ОЗМУН МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲҲОИ ОЛИИ КИШВАР БАРОИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ СЕМОҲА

ОЗМУН МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲҲОИ ОЛИИ КИШВАР БАРОИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ СЕМОҲА

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо мақсади дарёфти малакаҳои аввалияи касбӣ ва таҷрибаи фаъолияти касбӣ миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвар барои таҷрибаомӯзии семоҳа, ҳам дар худи Бунёд ва ҳам дар ташкилотҳои ҳамшарик, озмун эълон менамояд.

Ба таҷрибаомӯз имконияти интихоби самтҳои мазкур дода мешавад;
• Рушди иқтисодӣ
• Таҳсилот
• Тандурустии ҷамъиятӣ
• Ҳуқуқи инсон ва дастрасӣ ба иттилоот
Талаботҳои асосӣ:
• дастовардҳо ва натиҷаҳои хуб дар таҳсил;
• малакаҳои хуби коммуникативӣ, ташаббускорӣ, тавони кор дар ҳайати даста ва мустақилона;
• муносибати таҳлилӣ ва эҷодӣ ба ҳалли вазифаҳои гузошта;
• малакаҳои кор бо компютер ва таҷҳизоти идоравӣ;
• дониши забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Хохишмандон бояд мактуби ҳавасмандӣ, резюме ва роҳхати донишгоҳро то соати 17:00 «6»-уми феврали соли 2020 ба идораи ИҶК БМ дар Тоҷикистон, ба суроғаи зерин пешниҳод намоянд: ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1 (бинои маркази корӣ-тиҷоратии “Бохтар”, ошёнаи 4).

Барои маълумоти муфассал метавонед тавассути почтаи электронии osiaf@osiaf.tj ё телефонҳои зерин тамос гиред: 227-55-58; 227-07-16, 227-07-49.
Ҳуҷҷатҳое, ки баъди мӯҳлати муқаррашуда пешниҳод мешаванд ё нопурраанд, баррасӣ намешаванд. Довталабон дар бораи натоиҷи озмун хабардор карда мешаванд, сабабҳои рад шудан тафсир намешаванд. Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС