Дар байни ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, гурӯҳҳои ташаббускор ва шахсони инфиродӣ ва фаъолони ҷомеъа озмун эълон карда мешавад

Дар байни ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, гурӯҳҳои ташаббускор ва шахсони инфиродӣ ва фаъолони ҷомеъа озмун эълон карда мешавад

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»

Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

дар байни ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, гурӯҳҳои ташаббускор ва шахсони инфиродӣ ва фаъолони ҷомеъа озмун эълон менамояд. Ҳадафи озмун - дастгирии лоиҳаҳое, ки ба рушди озодии баён мусоидат карда институтализатсияи лоиҳаи пешниҳодшударо дар мадди аввал мегузоранд. Бартарият ба лоиҳаҳое дода мешавад, ки ҷанбаи институтсионалии рушди санъат ва фарҳангро ба инобат мегиранд.

Барои иштирок дар озмун тартиб додани дархости ташкилот дар платформаи онлайн: www.osiaf.tj (бахши Бурсҳо > Пешниҳоди дархости грантӣ) лозим аст;

Меъёрҳои арзёбии дархост:

  • идеяи эҷодӣ аз нигоҳи зарурати иҷтимоии мавзӯи интихобшуда дорои усули  мушахасси институтсионалии лоиҳа;
  • муаррифии муътамад, пайдарпайии татбиқи лоиҳа дар дархост;
  • асоси воқеъи доштани хароҷоти банақшагирифташудаи он;
  • мавҷудияти нишондиҳандаҳои SMART барои пайгирии натиҷаҳо/эффекти дарозмуддати иҷтимоӣ;
  • мувофиқати таҷриба ва салоҳияти гурӯҳи лоиҳа бо фаъолиятҳои ба нақша гирифташуда;
  • мувофиқат ба арзишҳои «ҷамъияти кушода».

Буҷети дархостшавандаи фаъолияти лоиҳавӣ набояд аз 50 000 сомон бештар бошад.

Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо  – 13 июни соли 2021Машваратҳо оиди тартиб додани дархост дар таърихи 07 июни соли 2021 соати 14.00-16.00 тариқи онлайн баргузор мегардад. (барои иштирок дар машварат пешаки ба почтаи электронии munosib.madimarov@osiaf.tj дархост равон кунед). Шахси масъул: Муносиб Мадимаров

Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, нопурраанд ва ё баъди муҳлати муқарраршуда ворид мегарданд, баррасӣ намешаванд.

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС