БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ БОЗОМӮЗӢ БАРОИ ТАҲЛИЛГАРОНИ МУСТАҚИЛ

БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ БОЗОМӮЗӢ БАРОИ ТАҲЛИЛГАРОНИ МУСТАҚИЛ

 

                                                                 

БАРНОМАИ «ДАСТГИРИИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

25-26 январи соли 2020 дар чорчубаи барномаи «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки маблағгузораш Вазорати Рушди Байналмилалии Британияи Кабир мебошад ва аз ҷониби Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар меҳмонхонаи «Тоҷ Палас» барои таҳлилгарони мустақил доир ба гузарондани таҳқиқот оид ба муайян кардани сатҳи шаффофияти буҷетҳои маҳаллӣ бозомӯзӣ баргузор гардад.
Барномаи «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи оиди муайян кардани шаффофияти буҷети маҳаллиро оғоз намуд.
Ҳадафи таҳқиқот арзёбии ҳолати имрўзаи дастрасӣ ба иттилооти буҷетӣ дар асоси 8 ҳуҷҷати калидии буҷетӣ, таҳлили шароитҳое, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия барои иштироки шаҳрвандон дар раванди буҷетӣ муҳайё кардаанд, инчунин ба назар гирифтани пешниҳодҳои мақомоти намояндагии ҳокимият дар марҳалаҳои банақшагирӣ, таҳия, тасдиқ ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ мебошад. Барои ноил гардидан ба ин мақсад таҷрибаи байналмилалии тадқиқоти шаффофияти буҷетҳои маҳаллӣ, ки ба таҷрибаи пешқадами Ҳамкории байналмилалии буҷетӣ асос ёфтааст, истифода бурда мешавад.

Мувофиқи чорчӯби мантиқии барномаи «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳқиқотро барои муайян кардани сатҳи шаффофияти буҷетҳои маҳаллӣ дар 20 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Тоҷикистон баргузор менамояд. Ин тадқиқоти сеюмин пас аз тадқиқотҳои пешина, ки дар байни солҳои 2015 ва 2018 гузаронда шуда буд.

Хусусияти таҳқиқоти мазкур такмил додани методологияи баҳодиҳии дастрасӣ ва пуррагии ҳуҷҷатҳои калидии буҷет бо мақсади мутобиқ кардани стандартҳои байналмилалии шаффофият ва ҳисоботдиҳии раванди буҷа мебошад. Таҳқиқот унсурҳоро дар бар мегирад, ки ҳамчун як ҷузъи Индекси кушоди буҷа аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии буҷа таҳия шудааст. Ин муносибат устувории ин чорабиниро таъмин хоҳад кард, зеро қисмате, ки унсурҳои индекси шаффофияти буҷетро дар бар мегирад, дар баҳогузории минбаъдаи шаффофияти буҷаҳои Тоҷикистон муфид хоҳад буд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо Манучеҳр Камолиддинов, ҳамоҳангсози бахши таҳлилии барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тариқи телефони (992 37) 227 55 58, ё худ ба тариқи почтаи электронии manuchehr.kamoliddinov@osiaf.tj дар тамос шавед.

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС