Конфронс дар мавзӯи “Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва таҳлили мустақил дар идораи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Конфронс дар мавзӯи “Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва таҳлили мустақил дар идораи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

БАРНОМАИ «ДАСТГИРИИ ИДОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

17-18 марти соли 2021 аз 13.00 то 17.00 (UTC+5) дар доираи барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки маблағгузораш Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) мебошад ва аз ҷониби Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, конфронс дар мавзӯи “Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва таҳлили мустақил дар идораи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад.

 Мақсади баргузории конфронс - муҳокимаи масъалаҳои шаффофият дар соҳаи истифодаи молияи давлатӣ ва нақши таҳлилгарон дар соҳаи мазкур мебошад.

Дар ҷараёни конфронс натиҷаҳои таҳқиқотҳои “Арзёбии дастрасии раванди буҷетӣ дар сатҳи маҳалл”, “Таъмини шаффофияти соҳаи истихроҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Натиҷаҳои муҳокимаҳои ҷамъиятии буҷети давлатӣ дар вилояти Суғд ва ВМКБ” ва “Инъикоси масъалаҳои ИМД дар ВАО “  баррасӣ мешаванд.

Инчунин таҳлилҳои коршиносони навкор, ки дар чорчӯбаи барномаи мазкур таҳқиқ шудаанд, аз қабили: “Арзёбии сарбории андоз ба субъектҳои соҳибкорӣ”; “Баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии буҷавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;  "Баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ дар бахши гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли ШСХК "Барқи Тоҷик")"; “Татбиқи амалии имтиёзҳои андозӣ дар бахши сайёҳӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодӣ”; “Рушди бозори қарздиҳии ипотекии манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”; “Маблағгузории системаи таҳсилоти олӣ: назария, методология, амалия” ва ғайра баррасӣ мегарданд.

Институти “Ҷамъияти Кушода” - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бахши шабакаи байналмилалии Бунёдҳо ва ҳамзамон аз ҷумлаи яке аз Бунёдҳои миллии сершуморест, ки ба шабакаи Институтҳои “Ҷамъияти Кушода” шомил мешаванд. Рисолати стратегии Бунёд мусоидат ба рушди равандҳои демократӣ ва инкишофи ҷомеаи демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Барои иштирок дар конфронс дар сомонаи http://bit.ly/3rx5FPH сабти ном кунед.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо Манучеҳр Камолиддинов, ҳамоҳангсози бахши таҳлилии барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ба тариқи телефони  (992 37) 227 55 58, ё худ ба тариқи почтаи электронии  manuchehr.kamoliddinov@osiaf.tj  дар тамос шавед.

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС