Даъват ба лексияи кушоди онлайн "Инфрасохтори рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ дар иқтисодиёти рақамӣ".

Даъват ба лексияи кушоди онлайн "Инфрасохтори рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ дар иқтисодиёти рақамӣ".

                                                             

БАРНОМАИ «ДАСТГИРИИ ИДОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ  ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO).

Даъват ба лексияи кушоди онлайн

"Инфрасохтори рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ дар иқтисодиёти рақамӣ".

4 марти соли 2021, 16:00 – 17:00

https://webinar.cict.tj/gl/tal-7gz-anx

Дар лексия масъалаҳои вазъи кунунии инфрасохтори рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ, ки ҷузъи иқтисодиёти рақамӣ ба шумор мераванд, муҳокима мегардад.

Имкониятҳои технологияҳои рақамӣ ба баланд бардоштани ММД-и кишвар мусоидат карда, асоси рушди ҷомеа дар ҷаҳони муосир гардидааст. Давлатҳое, ки аз ин имкониятҳо пурсамар истифода кардаанд дар ҳолати пандемияи КОВИД-19 вазъи иқтисодию иҷтимоии худро тавонистанд дар сатҳи муайяне нигоҳ доранд. Дар лексияи мазкур мавқеи имрузаи Тоҷикистон оид ба таъмини инфрасохтори рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёти рақамӣ баррасӣ карда мешавад ва барои рушд ин соҳа дар Тоҷикистон тавсияҳо пешниҳод карда мешаванд.

Лектор: Муҳаммадӣ Ибодуллоев, директори Фонди Ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет.

Макони чорабинӣ: Лексия дар ҳолати онлайн баргузор мегардад ва хоҳишмандон метавонанд ба тариқи сомонаи зерин пайваст шаванд:

https://webinar.cict.tj/gl/tal-7gz-anx

Забони чорабинӣ:  русӣ-тоҷикӣ.

Силсилаи лексияҳои кушод дар чорчубаи лоиҳаи “Дастгирии идораи молияи давлатӣ” гузаронида мешавад ва аз ҷониби Вазорати Корҳои Хориҷӣ  ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) маблағгузорӣ мешавад.

Мавқеи Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Вазорати Корҳои Хориҷӣ  ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир мумкин аст бо нуқтаи назари муаллиф - баромадкунанда мувофик набошанд.

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС