Озмун барои пешниҳоди хизматрасониҳои оид ба коркарди сиёсати харидории маводҳо ва хизматрасониҳо, озмун.

Озмун барои пешниҳоди хизматрасониҳои оид ба коркарди сиёсати харидории маводҳо ва хизматрасониҳо, озмун.

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

миёни шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар соҳаҳои машварат ва аудит кор мекунанд, барои пешниҳоди хизматрасониҳои  оид ба коркарди сиёсати харидории маводҳо ва хизматрасониҳо, озмун эълон мекунад.

Вазифаҳо ва талаботи тендер дар зерин эълони мазкур оварда шудаанд

Барои иштирок дар озмун бояд пешниҳоди тиҷоратӣ ва иттилооти тасдиқкунандаи таҷрибаи кор, то соати 17:00 «03»-ми майи соли 2021 ба суроғаи ш.Душанбе, к.Бохтар 37/1 (бинои маркази кории «Бохтар», ошёнаи 4, утоқи 404) супорида шаванд.

Телефонҳо барои тамос: 227-55-58, 227- 07–16, 227-07-13 ва ё суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj  

Ҳуҷҷатҳое, ки баъди мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод мешаванд ё нопурраанд, қабул ва баррасӣ намешаванд.

Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.

ДОИРАИ ВАКОЛАТҲОИ МУШОВИР ДОИР БА ХАРИДОРӢ

Резюме

Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон такмили сиёсат ва муносибатҳояшро вобаста ба харидории маводҳо ба нақша гирифтааст, ки онҳо бояд ҳамчун дастурамали риояи низоми харидории маводҳо ва таҷрибаи пешқадам барои ҳамаи кормандон, ки дар равандҳои харид иштирок мекунанд ва инчун, ба барномаҳои Бунёд мусоидат намудан дар ба даст овардани маводу хизматрасониҳои хушсифат, бо нархҳои муносиб ва дар вақти зарурӣ, хизмат намоянд.

Тавсифи мухтасар

Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз соли 1996 фаъолият мекунад ва як қатор ташаббусҳоро доир ба пешбурди системаҳои фарогири таҳсилот ва тандурустӣ, муносибгардонии иҷтимоӣ-иқтисодӣ, шаффофияти молиявӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳоро иҷро мекунад.

Фаъолияти барномавии бунёд аз харидории маводҳо ва хизматрасониҳо иборат аст. Қоида ва дастурамалҳои мавҷудаи Бунёд доир ба хариди маводу хизматрасониҳо як қисми Сиёсати назорати амвол ва хароҷот мебошанд, ки бахшҳои зеринро дар бар мегиранд:

  • интихоби таҳвилкунандагони таҷҳизоти идора ва хизматрасониҳои алоқа
  • расондани ҷиҳози идора ва хизматрасониҳои алоқа
  • тартибот оид ба гузарондани озмунҳо (тендерҳо), ки иборатанд аз:
    • лимити арзиши тендерҳо
    • пешниҳоди дархост барои тендерҳо
    • тартиби баррасии пешниҳодҳо аз рӯи тендерҳо

Сиёсати Бунёд оид ба харидориҳо бозбинӣ карда мешавад ва бояд аз ҷанбаҳои зерин иборат бошад:

  • ҳадафи сиёсати харидорӣ;
  • бозбинии сиёсати харидорӣ;
  • принсипҳои харидорӣ;
  • ҳадду марраҳои арзишӣ барои тендерҳои кушода ва харидориҳои мустақим;
  • одоби кормандони Бунёд;
  • ӯҳдадориҳои корманд доир ба харидорӣ;
  • вазифаҳои харид, аз ҷумла масъулияти бахши харидориҳо ва кумитаи харид (узвият, нақшҳо, қарори таъини шартнома, дархост барои пешниҳодҳо, назорати сифат ва ғайра.);
  • харидориҳои таъҷилӣ;
  • истифодаи марраҳои арзишии амалиётҳои нақдӣ;
  • ҳамаи масоили дигар, ки супориши мазкур пешбинӣ накардааст.

Бо назардошти набудани ҷанбаҳои дар боло зикршуда, Фонд ният дорад, ки сиёсати хариди худро густариш диҳад ва ҳамаи бахшҳои заруриро илова намояд, то маҷмӯи дастурҳои муфассалро оид ба тарзу усули амалкунӣ дар ҳолатҳои гуногунро дар даст дошта бошад.

Вазифаҳои асосии Мушовир: Мушовир барои коркарди сиёсати нави харидҳо, ворид намудани иловаҳо ва ислоҳкуниҳо барои расидан ба ҳадафҳои дар боло зикршуда, масъул хоҳад буд. Вазифаҳои асосии Мушовир баррасӣ ва таҳлили сиёсати ҷории харидорӣ, ва инчунин таҷрибаи Бунёд, ворид намудани тағйиру иловаҳо бо баҳисобгирии талабот ва принсипҳои ахлоқии Бунёд ва мувофиқат ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Хулоса: намуди пешакии сиёсати харидорӣ ва шаклҳо/шаблонҳо бояд бо директори иҷроя ва директори молияи Бунёд ба мувофиқа расонда шаванд. Баъди тасдиқи онҳо Мушовир шакли ниҳоиро омода ва пешниҳод менамояд. 

 

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС