Дастаи далелсанҷҳо доир ба лоиҳаи “Тафтиши иттилоот дар замони пандемия ва баъди он” кор мекунанд.

Дастаи далелсанҷҳо доир ба лоиҳаи “Тафтиши иттилоот дар замони пандемия ва баъди он” кор мекунанд.

Далелсанҷҳои Тоҷикистон мунтазам ахборотро назорат мекунанд, оморро пайгирӣ намуда шабакаҳои иҷтимоиро аз назар мегузаронанд

Аз моҳи июни соли 2020 дар Тоҷикистон дастаи далелсанҷҳо доир ба лоиҳаи “Тафтиши иттилоот дар замони пандемия ва баъди он” кор мекунанд. Ташаббус аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Равзана” иҷро мешавад, ва ба таҳкими нерӯи журналистон, рушди шабакаи фаъолони иҷтимоӣ барои муқовимат ба ахбори бардурӯғ дар марҳилаи пандемияи COVID-19 ва баъди он, нигаронида шудааст. Онҳо дар кишвар рушди далелсанҷӣ, яке аз самтҳои журалистикаи тадқиқотиро идома медиҳанд зеро бовар доранд, ки санҷидани далелҳо ба муайанкунии номувофиқат миёни далелҳои мавҷуда ва воқеъияти атроф нигаронда шудааст.

Моҳи июни соли 2020 дар сомона саҳифаи алоҳида барои навигариҳои вобаста ба коронавируси  COVID – 19 пайдо шуд. Дар он иттилооти дақиқ нашр мешавад, тафтишҳо гузаронда мешаванд, фейкҳо дар мавзӯи htpp: //factcheck.tj/koronavirus/ифшо мешаванд. Далелсанҷҳо мунтазам ҷараёни ахборро тафтиш мекунанд, оморро пайгирӣ намуда шабакаҳои иҷтимоиро аз назар мегузаронанд. Ба дасти худ гирифтани ташаббус аз онҳое, ки ахбори бардурӯғ паҳн мекунанд, ва бо ин метавонанд дар ҷомеа воҳима ба миён оранд ва ё ба саломатии инсон зиён расонанд, муҳим аст. Барои нашри иттилооти дақиқу санҷида бояд аз ҳамаи воситаҳои дастрас истифода кард.

Аз моҳи июни соли 2020 то апрели 2021 дар сомонаи factcheck.tj наздики 90 маводи таҳлилӣ бо истифодаи васоити далелсанҷӣ ҷойгир шудааст. Забони асосии нашрҳои фактчек – тоҷикӣ мебошад, наздики 25% мавзӯ ба забони русӣ бароварда мешавад. Ҳануз моҳи ноябри соли 2019 дар сомона саҳифаи нави «Фактчекnews» арзи вуҷуд карда буд. Дар ин бахши хабарӣ наздики 30% нашрҳо аз манбаҳои дигар мебошанд.

Дастаи нашрияи онлайн мавриди дастгирии бевоситаи сармуҳаррири сомона Ҷамшед Марупов, нақшаҳо ва схемаҳои маводҳои журналистиро таҳия кардаанд, аз манбаҳои иттилоот дар махзанҳои кушода дар интернет истифода мебаранд, аз васоити душвори муосир, амсоли сервис барои нигоҳдории маводҳо, сервис барои санҷиши аксу видео истифода мебаранд.

Якчанд маводҳои санҷиши далелҳо:

- COVID-19, муҳоҷират ва бекорӣ: чӣ тавр бозгашти зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ ба вазъи бекорӣ дар кишвар таъсир мерасонад?

- Вазъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар марҳилаи паҳншавии COVID-19;

- ТҶБ аз кишварҳо даъват ба амал меорад, ки дигар чораҳои карантинӣ вобаста ба коронавирус ҷорӣ накунанд;

- Точӣ андоза низоми таҳсилот ба таълими фосилавӣ дар замони COVID-19 омода аст?

- Наврӯз Ҷафаров овозаҳо дар бораи дарунравии кӯдакон аз коронавирусро рад кард;

- Дексаметазон – дору барои коронавирус аст. ТҶБ инро тасдиқ кардааст!

- 511 – телефони боварӣ доир ба коронавирус.

 

Топ-5 маъруфтарин маводи санҷиши далелҳо:

  1. Фейк-паёмаки навбатӣ дар бораи «25 нафар дӯстон»-и Facebook Фейк-паёмаки навбатӣ дар бораи «25 нафар дӯстон»-и Facebook - Factcheck.TJ

Дар мавод гуфта мешавад, ки чӣ гуна ва чаро паёмҳои қалбакӣ-даъватномаҳо барои дӯстӣ дар шабакаи иҷтимоӣ пайдо шуданд. Қариб ҳамаи рӯзноманигорон паём гирифтанд, ва аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки маълумотро тафтиш кунанд.

  1. Фейк | Роҳбари СҶТ Тедрос Гебрейесус дар як клуби шабона рақс мекунад (навор) Фейк | Роҳбари СҶТ Тедрос Гебрейесус дар як клуби шабона рақс мекунад (навор) - Factcheck.TJ

Замони пандемия рақси роҳбари ТҶБ камаш мисли “базм дар иҳотаи бало” вонамуд мешавад. Далелсанҷҳо муайан карданд, ки ин видеои қалбакӣ, ё фейк аст, ва иттилоотро паҳн карданд.

  1. Фейк | Профессори ҷопонӣ пайдоиши сунъии коронавирусро эълон кард Фейк | Профессори ҷопонӣ пайдоиши сунъии коронавирусро эълон кард - Factcheck.TJ

Физиологи Ҷопонӣ Тасуку Хондзе гӯё иброз доштааст, ки коронавирус дар Хитой ба таври сунъӣ пайдо шудааст. Иттилооти бардурӯғро далелсанҷҳо барбод доданд. Замони пандемия ҳама гуна ахбор дар бораи пайдошавии сироят диққати зиёдеро ба худ ҷалб мекард.

  1. Дасткорӣ бо унсурҳои кликбейт | Вазири тандурустӣ пас аз воксинзанӣ дар беморхона бистарӣ шуд Дасткорӣ бо унсурҳои кликбейт | Вазири тандурустӣ пас аз воксинзанӣ дар беморхона бистарӣ шуд - Factcheck.TJ

Дар мавод сухан дар бораи ваксингирии вазири тандурустии Австралия меравад, ки аз ваксинаи AstraZeneca истифода кардааст. Иттилоот дар рӯзномаи “Фараж” нашр шуда хонанда зиёдро ҷалб карда буд. Далелсанҷҳо тасмим гирифтанд, ки маводро санҷанд, ва ба хулосае омаданд, ки ин мавод дасткорӣ бо унсурҳои кликбейт дорад.

  1. Дурӯғ | «Обанбори Қайроққум» вайрон шудааст Дурӯғ | «Обанбори Қайроққум» вайрон шудааст - Factcheck.TJ

Масоили вобаста ба амният ҳамеша аҳолиро нигарон мекунад. Аз ин рӯ, вақте ки маълумот дар бораи ба зарари техникӣ дучор шудани обанбори Қайроқум пайдо шуд, далелсанҷҳо фавран ба иттилооте, ки аз Ӯзбекистон расидааст, вокуниш нишон доданд. Ба мавод ҳукми “Дурӯғ” бароварда шуд.

Фарзона Умаралӣ, журналист-далелсанҷ, дар соли 2020 ҳамчун «Беҳтарин журналисте, ки ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатиро ҳимоят мекунад» эътироф шудааст. Фактчекnews | Хабарнигори Factcheck.tj «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи муҳоҷирон» дониста шуд - Factcheck.TJ Озмун аз ҷониби «Маркази ҳуқуҳои инсон» ташкил карда шуд. Ба озмун Фарзона маводи Таҳлил | COVID-19, муҳоҷират ва бекорӣ: чӣ гуна бозгашти зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ ба вазъи бекорӣ дар кишвар таъсир мерасонад? пешниҳод карда буд- Factcheck.TJ

Дар рафти лоиҳа силсилаи вебинарҳо доир ба далелсанҷӣ, саводнокии иттилоотӣ ва расонаӣ ва асосҳои журналистикаи тадқиқотӣ ташкил карда шудааст. Ба сифати ментор далелсанҷи ҳирфаӣ аз Қазоқистон Павел Банников даъват шуда буд. Кори амалии нашрияи маҷозӣ доир ба санҷиши далелҳо натиҷаҳояшро дода буд: дар фарҷом 3-4 мавод дар як ҳафта рӯи кор омаданд. Нашрияи маҷозӣ – ин дастаи иборат аз 8 журналист ва фаъолоне, ки омодаи кор бо маводҳои далелсанҷӣ бе дуршавӣ аз кори асосии худ мебошанд.

Дар натиҷа, дар сомона алоқаи трафайн ба миён омад. Шаҳрвандони кишвар дар бораи хабарҳои бардурӯғ ва маълумоти носанҷида (зиёда аз 20 муроҷиат) гузориш медиҳанд, далелсанҷҳо кӯшиш мекунанд, ки маълумотро зуд тафтиш кунанд.

Маводҳо натанҳо дар сомонаи factcheck.tj нашр шудаанд, балки дар гурӯҳҳои ҷамъиятӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, Telegram, Instagram), дар платформаҳои байналмилалии далелсанҷӣ, ба мисоли factcheck.kz ва factcheck.kg ва дар ВАО низ ҷойгиранд, Asia+ дар сомонааш 9 маводи далелсанҷӣ нашр кардааст.

1. Бе ҳукмнома | Тоҷикдухтари «шабиаввал»-фурӯш, кист? ин достон рост аст ё дурӯғ? (акс)

Read more: https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20210111/be-ukmnoma-toikduhtare-ki-shabi-avval-i-hudro-ba-fursh-guzoshtaast-kist-aks

 

2. Фейк|Духтури тоҷикро беасос гунаҳкор донистанд

Read more: https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/economic/20200916/feikduhturi-toikro-beasos-gunakor-donistand

3. Дасткорӣ | СҶТ даъват кард, ки дигар бо сабаби коронавирус карантин ҷорӣ карда нашавад

Read more: https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20200821/dastkor-st-davat-kard-ki-digar-bo-sababi-koronavirus-karantin-or-karda-nashavad

4. Фейк | Роҳбари СҶТ Тедрос Гебрейесус дар як клуби шабона рақс мекунад (навор)

Read more: https://www.asiaplustj.info/tj/news/world/20200803/feik-robari-st-tedros-gebreiesus-dar-yak-klubi-shabona-ras-mekunad-navor

5. Ҳақиқат | «Ҳайкали Озодӣ» дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон

Read more: https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20200728/aiat-aikali-ozod-dar-noiyai-darvozi-toikiston

6. Фейк-паёмаки навбатӣ дар бораи «25 нафар дӯстон»-и Facebook

Read more: https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20200724/feik-payomaki-navbat-dar-borai-25-nafar-dston-i-facebook

7. Далелсанҷӣ | «Иқдоми бурднок»-и шубҳанок аз Ҳабиб Нурмагомедов

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20210114/dalelsan-idomi-burdnok-i-shubanok-az-abib-nurmagomedov

8. Ҳақиқат | Тоҷикзан хидматгори балеринаи машҳури рус – Анастасия Волочкова

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20210109/aiat-toikzan-hidmatgori-balerinai-mashuri-rus-anastasiya-volochkova

9. Дурӯғ | Қатли оммавии 200 сагу гурба дар Тоҷикистон

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20210105/dur-atli-ommavii-200-sagu-gurba-dar-toikiston

То ин замон кори фосилавии даста ба роҳ монда шуд, ҳоло ба раванди санҷиш ҳармоҳа 2 муаллифи ҷавон ҷалб мешаванд. Стратегияи муқовимат ба ахбори бардурӯғ тавассути истифодаи методологияи далелсанҷӣ дар маводҳои журналистӣ таҳия карда шудааст. Метавон гуфт, ки кор бо гурӯҳи фаъоли журналистон ба роҳ монда мешавад, шаклҳои воқеъӣ ва фаҳмои он, ки чӣ гуна бояд далелсанҷӣ дар шароити Тоҷикистон вонамуд шавад, коркард мешаванд

Инрӯз платформаи нахустини фактчеки Тоҷикистон - factcheck.tj барои дастгоҳҳои мобилӣ муносиб гардонда шудааст. Рӯз то рӯз сомона мизоҷи бештар пайдо мекунад: 380 тамошо дар як рӯз, 2610 дар як ҳафта, 11480 дар як моҳ (барои 15 апрели соли 2021). Фарогирии ҷуғрофии лоиҳа – истиқоматкунандагони Россия, Тоҷикистон, Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Белорус. Бенефитсиарҳо –  беш аз 100 000 нафар, истифодабарандагони фаъоли Интернет – журналистони ҳирфаӣ, сиёсатмадорон, хизматчиёни давлатӣ, коршиносон, донишҷӯён ва фаъолони маданӣ.

Дастгирии лоиҳаи "Тафтиши иттилоот дар замони пандемия ва баъд аз он" дар солҳои 2020-2021. ба кам кардани оқибатҳои манфии иттилооти бардурӯғ ё гумроҳкунанда кумак кард, ба афзоиши шумораи санҷишҳои воқеӣ, пайдоиши таҳқиқоти журналистӣ, ки маълумотҳои паҳншуда дар бораи паҳншавии коронавирус ва ғайраро ифшо карданд, хизмат кард. Барои кори муназзами рӯзноманигорон ва фаъолони шаҳрвандӣ дар заминаи вебсайти factcheck.tj бо мақсади тафтиши далелҳо, посух талаб кардан ва шаффофияти усулҳои ҷамъоварии иттилоот платформаи устувор ташкил карда шудааст. Як қатор механизмҳо (маҷмӯаи электронӣ ва махзани ягонаи тамос) таъсис дода шудаанд, ки ба рӯзноманигорони мустақил ва фаъолони шаҳрвандӣ дастрасии мунтазам ба маводҳои санҷиши далелҳо, маводҳои таълимӣ, маълумот барои тамос ва дигар воситаҳои барои рушди минбаъда заруриро доранд.

Таҳким ва вокуниши барвақтӣ ба хатарҳое, ки сабабашон паҳншавии оммавии таблиғот ва ахбори бардурӯғ дар Тоҷикистон гаштааст, малака ва истеъдоди журналистони мустақил ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандро дар роҳи амалӣ гардондани мубориза бо ахбори бардурӯғ, бо истифодаи методҳои навгонӣ ва таҷрибаҳое, ки ба аъзоёни шабакаҳои иҷтимоӣ ва аҳли васеъи ҷомеа нигаронида шудаанд, муайан кард.

Тавсияҳо доир ба такмили кори дастаи factcheck.tj дар соли 2021:

1) пайдо шудани далелсанҷиҳои тематикӣ;

2) шаклҳои нав (барои мисол, муносибгардонии санҷиши далелҳо ба видео, аудио ва ё шаклҳои мухтор);

3)  пайдо шудан шумораи зиёди тадқиқотҳои журналистӣ;

4)  таҳкими кор оид ба тафтиши аризаҳо ва ваъдаҳои намояндагони мақомоти давлатӣ;

5)  ҷалби журналистони шаҳрвандӣ ба сифати “ёрдамчиёни озод” дар санҷиши далелҳо;

6) такя ба платформаҳои рақамӣ, захираҳои интернетӣ, яъне каналҳои паҳнкунии гуногунҷабҳа;

7) роҳҳои навгонии такмили медиа саводнокӣ (барои мисол, васеъкунии имкониятҳои истеъмол ва тақсимкунии иттилооти дақиқ ба ҷои ахбори бардурӯғ);

8)  ташкили озмун миёни далелсанҷҳо.

  • : Шаҳодат Соҳибназарова.

 

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС