Рузи матбуоти тоҷик муборак!

Рузи матбуоти тоҷик муборак!

                     

Муҳтарам рӯзноманигорон ва кормандони васоити ахбори омма!

Институти "Ҷамъияти Кушода" Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ҳамаи шуморо бо иди касбиатон - Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик менамояд.

Нақши ВАО дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ бениҳоят азим аст, ва пайваста ба ин мо ҳифзи ҳуқуқҳои журналистон, дастгирии рушди медиа ва ВАО-ро муҳим медонем. 25 сол мешвад, ки мо дар ин самт фаъолият дорем.

Ин ҷашни ҳамаи мутахассисоне мебошад, ки бо заҳмати худ фазои ягонаи иттилоотиро фароҳам меоранд. Журналистони Тоҷикистонро садоқат ба кори дӯстдошта, мавқеи дақиқи маданӣ, бетараф набудан нисбати ҳаводиси рухдода, масъулиятнокӣ ва касбият муттаҳид месозад. Сол ба сол шумо дар ҷодаи хизмат ба ҷомеа бо истифода аз яке аз силоҳҳои пурқудраттарин - калом содиқ мемонед.

Вазифаи шумо муҳим ва шарафманд аст - ба ҷомеа расондани иттилооти муҳим, шавқовар, шинос намудани мардум бо далелу навидҳо.

Тасодуф нест, ки журналистика ва журналистонро "ҳокимияти чорум" меноманд. Фаъолияти шумо абзори пурқудрати идеологӣ мебошад, ки тафаккури ҷомеаро шакл мебахшад.

Бигзор сифати воло, маҳорат ва воқеъбинӣ меъёри асосии муваффақияти ҳамарӯзаи кори шумо бошад. 

Ба шумоён муваффақият, руҳбаландӣ, мавзӯҳои шавқовар, зиёд шудани хонанадагону тамошобинон, тани сиҳат, сулҳу хонаободӣ таманно дорем!

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС