Озмуни кушодаи бурсӣ барои дарёфти ташаббусҳои таҳлилу тадқиқи қонунгузорӣ, имкониятҳо ва монеаҳое, ки ташқилотҳои ҷамъиятӣ дар рафти иҷрои фармоиши иҷтимоӣ дучор мешаванд.

Озмуни кушодаи бурсӣ барои дарёфти ташаббусҳои таҳлилу тадқиқи қонунгузорӣ, имкониятҳо ва монеаҳое, ки ташқилотҳои ҷамъиятӣ дар рафти иҷрои фармоиши иҷтимоӣ дучор мешаванд.

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода"

Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

барои дарёфти ташаббусҳои таҳлилу тадқиқи қонунгузорӣ, имкониятҳо ва монеаҳое, ки ташқилотҳои ҷамъиятӣ дар рафти иҷрои фармоиши иҷтимоӣ дучор мешаванд, озмуни кушодаи бурсӣ эълон менамояд.

Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои ҳавасманд, шахсони алоҳида, инчунин гурӯҳҳои манфиатдори ташкилотҳо (эътилофҳо), ки таҷрибаи кори таҳлилӣ, пурсишҳои иҷтимоӣ ва таҳлили қонунгузорӣ доранд, даъват карда мешаванд.

Барои маълумот: фармоиши иҷтимоии давлатӣ – шакли ҳуқуқию иқтисодии иҷрои барнома ва лоиҳаи иҷтимоӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ равона гардида, аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ, инчунин маблағи ҷалбшаванда бо роҳи бастани шартномаи байни фармоишгари иҷтимоии давлатӣ ва иҷрокунандаи он таъмин карда мешавад

Ҳаҷми буҷети лоиҳа  набояд аз 65 000 сомонӣ бештар бошад.

Ҳадафи озмун: Гузаронидани таҳқиқоти мизи корӣ, таҳлили қонунгузорӣ, имкониятҳо ва монеаҳо барои ташқилотҳои ҷамъиятӣ барои иҷрои фармоиши иҷтимоӣ.

Меъёрҳои арзёбии дархостҳо:

  • доштани таҷрибаи гузарондани таҳлилҳо ва корҳои тадқиқотӣ.
  • ҷой доштани унскрҳои тиҷоратикунонии фаъолияти ташқилотҳои ҷамъиятӣ;
  • доштани босуботӣ, навгонӣ ва фарогирии масоили дар пеш истода;
  • ҳадафи дақиқ ва методология фаъолият;
  • доштани нақшаҳои дақиқи расидан ба ҳадафҳо ва таъсир ба гурӯҳҳои зерҳадаф;
  • рӯнамоии масоили лоиҳа дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ;
  • сифати тартиб дода шудани дархост;
  • мувофиқати буҷет ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва дар ҳаҷми зарурӣ.

Барои иштирок дар озмун пешниҳод намудани дархости пуркарда ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба платформаи www.osiaf.tj (бахши Грантҳо> Пешниҳоди дархостҳои грантӣ) то “29” апрели соли 2021 зарур аст.

Машваратҳо доир ба тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба озмун 16 апрели соли 2021, аз соати 14:00 то 16:00 дар шакли онлайн баргузор мегарданд (тасдиқи иштирок бояд ба суроғаи georgiy.gridilyan@osiaf.tj равон карда шавад).

Доир ба ҳамаи масоил ва маълумоти иловагӣ метавонед аз суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj бо илова намудани суроғаи georgiy.gridilyan@osiaf.tj истифода баред.  

Ҳуҷҷатҳое, ки ба шартҳои озмун ихтилоф доранд, мукаммал нестанд ё дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод нашудаанд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.

 

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС