Даъват ба машғулияти омӯзишии таҳти унвони “Иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон”

Даъват ба машғулияти омӯзишии таҳти унвони “Иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон”

БАЁНИЯИ ИТТИЛООТӢ                                                                           23 - 24 апрели соли 2021                                                                                                                                      Кохи Суруш     

Татбиқи фанновариҳои рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои “пешқадам” метавонад рушди устувори иқтисодӣ ва рақобатпазирии байналмилалии кишварро таъмин намояд. Рақамикунонии иқтисодиёт модели нави рушди иқтисодиро ба вуҷуд оварда, сармоягузории байналмилалиро ҷалб мекунад. Солҳои ахир дар Тоҷикистон бо мақсади таъмини танзими ҳуқуқии фаъолият дар муҳити рақамӣ якчанд санадҳо қабул карда шудаанд, ки метавонанд ба рушди иқтисоди рақамӣ таъсиргузор бошанд. Бар илова, дар кишвар иқдомҳое анҷом мешаванд, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунанд.

Дар ин марҳила зарурати баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум ҷиҳати таъмини фаҳмиши муштараки вазъ ва таъмини рушди устувор ба миён омадааст. Бо назардошти ин нуқта, ки ин корро ҷомеаи расонаӣ ва шаҳрвандӣ аз ҳама беҳтару хубтар метавонанд анҷом бидиҳанд, Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” баргузории як машғулияти омӯзишии дурӯзаро дар нақша гирифтааст. Он 23 ва 24 апрели соли 2021 таҳти унвони “Иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе гузаронда мешавад.

Дар ин семинар ҷанбаъҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии иқтисоди рақамӣ, масоили марбут ба тағйирёбии рақамии иқтисодиёт, рушди малакаҳои рақамӣ ва манфиатҳои эҳтимсолӣ аз рушди иқтисоди рақамӣ баҳсу баррасӣ мешаванд. Инчунин, Лоиҳаҳои татбиқшаванда, иқдомҳои нав ва натоиҷи таҳлилҳои анҷомшудаи вазъи кунунӣ ва барои рушди иқтисоди рақамӣ муаррифӣ хоҳанд шуд.

Машғулияти омӯзишӣ аз ҷониби Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” бо кумаки молии Институти “Ҷамъияти кушода” Бунёди мадад дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС