ИХТИЛОФИ МАНФИЯТҲО

ИХТИЛОФИ МАНФИЯТҲО

                                                                        

СИЁСАТ ДОИР БА ИХТИЛОФИ МАНФИЯТҲО ВА КОР БА НАФЪИ ХУД

 

1.1Ихтилофи манфиятҳо

1.2Таърифи Ихтилофи манфиятҳо

Ихтилофи манфиятҳо — ҳолатест, ки дар он ҳавасмандии шахсии инсон метавонад ба раванди қабули қарор таъсир расонад, ва бо ин ба манфиятҳои ҷомеа ва ё Бунёд зиён оварад.

Ихтилофи манфиятҳо метавонад дар сатҳҳои зерин ба миён ояд:

  • Раёсати Бунёд, вақте, ки манфиятҳои шахсии аъзоёни Раёсат аз манфиятҳои Бунёд боло гузошта мешаванд ва дар натиҷаи он принсипҳои кори Бунёд вайрон карда мешаванд. Ихтилофи манфиятҳо метавонад ҳолате дониста шавад, ки дар он аъзоёни Раёсат аз ваколатҳояшон сӯистифода намуда, доир ба маблағгузории ин ё он лоиҳаҳои аз ҷониби ташкилотҳои дигар иҷрошавнда, ки дар онҳо аъзоёни Раёсат ҳавасманди ба даст даровардани даромади бевосита барои худ ё хешу табори наздикашон ҳастанд, қарори мусбӣ қабул намоянд. 
  • Комитетҳои коршиносии барномаҳои Бунёд, ҳангоме, ки коршинос дар истифодабарии воситаҳои Бунёд, ҳалли ин ё он масъалаи кори ӯ, ки ба ҳамкорӣ бо Бунёд алоқамандӣ дорад, ҳавасмандии шахсӣ, хешутаборӣ ва ё дӯстона дошта бошад.
  • Кормандони Бунёд, ҳангоме, ки манфиятҳои шахсии корманд болотар аз манфиятҳои Бунёд гузошта шуда принсипҳои кори Бунёд вайрон карда мешаванд.

Ҳолате метавонад ихтилофи манфиятҳо ҳисоб шавад, ки корманд аз ваколатҳояш суистифода мекунад, ба қабули қарори мусбӣ дар бастани шартномаҳои хизматрасонӣ ба Бунёд, маблағгузории ин ё он лоиҳаҳои аз ҷониби ташкилотҳои дигар иҷрошавнда, ки дар онҳо корманд ҳавасманди ба даст даровардани даромади бевосита барои худ ё хешу табори наздикаш ҳаст, мусоидат мекунад.

Инчунин ҳолате, ки дар он корманд амалеро ва ё беамалиеро вобаста ба манфиятҳои Бунёд пешбинӣ мекунад, ва ҳамзамон худаш дар ин масъала ҳавасмандии шахсӣ дорад, ихтилофи манфиятҳо дониста мешавад.

Ихтилофи манфиятҳо инчунин дар ҳолатҳое, ки дар онҳо корманд барои даромадҳои шахсиаш аз иттилооти дохилии ташкилот, ки моликияти Бунёд мебошад, истифода мекунад, ё ба манфияти шахсии худ амал мекунад.

Ихтилофи манфиятҳо метавонад дар ҳолатҳое низ ба миён ояд, ки агар корманди Бунёд шуғл ва фаъолияти дигареро низ пеш мебарад, ва он ба фаъолияти Бунёд рақобат нишон медиҳад, Бунёдро аз имкониятҳои мусоид маҳрум месозад, ва ё фаъолиятеро пеш мебарад, ки метавонад ба обрӯи ҷамъиятӣ ё фаъолияти оинномавии Бунёд таъсири манфӣ расонад.

  • Довталабон ё бурсгирандагони Бунёд, ҳангоме, ки дар ташкилот ва ё дар чорчӯбаи лоиҳа хешу таборони наздик кор мекунанд, ки дар итоати якдигаранд, ва инчунин, хешутабороне, ки ба корҳои муваққатӣ, пешниҳоди хизматрасониҳо ва маводҳо аз рӯи лоиҳаҳо ҷалб карда мешаванд, ихтилофи манфиятҳо метавонад ба миён ояд. Чунин дархостҳои лоиҳавӣ, новобаста аз маблағ, бояд аз ҷониби Раёсати Бунёд тасдиқ карда шаванд.

Барои иҷрои сиёсати мазкур хешутаборони наздик инҳо дониста мешаванд: ҳамсар (шавҳар), фарзандон, падар, модар, бародарон, хоҳарон, инчунин, падар, модар, бародарон, хоҳарон, фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, келинҳо, домодҳо, ва инчунин шахсони дигар, ки якҷо зиндагонӣ мекунанд ва бо шахси алоқаманд бо фаъолияти бунёд дар қабули қарорҳо, иҷрои лоиҳаҳои тасдиқшуда, хоҷагии муштарак доранд.

Барои мониторинги ҳолатҳои ихтилофи манфиятҳо Бунёд аз шаклҳои саволномаҳо-пурсишҳо оид ба ифшои ихтилофи манфиятҳо истифода мекунад.

1.3 Ҳалли масоили Ихтилофи манфиятҳо

1.3.1 Дар сатҳи Раёсат

Мавриди ҷой доштани ихтилофи манфиятҳо узви Раёсат бояд дар бораи он арз намояд.

Ҳолати ихтилофи манфиятҳо дар он сурат ҳал карда мешавад, ки агар узви Раёсат аз ҳайати Раёсати Бунёд хориҷ шавад, ё хешу табораш аз ташкилоте, ки довталаби маблағгузорӣ мебошад, то қабули қарори ниҳоӣ хориҷ шавад.

Дар ҳолате, ки чунин қарор номатлуб ё имконнопазир аст, ва ҳамаи Раёсат муайан мекунад, ки ихтилофи манфиятҳо ногузир мебошад, он (Раёсат) бояд хулоса барорад, ки кадом қадамҳо дар самти ҳалли вазъият гузошта шаванд:

  • аъзои Раёсат ӯҳдадор аст, боварӣ кунонад, ки ӯ ва хешу таборонаш ягон даромади молӣ аз воситаҳои грант ба даст намеоранд. Ин маънои онро дорад, ки ӯ ягон музди меҳнат намегирад, барои тадқиқотҳои шахсияш, сафарҳои хизматиаш дастгирӣ намеёбад, ягон пардохт аз Фондҳои маъмурӣ намегирад; ва ё
  • агар аъзои Раёсат ё хешу табораш дастгирии молӣ ёбанд, пас ҳаҷми он бояд дақиқ баробар ё поинтар аз он, ки ӯ метавонист мавриди маблағгузорӣ аз манбаҳои дигар дарёфт намояд, бошад.

Аъзои Раёсат, ки манфиятҳояш дар ихтилофанд, бояд таъмин намояд, ки сатҳи ҳавасмандии молияш дар ҳолати пешомада дақиқ муайан карда шавад. Ӯ бояд чораҳое андешад, ки аъзоёни дигари Раёсат тавонанд озодона ва махфӣ масъалаи мазкурро муҳокима намоянд. Ҳадди ақал, ин бояд ҳамчун худдорӣ аз мубоҳисаҳо ва овоздиҳӣ бошад, ӯ бояд дар рафти муҳокимаи масъалаи мазкур ҳузур надошта бошад.

Мувофиқи Принсипҳои идоракунӣ, мавриди ҷой доштани ихтилофи манфиятҳо ин масъала бояд барои қабули қарор ба Комитети доир ба Ихтилофи Манфиятҳои Бунёдҳои «Ҷамъияти Кушода» ирсол гардад. Ба қарори таҳвилшаванда бояд тавсияи Раёсати Бунёд, фаҳмондадиҳии чораҳое, ки барои ҳалли масъала андешида шудаанд, ва инчунин таҳлили пайомадҳои эҳтимолии манфӣ барои обрӯи Бунёд, ҳамроҳ карда шаванд.

1.3.2 Дар сатҳи комитетҳои коршиносӣ

Ҳангоме, ки ихтилофи манфиятҳо ба вуҷуд меояд ва ё эҳтимоли ба вуҷуд омадани он дида мешавад, ҳамон Коршиносе, ки манфиятҳояш дар ихтилоф қарор доранд, бояд аз муҳокимаи масъалаи мазкур худдорӣ намояд ва ба маълумоти ҳамоҳангсоз ва директори барнома расонад.

Барои пешгирии ба миён омадани ихтилофи манфиятҳо коршиносон ҳақ надоранд, ки дар озмунҳо ва барномаҳои Бунёд иштирок кунанд.

Масъалаҳои ҷалби коршинос барои ба Бунёд расондани хизматҳои дигар ва инчунин, ҳаҷми мукофотпулии пардохтшаванда барои баррасии Бунёд пешниҳод карда мешавад.

Собиқ аъзоёни Комитети коршиносӣ муддати 6 моҳ аз рӯзи ихтисоршавиаш аз ҳайати Комитети коршиносӣ ҳуқуқи аз Бундёд ба даст овардани бурсҳои инфиродиро надоранд, ба истиснои ҳолатҳои иштирок дар озмунҳои барномаҳо. Ҳолатҳои ба коршиносони собиқ пешниҳод намудани бурсҳои берун аз озмун муддати мазкур бояд ҳамчун ҳолати эҳтимолии ихтилофи манфиятҳо баррасӣ карда шаванд.

Ҳолати ихтилофи манфиятҳо дар протоколи мувофиқи маҷлиси комитети коршиносӣ инъикос меёбад, ва ҳамроҳ бо меморандуми барномавӣ барои баррасии Раёсати Бунёд, ки ҳамчун довар дар ҳали ҳолати ихтилофи манфиятҳо баромад мекунад, пешниҳод карда мешавад.

Дар ҳолати ҷой надоштани ихтилофи манфиятҳо ҳар як коршинос дар бораи он ба таври хаттӣ бо шакли муқарраркардаи Бунёд, арз мекунад.

1.3.3 Дар сатҳи кормандон

Мавриди ба миён омадани ихтилофи манфиятҳо корманди Бунёд, ки манфиятҳояш дар ихтилофанд, бояд ҳамзамон ба таври хаттӣ ба маълумоти Директори иҷроя расонад, ва аз муҳокимаи масъалае, ки корманди мазкур дар он ҳавасмандӣ дорад, худдорӣ намояд. Дар ҳамаи ҳолатҳо корманд бояд дар бораи ихтилофи манфиятҳо ва ё сабабҳое, ки метавонанд ба он расонанд, то ин амалкардҳо ба маълумоит Директори иҷроя расонад.

Агар Директори иҷроя муайан кунад, ки ихтилофи манфиятҳо ва ё ҳолате, ки аломатҳои ихтилоф дар ҳақиқат ҷой доранд, ӯ масъаларо барои баррасии Раёсат пешниҳод мекунад.

Мавриди ба миён омадани ихтилофи манфиятҳо нисбати Директори иҷроия, ӯ бояд фавран дар бораи он ба таври хаттӣ ба Раесати Бунёд арз намуда аз муҳокимаи масъала худдорӣ намояд.

Раёсати Бунёд ваколатдори ҳалли ҳамаи масоили вобаста ба ихтилофи манфиятҳои кормандони Бунёд ва аъзоёни комитети коршиносӣ мебошад. Мавриди ба вуҷуд омадани ҳолати ихтилофи манфиятҳо нисбати Директори иҷроя, Раёсат масъаларо баррасӣ менамояд ва мавриди зарурати қабули қарор Раиси Раёсат масъаларо ба саридораи Бунёдҳои «Ҷамъияти Кушода» равон мекунад.

1.3.3 Дар сатҳи довталабон ва бурсгирандагон

Маври вуҷуд доштани ҳолати ихтилофи манфиятҳо дар чорчӯбаи ташкилоти довталаби бурс ё лоиҳа барои гирифтани бурс аз Бунёд, роҳбари ташкилот ё лоиҳа бояд дар Замима ба дархости грант, дар бораи он иттилоъ диҳад.

Дар ҳолати ба миён омадани ихтилофи манфиятҳо дар чорчӯбаи ташкилот ё лоиҳа, ки аз ҷониби Бунёд маблағгузорӣ мешавад, роҳбари ташкилот ё лоиҳа бояд ҳамзамон ба таври хаттӣ ба Бунёд хабар диҳад.

Раёсат ваколатдори ҳалли ҳамаи масоили вобаста ба ихтилофи манфиятҳои довталабон ё бурсгирандагони Бунёд мебошад.

2.Таърифи мафҳуми «Кор ба наъфи худ».

2.1 Таърифи «Кор ба нафъи худ»

Кор ба нафъи худ – ин дида ва дониста истифода бурдани воситаҳои Бунёд ба фоида худ мебошад. Ин метавонад имзо кардани шартномаҳо, харидории таҷҳизот, иҷораи биноҳо ва ё додани грантҳо бошад, ки мавриди инҳо кормандони Бунёд, аъзоёни Раёсат, аъзоёни шӯроҳои коршиносӣ, грантгирандагон, хешу таборони наздик ва дӯстони онҳо, метавонанд афзалиятҳои беадолатонаи шахсӣ ва корӣ ба даст оранд. Бинобар ин, кор барои худ имкон дорад, агар шахсони вобаста ба Бунёд, ба он хизмат мерасонанд ё бо маводҳо таъмин мекунанд ва барои ин худи онҳо, хешу таборонашон ва ё дӯстони наздикашон маблағ ба даст меоранд. Бояд чораҳо андешид, ки хизматрасониҳо ва маводҳо дар асоси озмун пешниҳод карда шаванд.

2.2 Ҳалли масъалаи «Кор ба нафъи худ»

Кор ба нафъи худ ба ҳеч ваҷҳ қобили қабул намебошад. Бо ашхосе, ки ба нафъи худ кор мекунанд, Бунёд ҳамаи муносибатҳои шартномавиро қатъ мекунад.

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС