Даъват ба лексияи кушоди онлайн. Рушди бозори қарзии ипотекии манзилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Даъват ба лексияи кушоди онлайн. Рушди бозори қарзии ипотекии манзилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

                                                             

БАРНОМАИ «ДАСТГИРИИ ИДОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ  ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO).

Даъват ба лексияи кушоди онлайн

Рушди бозори қарзии ипотекии манзилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

12 марти соли 2021, 16:00 – 17:00

https://webinar.cict.tj/gl/tal-7gz-anx

Лексия дар масъалаҳои заминаи ҳуқуқии танзими қарздиҳии ипотекии манзил, таҳлили муфассали вазъи рушди манзил, тамоюли рушди бозори ипотекии манзил ва муваффақиятҳо дар соҳаи манзил, муайян кардани мушкилоти мавҷуда ва дар асоси он, таҳияи тавсияҳои амалӣ дар соҳаи рушди бозори қарзии ипотекии манзилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима мегардад.

Дар ҷумҳурӣ 8 ташкилотҳои бонкию қарзӣ бо пешниҳоди 14 намуд барномаҳои ипотекӣ аз 14% то 36% ва пардохти аввалия на камтар аз 30% аз арзиши манзилро пешниҳод менамояд. Сарфи назар аз коҳиш ёфтани нархи манзил аз 1000 доллар аз соли 2011 то 400-500 доллар дар Душанбе ва инчунин коҳиш ёфтани сатҳи дастрасии манзил, ки 9,9 солро ташкил медиҳад, бо вуҷуди ин, қарзҳои ипотекӣ то ҳол барои аксар сокинон дастнорасанд.

Лектор: Каримова Зарина, омӯзгори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ.

Макони чорабинӣ: Лексия дар ҳолати онлайн баргузор мегардад ва хоҳишмандон метавонанд ба тариқи сомонаи зерин пайваст шаванд:

https://webinar.cict.tj/gl/tal-7gz-anx

Забони чорабинӣ: русӣ -тоҷикӣ

Силсилаи лексияҳои кушод дар чорчубаи лоиҳаи “Дастгирии идораи молияи давлатӣ” гузаронида мешавад ва аз ҷониби Вазорати Корҳои Хориҷӣ  ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) маблағгузорӣ мешавад.

Мавқеи Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Вазорати Корҳои Хориҷӣ  ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир мумкин аст бо нуқтаи назари муаллиф - баромадкунанда мувофик набошанд.

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС