Озмуни кушод барои гирифтани бурс дар пешбурди ташаббусҳо дар рушди таҳлилӣ/тадқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

Озмуни кушод барои гирифтани бурс дар пешбурди ташаббусҳо дар рушди таҳлилӣ/тадқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

озмуни кушод барои гирифтани бурс дар пешбурди ташаббусҳо дар рушди таҳлилӣ/тадқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, коркарди усулҳо ва барномаҳои нав, ки имкон барои рушди маҳорати таҳлилӣ-таҳқиқотии хатмкунандагонро фароҳам меорад, эълон менамояд.

Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои ҳавасманд, аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва таҳқиқотӣ, асотсиатсияҳо даъват карда мешаванд.

Самтҳои афзалиятдор озмун инҳоанд:

  • Таҳкими малакаҳои таҳлилӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон, омода намудани усулҳо ва методҳои нави тайёр кардани мутахассисони дорои малакаҳои таҳлилӣ, рушд додани корҳои таҳқиқотӣ-таҳлилӣ бо ҷалби потенсиали донишгоҳ ва донишҷӯён.
  • Ҳамкории донишгоҳҳои олӣ бо ташкилотҳои илмӣ-академӣ ва таҳлилӣ дар татбиқи ташаббусҳо.
  • Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳо ва онлайн платформаҳо барои дастрасии иттилоот ва маводҳои лоиҳа.

Дар доираи ин афзалият буҷаи дархостшуда на беш аз 140 000 сомониро ташкил диҳад.

Барои иштирок дар озмун бояд дархости пуркарда ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ то 31 майи соли 2021 дар платформаи онлайни www.osiaf.tj (бахши Грантҳо> Пешниҳоди дархостҳои грантӣ) пешниҳод карда шавад.

Лоиҳаҳои дар доираи озмун қабулгардида аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:

• ҳадафҳои возеҳ дар асоси афзалияти озмун, актуалӣ ва воқеияти амалигардии мақсадҳои гузошташуда;

• навгонии ғоя ва роҳҳои ҳалли он;

• доштани таҷриба ва нерӯ дар татбиқи лоиҳаҳои амсол, пешниҳод намудани натиҷаҳои лоиҳаҳои пешина, дар ҳолати будани он;
• мутобиқати буҷет ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва талаботи озмун;
• ҳамшарикӣ дар амалигардии лоиҳа пазируфта мешавад;
• сифат ва пурраггии лоиҳа.

Оид ба ҳамаи масоили вобаста ба озмун ба суроғаи ш.Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии “Бохтар”, ошёнаи 4, тел: 275558, 372270716, 372270749 муроҷиат намоед.

Шахси масъул: Камолиддинов Манучехр - ҳамоҳангсози барномаи Таҳсилоти олӣ ва стипендияҳо, е-mail: manuchehr.kamoliddinov@osiaf.tj

Ҳуҷҷатҳое, ки ба шартҳои озмун ихтилоф доранд, мукаммал нестанд ё дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод нашудаанд, баррасӣ намешаванд. Маводи пешниҳодшуда баргардонида намешавад.

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС