Озмуни кушодаи бурсӣ барои дарёфти ташаббусҳое, ки ба дастгирии соҳибкории иҷтимоӣ нигаронида шудаанд,

Озмуни кушодаи бурсӣ барои дарёфти ташаббусҳое, ки ба дастгирии соҳибкории иҷтимоӣ нигаронида шудаанд,

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии

Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

барои дарёфти ташаббусҳое, ки ба дастгирии соҳибкории иҷтимоӣ нигаронида шудаанд,

озмуни кушодаи бурсӣ эълон мекунад.

Дар озмун метавонанд шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ иштирок намоянд.

Барои маълумот: соҳибкории иҷтимоӣ — ин фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ мебошад, ки ба ҳалли проблемаҳои иҷтимоии ҷомеа, роҳҳои рушди фаъолияти иҷтимоии зарурӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои муносиб барои худфаъолиятӣ, аз ҷумла ташкил кардани ҷойҳои корӣ барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ, нигаронида шудааст. 

Вазифа ва ҳадафҳои асосии соҳибкории иҷтимоӣ инҳоянд:

- паст кардани сатҳи камбизоатӣ;

- ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ;

- мусоидат дар роҳнамоии касбӣ ва бо кор таъмин намудан, аз ҷумла худфаъолиятӣ;

- рушди соҳаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ;

- рушди косибӣ, сайёҳӣ (агросайёҳӣ, экосайёҳӣ ва ғайра.), ташкил кардани устохонаҳои эҷодӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ.

Ҳаҷми буҷети лоиҳа набояд аз 165 000 cомонӣ зиёдтар бошад.

Меъёрҳои арзёбии дархостҳо:

  • ҷой доштани унсурҳои босуботӣ, навгонӣ;
  • дарки принсипҳои соҳибкории иҷтимоӣ;
  • ҳадафи дақиқ ва аҳамияти амалии иҷтимоии он;
  • рӯнамоии масоили лоиҳа дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ;
  • сифати тартиб додани дархост;
  • мувофиқати буҷет ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва дар ҳаҷми зарурӣ;

Барои иштирок дар озмун пешниҳод намудани дархости пуркарда ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба платформаи www.osiaf.tj (бахши Грантҳо> Пешниҳоди дархостҳои грантӣ) то “17” марти соли 2021 зарур аст.

Машваратҳо доир ба тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба озмун 5 марти соли 2021, аз соати 14:00 то 16:00 дар шакли онлайн дар заминаи Microsoft Teams баргузор мегарданд (тасдиқи иштирок бояд ба суроғаи georgiy.gridilyan@osiaf.tj равон карда шавад).

Доир ба ҳамаи масоил ва маълумоти иловагӣ метавонед аз суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj бо илова намудани суроғаи georgiy.gridilyan@osiaf.tj истифода баред.  

Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, номукаммаланд ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод мешаванд, баррасӣ намешаванд.

Маводҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.

 

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС