Озмуни кушод барои гирифтани бурс дар пешбурди ташаббусҳо ба таҳия ва ҷорӣ намудани курси тафаккури интиқодӣ

Озмуни кушод барои гирифтани бурс дар пешбурди ташаббусҳо ба таҳия ва ҷорӣ намудани курси тафаккури интиқодӣ

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

озмуни кушод барои гирифтани бурс дар пешбурди ташаббусҳо ба таҳия ва ҷорӣ намудани курси тафаккури интиқодӣ дар раванди таълимии муассисаҳои омӯзгории таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон равона шудааст, эълон менамояд.

Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои ҳавасманд, аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва асотсиатсияҳо даъват карда мешаванд.

Самтҳои афзалиятдор озмун инҳоанд:

  • Таҳияи нақшаҳои таълимӣ, курсҳои таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон, таҳияи силлабусҳо, омӯзондани ҳайати омӯзгорон доир ба таълими курсҳои тафаккури интиқодӣ, гузарондани озмоиши курсҳои таҳияшуда, маводҳои таълимӣ дар ҷараёни таълим.  
  • Ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои илмӣ, ки дорои таҷриба дар соҳаи тафаккури интиқодӣ доранд.
  • Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳо ва онлайн платформаҳо барои дастрасии иттилоот ва маводҳои лоиҳа.

Дар доираи ин афзалият буҷаи дархостшуда на беш аз 110 000 сомониро ташкил диҳад.

Барои иштирок дар озмун бояд дархости пуркарда ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ то 31 майи соли 2020 дар платформаи онлайни www.osiaf.tj (бахши Грантҳо> Пешниҳоди дархостҳои грантӣ) пешниҳод карда шавад.

Лоиҳаҳои дар доираи озмун қабулгардида аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:

• ҳадафҳои возеҳ дар асоси афзалияти озмун, актуалӣ ва воқеияти амалигардии мақсадҳои гузошташуда;

• навгонии ғоя ва роҳҳои ҳалли он;

• доштани таҷриба ва нерӯ дар татбиқи лоиҳаҳои амсол, пешниҳод намудани натиҷаҳои лоиҳаҳои пешина, дар ҳолати будани он;
• мутобиқати буҷет ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва талаботи озмун;
• ҳамшарикӣ дар амалигардии лоиҳа пазируфта мешавад;
• сифат ва пурраггии лоиҳа.

Оид ба ҳамаи масоили вобаста ба озмун ба суроғаи ш.Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии “Бохтар”, ошёнаи 4, тел: 275558, 372270716, 372270749 муроҷиат намоед.

Шахси масъул: Камолиддинов Манучехр - ҳамоҳангсози барномаи Таҳсилоти олӣ ва стипендияҳо, е-mail: manuchehr.kamoliddinov@osiaf.tj

Ҳуҷҷатҳое, ки ба шартҳои озмун ихтилоф доранд, мукаммал нестанд ё дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод нашудаанд, баррасӣ намешаванд. Маводи пешниҳодшуда баргардонида намешавад.

Тамос бо мо

Чи метавонем бароятон кунем?

ТАМОС