Озмун барои дастгирии лоиҳаҳое, ки ба рушди озодии баён мусоидат карда моҳият/саҳми назарраси иҷтимои доранд.

Озмун барои дастгирии лоиҳаҳое, ки ба рушди озодии баён мусоидат карда моҳият/саҳми назарраси иҷтимои доранд.

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад

дар Тоҷикистон

Миёни ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, гурӯҳҳои ташаббускор, шахсони инфиродӣ ва фаъолони ҷомеъа озмун эълон менамояд. Ҳадафи озмун - дастгирии лоиҳаҳое, ки ба рушди озодии баён мусоидат карда моҳият/саҳми назарраси иҷтимои доранд, мебошад. Диққати аввалиндараҷа ба лоиҳаҳои эҷодие дода мешавад, ки ҷомеаро ба дарк ва муҳокимаи мушкилоти иҷтимои равона сохта, мубоҳисаи созандаи иҷтимоиро равнақ диҳанд.

Барои иштирок дар озмун тартиб додани дархости ташкилот дар платформаи онлайн: www.osiaf.tj (бахши Бурсҳо > Пешниҳоди дархости грантӣ) лозим аст;

Меъёрҳои арзёбии дархост:

  • идеяи эҷодӣ аз нигоҳи зарурати иҷтимоии мавзӯи интихобшуда ва инъикос бадеии масоили иҷтимоӣ;
  • муаррифии муътамад, пайдарпайии татбиқи лоиҳа дар дархост;
  • асоси воқеъи доштани хароҷоти банақшагирифташудаи он;
  • мавҷудияти иттилооти ташкилот ва шахси инфироди дар Интернет, саҳифаи Фейсбуки, Youtube, аҳамият ва дурустии маълумоти дар онҳо ҷойгиршуда;
  • мувофиқати таҷриба ва салоҳияти гурӯҳи лоиҳа бо фаъолиятҳои ба нақша гирифташуда;
  • мувофиқат ба арзишҳои ҷамъияти кушода ва рушди озодии баён.

Буҷети дархостшавандаи фаъолияти лоиҳавӣ набояд аз 85 000 сомонӣ бештар бошад.

Дустони гиромӣ, бо вуҷуди он, ки баъзе аз нафарони хоҳишманди иштирок дар озмун натавонистанд дархостҳояшонро мукаммал карда дар вақти муқарраршуда ба озмун пешниҳод намоянд, мо озмунро тамдид кардем. Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо  – 14 апрели соли 2021Шахси масъул: Муносиб Мадимаров

Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, нопурраанд ва ё баъди муҳлати муқарраршуда ворид мегарданд, баррасӣ намешаванд.

 

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС