Ба хотири имрӯзу фардо

Ба хотири имрӯзу фардо

БА ХОТИРИ ИМРЎЗУ ФАРДО

Ш. Афзалшо. Рӯзномаи "Бадахшон" 

Институти "Ҷамъияти Кушода" – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон баҳри дастгирии ташаббусҳо оид ба ҳалли масоили гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ корҳои муайянеро анҷом дода истодааст. Дар ин бора дар ҳамоиши намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаи вилоят бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва директори барномаҳои бахши таҳсилоти  Интститути "Ҷамъияти Кушода" – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Назархудо Дастамбуев табодули назар сурат гирифт.

Институти "Ҷамъияти Кушода" – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз соли 1996 фаъолият дошта, дар ҳалли масоили муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ тариқи пешниҳоди грантҳо, ки аз ҷониби сармоягузорони гуногуни давлативу ҷамъиятии дохил ва хориҷи кишвар, ки аз ҷиҳати моддӣ ва молиявӣ дастгирӣ меёбанд, ҳиссагузор аст.

Раиси вилоят ин иқдоми институтро басо арзишман дарзёбӣ намуда, баён дошт, ки ҷомеа оид ба мақсаду вазифа ва корҳои анҷомдодаи ин ташкилот кам огоҳӣ дорад ва барои ҳамкорӣ бо он камташаббусӣ ба назар мерасад. Ба ин хотир воситаҳои ахбори умумро зарур аст, ки оид ба мақсад ва корҳои анҷомдодаи ин ташкилот бештар иттилоот нашр намоянд. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз дигар роҳҳои расидан ба мақсадҳои стратегиро маҳз ҳамкории сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорони инфродӣ унвон намуданд.

 Назархудо Дастамбуев зимни мулоқот бори дигар дар бораи мақсаду вазифахои ташкилот иттилоъ дода, қайд намуд, ки айни ҳол баҳри пешбурди корҳо дар самти ҳуқуқ ва волоияти қонун, ҳалли масоили тандурустӣ ва иқтисод, маориф ва фарҳанг сару кор дошта, чандин барномаҳои бурсиро барои ҳавасмандон аз муассисаҳои давлативу ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва инфиродӣ пешкаш намудааст.

Фақат дар соли 2020 ба мақсади дастгирии ин гуна барномаҳо 2,300 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Боиси хушнудӣ аст, ки дар самти дастрасӣ ба бурсҳо (стипендияҳо) хоҳишмандон хеле фаъоланд ва ҳамасола аз 40 то 60 фоизи онҳо насиби намояндагони ВМКБ мегарданд. Аммо дар пешниҳоди барномаҳои грантӣ аз ҷониби намояндагони дигар соҳаҳо камташаббусӣ зоҳир мегардад. “Мо омодем, ки барои ноил шудан ба грантҳои ташкилотамон ташаббуси шуморо дастгирӣ намоем” гуф Назархудо Дастамбуев..

Дар рафти мулоқот оид ба дигар паҳлуҳои ҳамкории судманди ҷонибҳо, баҳри ҳалли мушкилоти имрўзу фардо суҳбати ошкорову боварибахш доир гардид.

 

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС