Эълони озмун барои дастгирии бурсии ташаббусҳое, ки дар рушди шаклҳои нави медиаи рақамӣ мусоидат мекунанд

Эълони озмун барои дастгирии бурсии ташаббусҳое, ки дар рушди шаклҳои нави медиаи рақамӣ мусоидат мекунанд

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”  -

Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

 барои дастгирии бурсии ташаббусҳое, ки дар рушди шаклҳои нави медиаи рақамӣ мусоидат мекунанд озмун эълон менамояд

 ҳадафи озмун аз мусоидат дар рушди устувори медиаҳои нав, ки нияти гузариш ба шаклҳои рақамии равобит бо аудитория, дастгирии инкишофи касбии журналистон, ташаккули нашрияҳои онлайн ва беҳдошти кори онҳоро доранд, иборат мебошад.

Барои иштирок дар озмун даъват мешаванд:

фаъолони инфиродии медиа, блогерҳо, гурӯҳҳои ташаббускори журналистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма, аз ҷумла ВАОи тиҷоратие, ки ҳавасманди такмили кори худ дар платформаҳои рақамӣ ҳастанд.

Самтҳои

  • дастгирии стратегияи гузариши ВАО ба шаклҳои рақамии равобит бо аудитория, коркард ва татбиқи модели рушди устувори нашрияҳои рақамӣ (бизнес-план) ва усулҳои соҳибкории нашрияҳои корбариашон онлайн. Буҷети дархост бояд то 100 000 сомонӣ бошад.
  • амаликунонии вазифаи стратегияи ВАО ва фаъолони маданӣ дар пешгирии паҳншавии ахбороти бардурӯғ, муқовимат ба коррупсия ва паст кардани сатҳи нобаробарии иҷтимоӣ, тавассути гузарондани тадқиқотҳои журналистӣ ва омодакунии маводҳои таҳлилӣ дар асоси далелҳо. Буҷети дархост бояд то 100 000 сомонӣ бошад.
  • гузаронидани чорабиниҳои таълимие, ки ба рушди касбии журналистон ва фаъолони маданӣ дар истифодаи медиаҳои рақамӣ нигаронида шудаанд. Буҷети дархост бояд то 50 000 сомонӣ бошад.
  • муносибгардонии маводҳои таълимӣ, замимаҳои веб – ва мобилӣ доир ба воситаҳои чандрасонаӣ ва рақамӣ, саводнокии рақамӣ ва верефикатсияи иттилоот. Буҷети дархост бояд то 50 000 сомонӣ бошад.

Барои иштирок дар озмун дархостҳо бояд тариқи онлайн дар суроғаи https://grants.osiaf.tj омода карда шаванд.  

Лоиҳаҳои дар доираи озмун қабулшуда аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ карда мешаванд:

  • ҳадафгузории дақиқ дар асоси самтҳои авлавиятноки озмун, муҳимият ва воқеъияти амалигардии мақсадҳои гузошташуда;
  • дарёфти роҳҳои ҳалли инноватсионӣ (барномаҳои веб ё мобилӣ), ҷой доштани таъсири иҷтимоӣ;
  • барои нашрияҳои корбариашон онлайн, доштани нақшаи рушди устувор бо дарназардошти татбиқи механизмҳои соҳибкории рақамӣ;
  • доштани таҷриба ва нерӯи татбиқи лоиҳаҳои амсол, пешниҳоди натиҷаҳои корҳои қаблӣ, ва намунаи корҳои муваффақ (агар бошанд);
  • мутобиқати буҷет бо чорабиниҳои банақшагирифташуда, сифат ва пуррагии дархост аз рӯи талаботи озмун.

Мӯҳлати охирини қабули дархост 29 апрели с. 2021

Оид ба ҳамаи масоили вобаста ба озмун метавонед ба суроғаи ш.Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази кории “Бохтар”, ошёнаи 4, тел: 372275558, 372270716, 372270749 ба шахси масъул Ҳамоҳангсози барномаи “Дастрасӣ ба иттилоот ва медиа” Мавзуна Абдураҳмонова, e-mail: mavzuna.abdurakhmanova@osiaf.tj муроҷиат намоед.

Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ Тоҷикистон омода шудаанд, нопурраанд ва ё баъди мӯҳлати нишондодашуда ворид мегарданд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС