воқеӣ ба сифати машваратчии ҳуқуқии ташкилот ё адвокат);
• Донистани хусусиятҳои фаъолияти ташкилоти ғайритиҷоратӣ/ҷамъиятӣ;
• Донистани қонунгузории корпоративӣ, гражданӣ, ғайритиҷоратӣ, тиҷоратӣ, меҳнатӣ, андоз ва молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқи байналмилалӣ;
• Қобилияти хуби муошират, донистани одоби муоширати корӣ ва асосҳои идорӣ;
• Донистани меъёрҳои коргузорӣ бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, тартиби мураттабсозӣ, баҳисобгирӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ;
• Озодона донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Дар пешниҳодҳои худ довталабон бояд нархномаҳои хешро барои хизматҳои зерин нишон диҳанд:
• Машваратҳои шифоҳӣ ва хаттӣ;
• Бақайдгирӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ;
• Баҳодиҳӣ ба таваккали ҳуқуқӣ ва молиявии шартномаҳо.

Барои иштирок дар озмун пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:
• СV (барои шахсони воқеӣ) ё иттилоот дар бораи фаъолият (барои шахсони ҳуқуқӣ);
• Нусхаи диплом дар бораи маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ (барои шахсони воқеӣ) ё ҳуҷҷатҳои таъсисдиҳӣ (барои шахсони ҳуқуқӣ);
• Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи/таҷрибаи кори амалӣ (нусхаи Дафтарчаи меҳнатӣ ва/ё ҳуҷҷати дигари дахлдор);
• Нархномаи хизматрасонӣ.

Мӯҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо – 12 феврали соли 2020, то соати 17:00.

Ҳуҷҷатҳо дар суроғаи зерин қабул карда мешаванд: ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, ошёнаи 4 (бинои Бизнес-маркази «Бохтар») ё тариқи почтаи электронӣ ба суроғаи: osiaf@osiaf.tj. Телефонҳо барои маълумот: 227-55-58; 227-07-16, 227-07-49.
Танҳо довталабони интихобшуда ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои пас аз мӯҳлати муайяншуда ё дар маҷмӯи нопурра пешниҳодгашта баррасӣ намешаванд. Довталабон аз натиҷаҳои озмун хабардор карда мешаванд, сабабҳои радкунӣ шарҳ дода намешаванд. Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодгардида баргардонида намешаванд.

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС